logo

иҷтимоиёт

НАВРӮЗИ СОЛИ УМР. БАРДОШТ АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОНИ КИШВАР

Ҳамасола дар Ватани маҳбубамон рӯзе таҷлил мегардад, ки дар он неруи созанда, ишқу зебоӣ, орзу ба ояндаи нек, матонату нусрат нуҳуфтааст. Он Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мебошад. Имсол ин сана дар таърихи кишвар бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт шуд, зеро он ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дигар, саодату файзро ба ҷашн он афзуд, ки ҷавонони хушиқболи тоҷик дар арафаи ҷашнашон бо Пешвои муаззаму ҷавонпарвари хеш, ки ташаббускор дар самти дастгирии онҳо мебошанд, дар кохи пур аз нуру шукӯҳи Борбад мулоқот намуданд. Пешвои маҳбуби ҷавонон бо чеҳраю дили кушода ва самимона онҳоро бо ин санаи мубораку фархунда табрик намуданд: “Ҳар сол 23 - юми моҳи май мо яке аз ҷашнҳои муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавононро таҷлил менамоем. Ба ин муносибат кулли ҷавонони кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирони гиромиро, ки такягоҳи боэътимоди давлат мебошед, самимона табрик мегӯям”.
Воқеан, 70 дарсади аҳолии кишварро ҷавонони то синни 35 - сола ташкил медиҳанд ва Тоҷикистон мамлакати ҷавонон ба шумор меравад. Ин нишондиҳанда боз ҳам ҷавононро муваззаф менамояд, ки масъулиятшиносу ташаббускор бошанд ва дар рушди кишвари азизамон дар тамоми соҳаҳо нақши созандаю бориз гузоранд. Зеро Президенти кишвар таъкид доштанд, ки барои амалӣ намудани тамоми ҳадафу мақсадҳои ободкоронаи ҷавонон давлату Ҳукумат омодаанд. “Нишондиҳандаи мазкур аз мо амалисозии тадбирҳои зиёдро дар самти таълиму тарбия ва рушди қобилиятҳои зеҳниву ҷисмонии насли ҷавони ҷомеа тақозо мекунад”, - зикр намуданд Сарвари давлат.
Баёни нуқтаи дигари муҳимро аз ин мулоқот ба маврид мешуморем, ки он ҳам эҳтимомҳои Ҳукумат, бавижа Президенти кишвар дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ оид ба сиёсати давлатии ҷавонон, таҳияи даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ дар самти масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ оид ба дастгирии ҷавонон, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифату саводнокӣ ва ба омӯзиши илму донишҳои замонавӣ фаро гирифтани онҳо, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ қабулу ба тасвиб расидааст, мебошад. Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стипендияи Президенти Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ, Стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эълон гардидани солҳои 2020 – 2040, ҷоизаи махсус аз фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ,  озмунҳои «Илм – фурӯғи маърифат» “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҳамин қабил мебошанд. 
Дигар ибтикори созандаи Ҳукумати кишварро ин ҷо ҳатман бояд таъкид намуд, ки он ҳам барои аз таҳсил дур намондани ҷавонон таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар минтақаҳои кишвар буд. Яъне таъсис додани 28 донишгоҳу донишкада, академия, консерватория ва мактаби олӣ. Ин тадбирҳо самараи некро ба амал оварданд, зеро: “агар соли 1991 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро ҳамагӣ 13500 нафар донишҷӯ хатм карда бошад, дар соли 2020 шумораи хатмкунандагон ба 40000 расидааст”.
Президенти кишвар ба ҷавонон таъкид намуданд: “Мо аз ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки вақтро ғанимат шумурда, ба хотири ояндаи неки Ватан ва пешрафти давлати соҳибистиқлол, омӯхтани илму дониш, касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва аз худ кардани техникаву технологияҳои навтаринро вазифа ва мақсаду мароми ҳаррӯзаи худ қарор медиҳанд”. Барои ноил шудан ба мақсадҳои худ ва амалӣ намудани ин ҳидоятҳои падарона ҷавононро зарур аст, ки ба қадри вақту ҷавонии худ расанд, донишҳои худро афзун намоянд, рӯ оранд ба китоб ва васеъ намудани ҷаҳонбинии хеш. Дар фароварди суханронии худ Пешвои миллат зикр намуданд: “Мо ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо тамоми имкониятҳоро фароҳам месозем”.
Ба андешаи мо, аз ин минбари баланд, таъкид намудани омодагии Сарвари давлату Ҳукумат барои дастгириҳои созандаи ҷавонон минбаъд онҳоро вазифадор мекунад, то ки ҳамчун “табақаи аз ҳама фаъоли ҷомеа” барои пойбарҷо будани Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ талошҳои рӯзафзун намуда, дар пайи ободу зебо намудани Ватани маҳбубамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии давлат нақшгузору саҳмгузор бошанд.
 
 
Зебониссо БОБОАЛИЕВА, 
муовини ректори Донишкадаи 
давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 606
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед