logo

иқтисод

ДАНҒАРА. МАРҲИЛАИ СЕЮМИ ОБЁРӢ МАРҲИЛАИ НАВИ РУШДИ КИШОВАРЗИСТ

Комиссияи давлатӣ дар раъси муовини Сарвазири мамлакат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода аз ҷараёни марҳилаи сеюми татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дидан намуд. Дар ин сафар ӯро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон ,муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршед Файзуллозода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. 
Боиси тазаккур аст, ки соли 2001 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд оид ба татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар масоҳати 6000 гектар заминҳои лалмӣ созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Ҳотам Ҳакимзода, директори лоиҳа, гуфт, ки лоиҳаи мазкур барои сохтмони шоҳканалҳо, шабакаҳои обёрии зеризаминӣ, каналҳои обпарто, тахту ҳамвор кардани заминҳои нав нигаронда шуда, се марҳиларо (марҳилаи якум 2500, марҳилаи дуюм 1750 ва марҳилаи сеюм 1750 гектар) дар бар мегирад. 
- Мақсади татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳа обёрии 1750 гектар заминҳои нав дар мавзеи Ғарғара ва Булёни Боло мебошад. Ба ин васила, шароити зисти аҳолии деҳот беҳтар, даромади хоҷагиҳои деҳқонӣ ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзуда, 2000 кас бо ҷои кори доимӣ ва 8000 нафар бо корҳои мавсимӣ таъмин мешаванд, - афзуд Ҳотам Ҳакимзода.
Холмурод Раҳмон, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, ба меҳмонон гуфт, ки татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» дар асоси баимзорасии созишномаи қарзӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (22 майи соли 2013) мавриди амал қарор гирифт. Маблағи он 30 миллиону 540 ҳазор доллари ИМА буда, саҳми Ҳукумати мамлакат 3 миллиону 780 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки то ҳол 97,1 дарсади корҳо иҷро гардидаанд.
Дар доираи лоиҳа, баҳри обёрии заминҳо дар нуқтаи 231+60-и канали водии Данғара (ВД – 3) иншооти гидротехникӣ бунёд ёфт. Дар он 4,1 ҳазор метри мукааб корҳои заминӣ, 611 метри мукааб корҳои бетонӣ ба анҷом расида, 3 дарвозаи обқап васл ва як пул ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати партофтани пасобҳо ба дарёчаи Оби Тоир се шабакаи обпартои  бетонӣ, ки дар маҷмӯъ, дарозиашон 80,69 километр буда, дорои 63 иншооти хизматрасонӣ мебошанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. 
Қобили зикр аст, ки дар доираи лоиҳа 4,5 километр хати барқ гузаронда шуда, 119 сутунпояи оҳану бетонӣ ва трансформатор васлу насб гардид. Инчунин, ҷиҳати иҷрои ҳадафҳо, барои идораи беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Данғара кран-манипулятор, самосвали 20-тоннагӣ, техникаи боркунӣ, экскаватори тасмачарх, экскаватор ва трейлер харида шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат Давлат-шоҳ Гулмаҳмадзода ҳангоми боздид аз ҷараёни обёрии пахта ва ғалла ба масъулон дастур дод, ки бо истифодаи оқилонаи об ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзиро баланд бардоранд.
Дар фарҷоми сафари корӣ дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ҷаласаи корӣ баргузор гашт, ки дар он аз фаъолияти комиссияи корӣ натиҷагирӣ шуд. Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар баромади ҷамъбастии худ аз ҷой доштани баъзе камбудиҳо дар татбиқи лоиҳа ибрози андеша карда, доир ба ислоҳи саривақтиашон дастуру супориш дод. 
Мавриди зикр аст, ки баъди татбиқи тарҳи мазкур беш аз 1700 гектар заминҳои лалмии мавзеи Ғарғара бо усули анъанавӣ ва қатрагӣ обёрӣ мешаванд. 
 
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Суратгир Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2021    №: 106    Мутолиа карданд: 1169
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед