logo

иҷтимоиёт

МУНОДИИ СУЛҲ

Мирзо Турсунзода арбоби шинохтаи давлатӣ, ҳамчунин,  шинохтатарин адиби халқҳои Осиёи Миёна эътироф гардидааст. Дар масъалаи тарғиби дӯстӣ ва инъикоси он аз пешқадамтарин адибони на танҳо Тоҷикистону Осиёи Миёна, балки берунтар аз ҳудуди он ҳам ҳаст. 
Замони зиндагии эшон ба давраи   басо пурғурбат, душвор ва пур аз воқеоти иҷтимоии давр рост омадааст. Вай дар синни нуҳсолагӣ аз модар ва дар бистудусолагӣ аз падари меҳрубон маҳрум монда бошад ҳам, аммо халқ ва Ватани азизаш ӯро танҳо нагузошт. Дар мактаб ва донишкадаи муаллимтайёркунӣ таҳсилро идома дод, эҷод кард ва мисли кабӯтарҳо ба парвози рӯйи олам баромада, ливои сулҳро парафшон намуд. Оре, баъзан мешавад, ки бо шарофати як нафар фарзанди фарзонаи миллат давлат ва халқеро шинохт. Мисоли зиндаи ин устод Мирзо Турсунзода аст, зеро тавассути номи ӯ  Тоҷикистон дар ҷаҳон муаррифӣ гардид.
Бояд эътироф намуд, ки дар эҷодиёти шоир мавзӯи инсондӯстӣ  ва дӯстии халқҳо ба ин васила, ягонагии тафаккур ва амал дар ҷойи асосӣ қарор доранд. Аз ин рӯ, «ман» - и шоир мавқеи дақиқ ва оммавиро фаро гирифта, тавассути ҳама гуна ашъор (шеър, достон, ғазал ва ғайра) дар дили хонандаи гуногунандеш як хел бовариро ба вуҷуд меорад. Сабки ашъораш аз шеъри суннатии  тоҷик маншаъ  гирифта, дар равияи саҳли мумтанеъ эҷод гардидааст. Ҳамин аст, ки ашъораш басо содаву равон, заминиву боварибахш эҷод гардида, бо тамоми хусусиятҳои жанрҳои маъмулӣ созгор афтодааст. Ӯ мардуми оламро ба сулҳу дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ талқин намудааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт, 
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Ватандӯстӣ мавзӯи дигари эҷодиёти ӯ мебошад, ки  хонандаро бо он тасхир менамояд. Давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон ҳассостарин замони зиндагии мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Маҳз дар ҳамин давра (солҳои 1941 – 45) ашъори ватандӯстонаи шоир «Хайр, модари азиз!», «Хотираи капитан», «Баҳодури тоҷик», «Ҳамшираҳо», «Роҳи оҳан», «Ҳаргиз», «Ба ҷанг», «Офарин!», достонҳои «Писари Ватан», «Барои Ватан» (соли 1942, бо ҳамқаламии А. Деҳотӣ) ва ғайра мавқеи шаҳрвандии ӯро боз ҳам возеҳтар муайян  намуд. Ин офаридаҳои М. Турсунзода ҳисси миллӣ ва хайрхоҳ будан ба Ватанро ифода намудаанд. 
Давраи баъдиҷангии ҳаёти мардуми тоҷик низ чун дигар мардумони Иттиҳоди Шӯравӣ хеле сангину вазнин омад. Дар ин айём барқароркунии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ аз вазифаҳои асосии замон гардид. Устод Мирзо Турсунзода дар шеъри «Ман аз Шарқи озод» - аш Шарқи хориҷиро бо мамлакати шӯроҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон муқоиса намуд. Ӯ пас аз сафарҳояш ба Ҳиндустони мустамликавӣ навиштааст: 
Агарчи  ганҷҳояш пурбаҳоянд, 
Валекин мардумони он гадоянд. 
Дар ин маврид шоир на бо тамасхур, балки бо ҳисси афсӯс чунин андешаронӣ намудааст. Ба ин васила, вай муқоисаи ду воқеият (система) -ро ба миён оварда, бартарияти  мамлакати шӯроҳоро, ки Тоҷикистон як узви он буд, исбот намуд. 
Дар баробари ин, бояд зикр намуд, ки силсилаи ашъори «Ман аз Шарқи озод», «Дастовез» ва ашъори  гуногунсамти ӯ низ бо равонӣ, самимият ва дилангезии худ қалбу рӯҳи хонандагонро навозиш карда, ба онҳо дарси зиндагиву инсонӣ омӯхтааст. 
Дар ашъори ин шоири тавоно воқеият маҳаки асосии тасвир аст. Шоир дар бораи модари худ сухан ронда, тимсоли онро дар мисоли модарони тамоми олам инъикос карда тавонистааст. Хусусиятҳои умдаи модарон – дӯстдории фарзанд, ба хотири ӯ шуда, ҷони худро қурбон кардан,  балки то охири умр ба фарзанди хеш ғамхор будан дар ашъори ӯ басо муассир ва хотирмон тасвир ёфтааст. Мавқеи инсондӯстии шоир дар ҳамин гуна шеърҳояш низ басо самимӣ ба қалам дода шудааст.  Инсондӯстӣ ва ватанпарастӣ, тавъам гузоштани Модар бо Ватан   дар  хати сурхи эҷодиёти ӯ қарор дорад. Танҳо дар соли 1975 (ҳамагӣ ду сол пеш аз вафоташ) устод Мирзо Турсунзода танҳо дар ҳамин мавзӯъ ҳашт шеър иншо намуд, ки ҳама меҳру муҳаббат, садоқат, дӯстдорӣ ва азиз будани модар дар ин ашъор таҷассум ёфт. «Зан агар оташ намешуд», «Дарди ман боло гирифт», «Чашми ман», «Дасти ту медонад», «Зан  посбони оташ аст», «Кокулат», «Зан, зан аст», «Бӯи гул ояд аз ӯ» аз ҷумлаи ҳамин гуна ашъоранд. Хушбахтона, аксари онҳоро завқмандони шеър азбар кардаву ба шакли суруд  дар маҳфилҳо мехонанд. 
Махсусияти дигари ашъори шоир дар он аст, ки ягонагии тафаккур ва амал дар он ифода ёфтааст. Аз ин маълум мегардад, ки устод М. Турсунзода дар баробари гуфтани ашъор ба мавқеи шаҳрвандии хеш устувор монда, дар инъикоси масоили рӯз тавассути эҷодиёташ хизмати бедареғ намудааст. 
Тасвири ҳусну  назокати ин олами зебоӣ  дар қалами устод боз ҳам зебоии дигареро ҷилва додааст. Сеҳри сухани шоир тақрибан дар тамоми ашъори лирикиаш ҳувайдост. Ба ифодаи донишманди шинохтаи тоҷик Носирҷон Маъсумӣ «Ибораҳои пурэъҷоз, байту мисраъҳои дар қолаби ҳикмати халқ рехташудаи худ дар дилу зеҳни хонандагон маҳкам нишаста, вазифаи сиёсӣ, таълимӣ ва тарбиявии худро адо намудаанд».  
Боиси ифтихор аст, ки суханшиносон ашъори дар васфи модар нигоштаи ӯро дар радифи модарномаҳои  шоирони эронӣ – Эраҷ Мирзо, Раҳийи Муайирӣ, «Эй вой, модарам!» - и шоири машҳури Эрон Мирзо Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр, «Мактуб ба модар» ва «Мактуби модар» ном шеърҳои шоири рус Сергей Есенин гузоштаанд. 
Дар маҷмӯъ, устод Мирзо Турсунзода ҳамчун адабиётшиноси дақиқназар, олими пухтакор, инсони ҷонсӯзу фарохназар ва муаррихи ҳассос пеши назар меояд. Эҷодиёти Қаҳрамони  Тоҷикистон,  устод Мирзо Турсунзода серпаҳлу аст.   
 
Ҳотами  ҲОМИД, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2021    №: 106    Мутолиа карданд: 497
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед