logo

иҷтимоиёт

КӮЛОБ. БОСТОНШАҲРЕ, КИ ГУЛ КАРДАН ДОРАД

Тайи сӣ соли истиқлолият гӯшаву канори кишвари азизамон диданию дилпазир гаштаанд. Шукуфоиву сарсабзии шаҳру ноҳияҳо аз ободиву осудагӣ дарак медиҳанд. Ҳар гоҳ ки аз тамошои як шаҳр ва ё ноҳияе дидан мекунем заҳмату талошҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат ва мардуми бонангу номуси кишвар баҳри гулгулшукуфии Ватани азиз бетарафамон намегузорад. Аз дидани шаҳри бостонии Кӯлоб ва  меҳмоннавозии мардумаш ба ваҷд омадем. 
Пас аз он, ки ҳайати эҷодии рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷиҳати саҳм гузоштан дар бартарафсозии офатҳои табиат ба оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб як рӯзи ҳашари дастаҷамъона эълон намуд, ба ин минтақа омадем. Раҳораҳ дидани ободии диёру тамошои ноҳияҳои рӯ ба рушд чашми касро ҷило бахшида, дарак аз осудагии рӯзгори мардуми ин минтақаро медод. Роҳи мумфаршу ҳамворро чӣ гуна давоми се соат пушти сар кардем, нафаҳмида мондем. Бо додани суоли навбатиам, ки расидем буд, нигоҳам ба дарвозаи кушоду барҳавое бо навиштаҷоти «Хуш омадед ба Кӯлоб» афтод. Ин ҳолат вуҷудамро эҳсоси аҷибе фаро гирифт. Гумон кардам ҳама ҷо бар асари сел хароб шудааст. Вале, ҳар чи наздиктар мерафтем, ҳамон қадар фазои ободкориҳо намоёнтар мегардид. Кӯчаҳои ободу васеи серодам, боғу гулгаштҳои пур аз тамошобин ба зебоии Кӯлобшаҳр ҳусни дигар зам карда буд. Бовар аст, ҳар касе мисли ман аввалин маротиба ба дидани ин шаҳр мушарраф гардид, ҷойҳои таърихиву мавзеъҳои нодираш ӯро мафтун мегардонанд. Ҳар кӯчаву паскӯчаи ин макон нишонае аз якдиливу ваҳдати миллӣ дорад.
 Ҳангоми расидан ба маҳалҳои офатзада, мардумро саргарми кор дидем, якдиливу ҳамраъйияшон аз тавонову қудратманд буданашон башорат медод. Аҳли қалами рӯзномаи «Ҷумҳурият» низ барои кумак дасту остин бар зад. Тамоми рӯз кормандони рӯзнома якҷо бо мардум ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиат пардохтанд. Сарфи назар аз ҳолати сарзада, мардум шукргузорӣ аз ободии Ватанро менамуданду иморатҳои харобгардидаро аз нав бунёд.
- Шакаробу қурутобро дар ҳама минтақаҳои ҷумҳурӣ ба тарзи хос тайёр мекунанд, аммо мисли занони кӯлобӣ ҳеҷ кас онҳоро болаззат омода карда наметавонад, - бо табассум гуфт апаи  Садбарг. Дарвоқеъ, хӯрокҳои лаззизу шакароби болаззат гувоҳи кадбонуҳои бомаҳорат будани хонумҳои кӯлобист. 
Вақте аз маҳали офатзада берун мешудем, мақбараи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмир шудааст ва имрӯзҳо ба зиёратгоҳи сайёҳон, олимону сиёсатмадорони мамолики Шарқ табдил ёфтааст, таваҷҷуҳи моро ба худ ҷалб намуд. Пайкараи Шоҳ Исмоили Сомониву Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, нимпайкараи Кароматуллои Қурбон, суратҳои рӯи санг ҳаккокишудаи фарзандони фарзонаи миллат ва дигар ёдгориҳои таърихиву маконҳои диданибоб дарак аз бостонӣ будани Кӯлобшаҳр аст. Мардумаш бо ифтихор мегуфтанд: «Агар Душанбе қалби Тоҷикистон аст, пас Кӯлоб ҷигараш аст». Маълум буд, ки тасвири мардум бо дилу ҷигар тақсим намудани Душанбеву Кӯлоб маънии ду узви муҳими як кишварро дошт. Ҳатто роҷеъ ба як ёдгории ин шаҳр метавон саҳфаҳо навишт. 
 Тайи солҳои охир бо иқдоми хайрхоҳонаву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат номгузорӣ шудани кӯчаву маҳаллаҳо ва қомат афрохтани пайкараву нимпайкараҳои фарзандони содиқи миллат баёнгарӣ он аст, ки миллати тоҷик дар ҳама ҳолат қаҳрамононашро фаромӯш намекунаду номи фарзонафарзандони Ватанро ҳамеша зинда медорад. 
Дидани Маҷмааи «Силсилаи меъмории 2700 - солагии шаҳри Кӯлоб», бинои муҳташами «Хонаи ақди нигоҳ», китобхонаи боҳашамати замонавӣ, чойхонаҳои «Истаравшан» - у “Исфара”, меҳмонхонаи “Хатлон”, Театри мусиқӣ - мазҳакаи ба номи Сайдалӣ Вализода, коллеҷи санъати ба номи Кароматуллои Қурбон, ансамбли «Фалак», қасри фарҳанг,   Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ, ду хона-музей ва дигар иншооти хурду бузург ҳусни шаҳрро ба куллӣ дигаргун кардаанд. Пас аз бозгашт ба худ мегуфтем, воқеан, Кӯлоб шаҳре будааст, диданиву рӯҳафзо ва месазад, ки бошандагонаш бо он ифтихор ва шуҳрату манзалаташро боз ҳам афзун намоянд. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, Наргис РОЗИҚОВА  
“Ҷумҳурият”,  Душанбе-Кӯлоб-Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2021    №: 106    Мутолиа карданд: 435
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед