logo

иқтисод

ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА

Андешаҳое, ки бояд гуфт
Аз таъсири омилҳои инсонӣ ва риоя нагардидани меъёри экологӣ экосистемаи табиии кишвар, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад, тағйир ёфта истодааст. Мисоли равшан, таъсирбахшии равандҳои антропогенӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мебошад, ки хавфи кам шудани заминҳои мамнӯъгоҳҳоро дучанд зиёд менамояд.
 
МИНТАҚАҲОИ БУФЕРӢ РӮ БА НЕСТӢ МЕНИҲАНД
Минтақаи буферӣ ё худ муҳофизатӣ қисми ҳудуди мамнӯъгоҳ буда, маркази ядроиро аз таъсири омилҳои антропогенӣ эмин нигоҳ медорад. Дар ин минтақа, асосан, анҷом додани корҳои мусоидаткунанда ба баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, рушди туризми экологӣ, бурдани тадқиқотҳои илмӣ пешбинӣ шудаанд. Аммо, мутаассифона, давоми чанд соли охир бо дахолати аҳолӣ ба мамнӯъгоҳҳо ҳолати осеб дидани минтақаҳои буферӣ ба назар мерасад. Агар ба наздиктарин мамнӯъгоҳ - «Ромит», ки мақоми резервати биосферӣ дорад, назар афканем, дар ин ҷо вайрон кардани экология аз ҷониби сокинони деҳаҳои атрофи мамнӯъгоҳ - Боғи Мирӣ ва Деҳпир бисёртар мушоҳида мешавад.
Наҷмиддин Наҷмиддинов, муовини директори муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, иброз дошт, ки сокинони деҳаҳо ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, махсусан дар самти чиниши гиёҳу рустаниҳо бо усули илмӣ асоснокшуда нигоҳ накарда, ба истифодаи ғайриқонунии олами наботот, решакан кардани гиёҳу рустаниҳо ва чарондани чорво даст мезананд. Ин амали онҳо майдони паҳншавии гиёҳу рустаниҳои шифобахш ва худрӯй: ров, рошак, чукрӣ, торон ва амсоли инҳоро кам карда истодааст.
Дар ҳоле, ки мувофиқи қонунгузорӣ, мамнӯъгоҳ низоми махсуси ҳифз дошта, дар он фаъолияти хоҷагидорӣ қатъиян манъ аст. Ташкили парваришгоҳҳои ғайритабиӣ яке аз вазифаҳои кормандони мамнӯъгоҳ аст, Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои нигоҳубин ва ба табиат раҳо додани ҳайвоноти нодир дар масоҳати то 10 гектар парваришгоҳ бунёд кардааст, ки боиси нигаронии аҳолии деҳоти Ромит гардид. Яъне, масъалаи норасоии чарогоҳҳо имрӯз то ҳадде мушкил шуда, ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, хосса минтақаҳои буферӣ таъсири манфӣ мегузорад. Бо ин проблема айни замон  ду деҳоти дурдасттарини кишвар – деҳоти Зонг ва деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим низ рӯбарӯст. Онҳо солҳост чорвои худро, ки асоси даромадашон маҳсуб меёбад, ба масоҳати 75 километр дур аз деҳоти Зонг ба чаро мебаранд. Вале чарондани чорво дар наздикии дидбонгоҳи Харгӯшӣ ва мамнӯъгоҳи табиии давлатии «Зоркӯл» боиси норизоии кормандони мамнӯъгоҳ гаштааст, зеро, ба андешаи онҳо, ин амал ба олами ҳайвоноти нодири мамнӯъгоҳ зарар мерасонад.  
Аҳлиддиншоҳ Шоҳҷонов, раиси деҳоти Зонги ноҳияи Ишкошим, ба масъала чунин равшанӣ андохт. "Баъди ба мамнӯъгоҳ табдил ёфтани «Зоркӯл» собиқ раиси ВМКБ дар қарори баровардааш ба чарондани чорво дар ин минтақа иҷозат додааст. Албатта, ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот дар водии баландкӯҳ заҳмати зиёд металабад, аз ин рӯ, эътирози сокинону кормандони мамнӯъгоҳро фаҳмидан мумкин. Пешниҳод менамоем, ки чарогоҳҳои Ҷамоати деҳоти Зонг баргардонда шаванд". 
 
20 ДАРСАДИ МАБЛАҒҲО ПАРДОХТ НАМЕШАВАНД
Бале, дар хусуси норасоии чарогоҳҳо зиёд ҳарф задем, ҳарчанд мавзӯи асосӣ набуда, аммо ҳамчун проблемаи аҳолии деҳот ва омили антропогенӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсири манфӣ гузошта истодаанд. Бар замми ин, фаъ-олияти ҷамъиятҳои шикори дар назди мамнӯъгоҳҳо мавҷудбуда, ба кори мамнӯъгоҳҳо зарар мерасонанд. Дар моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагиҳои шикор» омадааст, ки ҷамъиятҳои шикор бояд аз ҳисоби шикор, агар он дар дохил ё наздикии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда анҷом дода шавад, ба суратҳисоби мамнӯъгоҳ 20 дарсади маблағи шикорро пардохт намоянд. Ин имкон медиҳад, фаъолияти ҳудудҳои табиӣ дар самти ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот боз ҳам беҳтар гардад. Боиси таассуф аст, ки то ҳол аз ҷониби ҳеҷ ягон аз ҷамъиятҳо маблағи зикршуда ба тавозуни мамнӯъгоҳҳо, агар шикор дар наздикии ҳудуди онҳо амалӣ гардида бошад ҳам, пардохт нашудааст.
 
«БЕШАИ ПАЛАНГОН» НИЗ ОСЕБ МЕБИНАД
Ҳамин тавр, ба ғайр аз чарогоҳҳо ва ҷамъиятҳои шикор ҳанӯз омилҳои бисёре ҳастанд, ки ба фаъолияти ин сохтори басо муҳим дар кишвар таъсир мерасонад. Дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии раиси кумита Баҳодур Шерализода тадбирҳои қатъӣ андешида шуда истодаанд. Дар ояндаи наздик ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид намудани нахустин мамнӯъгоҳи минтақаи табиии биёбону туғайзори Тоҷикистон– «Бешаи палангон» қобили дастгирист ва ин иқдом барои ҳифзу нигоҳдории боигарии табиӣ имконияти бештар медиҳад. Зеро мамнӯъгоҳи мазкур низ аз таъсири омилҳои антропогенӣ эмин нест, махсусан аз фаъолияти ҶДММ «Водии заррин» дар ин минтақа.     
Хуллас, дар шароити имрӯза дар баробари тағйирёбии глобалии иқлим, ки экосистемаи табиӣ бештар зарар дида истодааст, ба танзим даровардани таъсири омилҳои антропогенӣ хеле муҳим ва зарур аст. Пеш аз ҳама, ба ҳифзу нигоҳдории набототу ҳайвоноти дар табиат камшуда таваҷҷуҳ мебояд. Чарогоҳҳо бо назардошти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳҳо», инчунин, аз тарафи ҷамъиятҳои шикор пардохт накардани 20 дарсади маблағи шикор, аз масъалаҳои муҳимеанд, ки ҳалли саривақтии худро тақозо менамоянд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.05.2021    №: 105    Мутолиа карданд: 1493
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед