logo

иҷтимоиёт

МАДРАСАИ ХОҶА МАШҲАД

Мадраса ва мақбараи Хоҷа Машҳад ва ё Мақбараи дугона дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус ҷой гирифтааст. Мадраса ва мақбара яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик мебошад. Мадрасаи Хоҷа Машҳад дар асрҳои IX – XII сохта шуда, ҳоло аз ин ёдгории таърихӣ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта баҳампайваста боқӣ мондааст.
 
Бинои тарафи рост қисми қадимтарини ёдгорӣ аст. Ба андешаи таърихшинос А. Л. Литвинский, дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоқи пештоқдори мунаққаше илова мегардад. Дар тарафи муқобил ё худ самти шимолии он низ аз хишти хом ва пухта ду бинои гунбаздори на он қадар калон бунёд мешавад, ки ба бинои қисми ҷанубӣ ва асосии ансамбл шабоҳат дошт.
Тибқи иттилои баъзе аз сарчашмаҳо шоир ва мутафаккири маъруфи тоҷик Носири Хусрави Қубодиёнӣ таълимоти ибтидоиро дар ҳамин мадраса гирифтааст.
Соли 1894 узви Ситоди генералии Россияи подшоҳӣ, афсари рус Лиментак дар ёддоштҳо ё худ ҳисоботи иктишофиаш оид ба бекигариҳои Бухоро қайд намудааст, ки дар деҳаи Сайёд ёдгории қадимии хуштарҳе мавҷуд мебошад, ки барои сокинони атрофаш ҳамчун оромгоҳ ва масҷид хизмат мекунад.
Ёдгории  таърихии Хоҷа Машҳад  аз нимаи дуюми асри гузашта, аниқтараш аз айёме, ки фарзанди фарзонаи миллат  Бобоҷон Ғафуров ҳамчу роҳбари ҷумҳурӣ ба фаъолият шурӯъ кард, мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт. Дар мадрасаи Хоҷа Машҳад аз ҷониби муҳаққиқону муаррихони ватанию хориҷӣ пажӯҳишу корҳои муайян ба сомон расид. Муаррих ва бостоншиноси маъруф  Сергей Григориевич Хмелнитский, ки беш аз чил сол роҳбари гурӯҳҳои махсуси ҳафриётӣ буд, дар он корҳои зиёди илмию тадқиқотӣ бурдааст.
Маҳз  таҳти роҳбарии бевоситаи ин олиму муҳаққиқи варзида, ибтидои солҳои 60-уми асри гузашта корҳои ҳафриётию бостоншиносӣ равнақи тоза касб карда, ба бисёр масъалаҳо равшанӣ андохта шуд. Қабл аз ҳама, исбот гардид, ки  биноҳои ин ёдгорӣ дар як вақт не, балки дар асрҳои гуногун  эъмор шудаанд. Дар рафти ковишҳои археологӣ  аз замини зери бино ва атрофи он зарфҳои гуногуни сафолӣ, шамъдонҳою маснуоти дигари қадима пайдо мегарданд, ки алҳол бахше аз онҳо дар пешдолони байни ҳар ду бино ба маъраз гузошта шудаанд.
«Мадрасаи Хоҷа Машҳад ҳамчун мадрасаи калонтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихӣ дорад ва аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад»,- нигоштааст шарқшинос, муаррих ва бостоншиноси маъруф Александр Маркович Беленитский дар мақолаи худ «Мавзолей у селения Саят». 
Қисме аз бинои мазкур тӯли асрҳо вайрону валангор гардида буд. Хушбахтона, дар доираи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ёдгории таърихӣ дар замони истиқлолият соли 2000 таъмиру тармим гашта, аз байн рафтани он  пешгирӣ шуд.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сияни Ҷумҳурии Мардумии Чин 8 ёдгории таърихию фарҳангиро ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим шомил карданд, ки инҳо шаҳраки иленистии Тахти Сангин, ёдгории меъмории Хоҷа Машҳад, Дайри буддои Аҷинатеппа, шаҳри асримиёнагии Ҳулбук ва ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъмории Балҷувон мебошанд.
 
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2021    №: 106    Мутолиа карданд: 435
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед