logo

иҷтимоиёт

АЗ «РАВЗАНАИ ОШНОӢ» ТО «ЧАНОРИ ТАНҲО»

Дунёву ҳар чи дар он офарида шудааст, зебову дилрабост ва барои фиреби назар нест, барои ибрат мебошад. Агарчи ҳафт ранг муқаррар шуда, аммо бо рангомезӣ ба  садҳову садҳо мубаддал мегарданд. Ҳама неканду ҷаззоб, агарчи  мепиндорем, он яке беҳтар аз яке дигар мебошад. Мо дар ин маврид аз замонҳову маконҳо намеандешем, аз ин рӯ, дарки тафовутҳоро карда наметавонем.
Рангҳо ҳам асрор доранд. Дар кашфи онҳо ҳанӯз инсон фирӯз нашудааст ва ба умқи он низ нарасидааст, балки бисёре аз рангомезиҳоро надидааст.
Рассомон, тасвиргарон ё худ наққошон ҳастии худро  сарфи омӯзишу баёни ин асрор менамоянд, то андак ҳам бошад, ҳақиқатро пешорӯи мо бигузоранд. Бешак, онҳо танҳо барои дидан нест, барои андешидан ва дарк кардан аст.
Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, Рассоми халқии Тоҷикистон, профессор, намунаи корҳои 50- солаи худро дар синни 75- солагияш чанде пеш  ба намоиш  гузошт. Пас аз чанд рӯзи он ба ин муносибат конференсияи илмӣ - назариявӣ доир гардид. Андешаҳо, бардоштҳо, нигоҳҳо ба онҳо гуногун буданд. Аз ҳазор яке дидаву ҳам нодида монд, аз ҳазор яке гуфтаву ҳам ногуфта монд.Магар ҳам метавон он ҳамаро диду аз он ҳама гуфт? Не, ки не! Метавон танҳо лаззат бурд, ҳисро таҳрик дод, андешаро, агар хуфтааст, бедор кард ва завқро раҳнамуни шинохтҳо ва сабаби ҳузури илҳом намуд.
Ҳар эҷодкор, эҷодкори асил ин ҳақиқатро пай бурдаву мешиносад, аммо аз андак огоҳӣ ва шинохти равзанаи ошноӣ аз ҷониби дигарон қаноат меварзаду шод мешавад.
Ончиро, ки панҷоҳ сол ва ё камтар андешидаву эҷод гардидааст, магар метавон бо як нигоҳ фаро гирифту дарк намуд?
Ҳатто як асар, бо як ранг, ранги сиёҳи қаламӣ дар вуҷуди ошно садҳо рангро бо омезишҳо таҳрик месозаду бедор менамояд. Дар ин бедорӣ ба ҳазор рӯзи рафта бармегардӣ ва ба ҳазор рӯзи оянда меравию имрӯзи худро  дар ин чанд лаҳза аз ёд мебарӣ.
Ҷараёнҳои эҷодӣ наметавонанд ба тамоми маънӣ самти эҷодкорро, дунёи рангину пурғаму шодии ҳунармандро дурусту бехато муаррифӣ намоянд. Ҳатман маҳдудиятҳо зуд эҳсос ва дида мешаванд. 
Одитарин асар, асари ин рассоми чирадаст, ҳақиқати мавҷударо, ки талабгори баҳс низ нест, равшан месозад.
Аз «Чанори танҳо» дигарон гуфтаанду навиштаанд ва рассом низ худ дар ин бора гуфтаасту андешаҳову  бардоштҳояшро рӯи коғаз овардааст. Чи саъйҳо дар шинохти ин асар кардаанду мекунанд, аммо дар охир ҳам он ҳамчунон кашфношуда мемонад. Ин хусусияти асари санъат ва асари асилу мондагор мебошад. Мо ба чанор, ин як дарахти дарозумру бовиқору бошукӯҳу пурсоя, танҳо менигарем. Аз ҳама ҷониб, албатта, бо шинохти рангҳои зоҳирияш, дидани решаҳои зиёду паҳнгаштааш. Аммо ин чанор хостор аст, мо ба танҳоӣ ва аз сӯи танҳоӣ ба ӯ назар бикунем, бо он андуҳу дарде, ки дорад ва ёдовари бисёр лаҳзаҳову одамони рафта мебошаду мемонад. Мо бисёре аз онҳо, шояд ҳеҷ кадоми онҳоро нашиносему надонем чи бодҳое мевазиданд ва зери сояҳояш чи нафароне роз гуфтаанд, хандидаанду гиристаанд. Ба болои он, шохаҳои он чи мурғоне ошён доштанд, ки аз омадани субҳ башорат медоданду аз рафтани як рӯз, поёни он, хабар.
Куҳан шохе, ки зери сояи он пар 
баровардӣ,
Чу баргаш рехт, аз вай ошён 
бардоштан нанг аст.
Ҳамин тавр, чанор оқибат танҳо мемонад. Одамони куҳан аз ин рӯзу ояндаи ин чанор бехабаранд. Одамони нав гузаштагонро ё аз ёд бурдаанд ва ё ҳеҷ якеро на дидаву на мешиносанд. Чанор ҳамоно хомӯш асту хомӯш. Агар боде мевазад ва баргҳоро алвонҷ медиҳаду ба садо меорад, мо забони онро дар ин маврид низ намедонем. Чанор дар дигар маврид гунг нест, бесадо нест. Ин қадар ҳаст, ки мо забони онро намедонем ва гӯшамон ҳам ин садоро намешунавад. Агар хотирае аз ин чанор дорем, барои худ дорем, на барои чанор. Дар ин маврид, яъне ёдоварии лаҳзаҳои ширину талхи зиндагӣ, хосса кӯдакиву ҷавонӣ, аз чанор сипосгузорӣ намекунем, ҳол он ки ягона шоҳидест, ки боқӣ мондааст, зинда мондааст ва розу асрори моро нигоҳ доштааст, бар касе нагуфтааст, нафурӯхтааст. Аммо вақте он чанор ба зеҳну андеша ва хотираҳои рангин роҳ меёбад, он дигар чанор аст, агарчи танҳост, чанори мо аст. Дар дунёи мо, балки рассом, бо рангомезии тахайёл, андеша, ғаму ҳасрат, барору нобарорӣ ҷилваи тоза пайдо мекунад. Мо ба чанори рӯи коғаз ё матоъ аз рӯи рангҳо менигарем. Не, он чанор, бо ҳама ҳастии худ, ки дар вуҷуди рассом аст, ҳанӯз рӯбарӯи мо қарор надорад ва ҳунарманд низ аз намоиши он оҷиз мебошад. Мехоҳад, мо ба ҳамин буда ҳам иктифо бикунем ва тасаввур бинамоем, бубинем, ки як чанор, як чанори танҳо, чи розҳову асрорро бо рангомезиҳои даруниву берунӣ дар худ нуҳуфтааст.
Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф, ҳунарманди асил, фикр мекунам, ки монанди ҳамин чанор мебошад. Албатта, ҷойи афсӯс нест, ки дар ин маврид чанор танҳо аст. Бузургии ин чанор, шаҳомати он ва афсонавияти он чун дар ҳамин танҳоист. Эҷодкори асил умре чун муаммои сарбаставу  нокушуда мемонад, ки мемонад.
Асарҳои дигари ӯ низ як ҷаҳон маънии ошкору ниҳонро дар худ таҷассум намудаанд. Бе шинохти зебоӣ, ин навъи санъат, донистани асрори рангҳо ва рамзҳоро наметавон фаҳмид. Номҳое, аз қабили «Нурполо», «Рӯшноӣ», «Боғи анори бобоям», «Модар, «Дар таги чанори куҳан», «Гусел», «Дар сари чашма», «Аз дида ба дида, аз давра ба давра» ба бинанда раҳнамунӣ ба дунёи зебои ин эҷодкор мекунанд, аммо ҳақиқатро, афсонаҳои рангину ширинро, андуҳу ҳасратро, умеду ноумедиро ба он, тавре ки ҳастанд, бозгӯӣ намекунанд. Бо ёри ошно сухани ошноро мегӯянд, аммо дар ин ҷо, дар дунёи рассомон аслан сухан нест, ишора аст, рамз аст, ҷилваву омезиши рангҳо аст. Ҳатто барои дарки дурусти ҳар асар бояд ҷониби истодану дидану шинохтанро бидонӣ. Бидонӣ, ки Офтоб дар кадом самт аст ва нурҳои он аз куҷо то ба куҷо расидаву чаро рангҳояшро тағйир додааст. Як хато дар асари эҷодӣ тамоми кореро, ки агар ҳам мондагор бошад, барбод медиҳад, арзиши онро поёни поён мебарад.
Аз «Равзанаи ошноӣ» (номи намоишгоҳ) - и Сабзаалӣ Муродзодаи Шариф ин қадар метавон ошноӣ пайдо кард, ки эҷодкорест нотакрор, қолабшикан, навовар, миллӣ дар пайи ҷустуҷӯ, хастагинопазир, равшандил, ошиқи ҷонфидои зебоӣ. Бо он ки танҳо аст, бо ҳама мебошад, бо ҳама будан мехоҳад. Ва ҳам мехоҳад, Ватани ӯро – Тоҷикистонро оламиён бо ҳама зебоиҳояш бубинанд, аз чашми як рассоми дӯстдорашу ҷонфидояш низ бубинанд. Бубинанду бовар ҳосил бикунанд, ки ин миллат, ин сарзамин куҳанбунёду тамаддунпарвар аст ва мардумаш барои тамоми оламу оламиён сулҳу амонӣ, осоиши хотиру пешрафтро хоҳонанд. Ва ҳам мехоҳад, ки ба ин равзанаи ошноӣ чун ошно бинигарему бинигаранд.
Албатта, то ба замоне, ки мо ба ин навъи санъат бештару беҳтар рӯ меорем, онро мешиносем ва агар ҳамчунон, наомӯзонем, ба ин дунёи зебоӣ, рангҳову андешаҳову маъниҳо роҳ бурда наметавонем.
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2021    №: 105    Мутолиа карданд: 484
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед