иқтисод
ХАТЛОН. ҲАМОИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СОҲИБКОРӢ ДАР ДОИРАИ ЯК ФОРУМ
Бо мақсади татбиқи саривақтии ҳадафи чоруми Ҳукумати мамлакат – саноатикунонии босуръати Тоҷикистон ва дар ҳошияи дастурҳои Президенти ҷумҳурӣ оид ба гузаштан аз кишвари аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ ва, ҳамзамон, шиносоии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Форуми байналмилалии тиҷоратии “Bokhtar-Food – 2021” баргузор гардид.
Муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, роҳбарияти Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи савдо ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, садорати USAID дар Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндаҳои корпусҳои дипломатии қароргоҳашон дар шаҳри Душанбе, доираҳои соҳибкории Россия, Ӯзбекистон, Эрон, Беларус, Украина, Туркия, Афғонистон, Гурҷистон, Покистон ва Литва аз ҷумлаи ширкаткунандагон буданд.
Қабл аз оғози форум дар майдони хуштарҳи “70 - солагии водии Вахш” намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзони вилоят барпо шуд.
Меҳмонон ба сифати сабзавоту меваҷоти хушку тар, полизӣ, маҳсулоти ширӣ ва ҳунарҳои дастии меҳнаткашони вилоят баҳои баланд дода, лимӯ, зардолую шафтолу, анор, полизиҳо ва хушкмеваҳоро дар бозорҳои байналмилалӣ рақобатпазир арзёбӣ карда, бо истеҳсолкунандагон аз наздик суҳбат оростанд.
Вобаста ба усули ҷамъоварии ҳосил, захира ва нигоҳдории он дар шароити гуногун иттилоъ дода, зикр карданд, ки вилояти Хатлон бо назардошти мавқеи ҷуғрофиву иқлими мусоидаш иқтидори баланди истеҳсолӣ дошта, дар баробари таъмини фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, ҳамчунин, ҳамасола ҳазорҳо тонна маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тозаро ба хориҷи кишвар содирот менамояд. Ин аст, ки бо мақсади ҳифзи маҳсулот аз талафёбӣ ва таъмини устувори бозорҳои дохилӣ дар ҳамаи фаслҳои сол дар шаҳру навоҳии вилоят 55 сардхона бо ғунҷоиши 20 ҳазор тонна маҳсулот мавҷуд буда, дар ин самт ҳоло ҳам тадбирандешӣ идома дорад.
Давлаталӣ Саид, муовини аввали Сарвазир, зимни ифтитоҳи ҷаласа ва мулоқоти доираҳои соҳибкорӣ гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди соҳибкорӣ санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда, барои ҳавасмандсозии соҳибкорону истеҳсолкунандагон имтиёзҳои муайянро роҳандозӣ кардааст. Дар ин росто, Давлаталӣ Саид аз содироти нокифояи маҳсулот тавассути роҳи оҳани минтақаҳои Бохтару Кӯлоб изҳори нигаронӣ карда, ба мутасаддиён тавсия дод, ки бобати ҳалли масъала чораҷӯӣ кунанд.
“Хатлон калонтарин вилояти Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дорои имкониятҳои зиёди истеҳсолӣ мебошад. Тибқи маълумоти омории соли 2020, аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар, аз ҷумла кишоварзӣ, ҳиссаи вилояти Хатлон 51 дарсад, ғалладонагӣ – 63, пахта – 68, сабзавот – 52, пиёз – 64, полизиҳо – 78, меваю ангур – 45, гӯшт – 57, шир – 51 ва моҳӣ 71 дарсадро ташкил медиҳанд. Соли гузашта дар вилоят 986 ҳазор тонна ғалладона, 277 ҳазор тонна пахта, 1,5 миллион тонна сабзавот, 582 ҳазор тонна полизӣ, 2 ҳазор тонна мева ва 119 ҳазор тонна ангур истеҳсол шуд. Омори пешниҳодгашта ҳокӣ аз он аст, ки шароиту имкониятҳои зиёди истеҳсолии вилояти мо барои роҳандозии сармоягузории фоидаовар хеле мувофиқ мебошад”, – иттилоъ дод Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон.
Сипас, чанде аз меҳмонон барои ташкили форуми сатҳи баланд аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сипосгузорӣ карданд.
Дар қисми дувуми ҷаласа миёни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон, истеҳсолу содироткунандагони маҳсулоти озуқа, мақомоти давлатии соҳавӣ ва ҳамтоҳои онҳо аз мамолики хориҷӣ дар маҷмӯъ, ҳашт созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд. Чунончи, созишномаҳои ҳамкорӣ байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё ва Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киеви Ҷумҳурии Украина, ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷагропромэкспорт"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ "Анас Менсукат Санаяи ве Тикарет"-и Ҷумҳурии Туркия, созишномаи ҳамкорӣ байни ҶСП "Аввалин"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва "Йотагрис"-и Ҷумҳурии Литва ва якчанд созишномаҳои ҳамкорӣ байни корхонаҳои истеҳсолию соҳибкорон ва содироткунандагони маҳсулот баста шуданд, ки дар доираи онҳо ҳамкорӣ дар самти рушди содироти Тоҷикистон дар оянда, дар назди Агентии содирот ташкили мактаби содирот барои омода кардани мутахассисон доир ба пешбурди фаъолияти содиротӣ, ҷорӣ кардани стандартҳои содиротии маҳсулот, таҳияи қарордодҳои содиротӣ, харидорӣ намудани маҳсулоти меваи хушк ва нахи пахта, содироти мева, сабзавоти тарутоза, пиёзи барвақтӣ, ангур ва ғайра ба роҳ монда мешаванд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.05.2021 №: 105 Мутолиа карданд: 1213