logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Доктори илмҳои таърих, профессор, сарходими илмии шуъбаи таърихи қадим, асрҳои миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуқаҳҳор Саидзода, муаллифи беш аз 20 рисолаи илмӣ, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ – оммавӣ ва китобҳои дарсӣ на танҳо дар доираи илмии ҷумҳурӣ, балки ҳамчун донандаи маъхазҳои таърихии асримиёнагии Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон ва Чин, ҷӯяндаи ҳақиқати таърих ва муҳаққиқи дақиқназар дар қораи Осиёву Аврупо маъруфият дорад. Профессор Насрулло Убайдулло дар муқаддимаи китоби «Ҷӯяндаи ҳақиқати таърих» зикр намудааст, ки феҳристи таълифоту тарҷума ва таҳияҳои ин олими шинохтаю варзида аз 250 адад зиёд аст ва тарҷумаи «Мулҳақот ас- Суроҳ»- и Ҷамол Қаршӣ аз забони арабӣ ба забони русӣ дар байни таърихдонони муосир соҳиби баҳои баланд гардидааст. 
Хидмати профессор Абдуқаҳҳор Саидзода дар он аст, ки ӯ аз байни муаррихони тоҷик аввалин шуда ба таҳқиқи бунёдии таърихи садаи XVII ва нимаи аввали асри XVIII, давраи мураккаб ва пурпечутоби таърихи халқи тоҷик дар замони ҳукмронии хонадони Ҷониҳо (Аштархониҳо) даст зада, рисолаи пурмуҳтавои «Мовароуннаҳр дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII (таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ – иқтисодӣ ва фарҳангӣ» - ро эҷод намуд, ки соли 2010 зери унвони «Халқи тоҷик дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII» ҳамчун боби алоҳида ба ҷилди чоруми нашри нави шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ворид гардид.  Китоби «Ишораҳое ба таърих ва оинҳои тоҷикони Хитой» низ аз тарафи олимони соҳа ва хонандагон бо дилгармии зиёд пазируфта шуд.    
Ҳайдаршо Пирумшо, узви вобастаи АМИТ, дар мақолааш «Чун дуо аз падар гирифт, роҳи илм бар гирифт» доир ба Абдуқаҳҳор Саидзода зикр намудааст, ки аз рӯи нақли Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода падари олим Бобораҳим Саидов ба устод Мирзо Турсунзода хизмати таърихие кардааст. Яъне, дар вақти наврасии устод маҳз Бобораҳим Мирзои 14 – соларо баъди гирифтани маълумоти ибтидоӣ дар Қаратоғ моҳи декабри соли 1925 ба Душанбе барои идомаи таҳсил оварда, дар хонаи бачагон ҷой намудааст. Бобораҳим Саидов баъди он ки адиби оянда моҳи июли соли 1926 шомили техникуми педагогии навтаъсис мегардад, бо хотири ҷамъ ҳамроҳи падар - усто Саид ва дигар хешу пайвандонаш ба водии Вахш кӯч мебандад.  Вай дар деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Кӯшониён то синни 105 – солагӣ зист. Шоҳидони ҳол қисса мекунанд, дар миёнаи солҳои 60 – уми асри XX шоҳи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф меорад. Роҳбарони кишвар меандешанд, ки ба меҳмони олиқадр чи туҳфа намоянд. Ба хулосае меоянд, ки алочаи абрешимин бофта онро ба шоҳ чун барги сабз ҳадия созанд. Барои иҷрои ин мақсад Бобораҳим Саидовро аз деҳаи Меҳнатобод ба Қаратоғ ба зодбумаш даъват менамоянд. Барояш дастгоҳи анъанавии бофандагии бобоиро фароҳам меоранд ва ӯ дар муддати кӯтоҳе як либосворӣ алочаи абрешимӣ мебофад. Намунае аз ин алоча то имрӯз дар Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ба тамошо гузошта шудааст. 
Гуфтан ба маврид аст, ки зери роҳбарии профессор Абдуқаҳҳор Саидзода 11 нафар унвонҷӯ рисолаи номзадӣ дифоъ намудаву чанд олими ҷавон дар арафаи дифоъ қарор дорад. Ӯ чун узви шӯроҳои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муовини раиси шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар кори тайёр намудани мутахассисони илмии соҳаи таърих саҳми арзанда гузоштааст. 
 
Қурбон МАДАЛИЕВ, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2021    №: 106    Мутолиа карданд: 441
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед