logo

иҷтимоиёт

Ғ. АВЗАЛОВ: "ИСТИҚЛОЛИЯТ БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТ АСТ"

- Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ барои ҳар қавм бузургтарин неъмат ба шумор мераванд. Сад шукр, ки мо соҳиби ин  ду неъмат ҳастем. Маҳз ба туфайли ваҳдату истиқлолият ҳоло бо осудагӣ зиндагӣ дорем. Бубинед, давлатҳое, ки аз ин неъматҳо бебаҳраанд, дар онҳо ҳамарӯза қатлу тороҷ рух медиҳаду тифлону модарон пайваста оби чашм мерезанд. 
Бо зикри ин матлаб Ғайбулло Авзалов, раиси  Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, сокинони ноҳияи Синои пойтахти кишварро дар мулоқоти рӯ ба рӯ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 89 доир гардид, ба ҳифзи ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ даъват намуд. 
Мулоқот бо мақсади тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва сазовор таҷлил намудани Ҷашни фархундаи 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 
Таъкид гардид, дар шароите, ки ҷаҳони имрӯза на танҳо ба буҳрони молиявӣ, балки фарҳангӣ гирифтор аст, шаҳрвандони кишвар, хусусан ҷавонон, бояд  ҳамеша аз арзишҳои миллӣ ҳимоят намоянд.
- Ояндаи кишвар аз ҷавонон вобастагӣ дорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи ҷавонон эътимоди зиёд доранд. Бо онҳо вохӯрӣ доир намуда, барои рафъи мушкилоташон чораҳои зарурӣ меандешанд. Пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон бояд аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёр, бедору солимфикр бошанд ва дар пешрафту шукуфоии Ватан аҳлона саҳм гузоранд. Шумо - ҷавонон бояд, ки ин боварии Пешвои миллатро сазовор бошед, - гуфт Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», узви гурӯҳи таблиғотӣ. 
Ҳозирон дар вохӯрӣ, ҳамчунин,  роҷеъ ба аҳамияти таърихии Ҷашни  30 - солагии Истиқлоли давлатӣ, тағйиру дигаргуниҳое, ки ин муддат дар кишвар ва шаҳри Душанбе ба амал омад, аз ҷумла, бунёди мактабҳои нав, майдончаҳои варзиш, боғу гулгаштҳо суҳбат намуданд.  
Зимнан, ин гурӯҳи таблиғотӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38, коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, МД "Маркази миллии  тиббии ҷумҳуриявӣ" низ чунин вохӯриҳо доир  намуданд.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.05.2021    №: 106    Мутолиа карданд: 511
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед