logo

маориф

ВМКБ. ФАРОГИРӢ БА МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ!

Яке аз самтҳои асосии соҳаи маориф ин фарогирии ҳар чи бештари кӯдакони хурдсол ба муассисаҳои томактабӣ мебошад.Солҳои охир дар ин самт гомҳои устувор гузошта шуда, ба бунёд ва таъсиси  муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла кӯдакистонҳо таваҷҷуҳи бештар равона мегардад. Дар бобати пешбурди фаъолияти онҳо ва фарогирии  кӯдакони синну соли томактабӣ ба чунин муассисаҳо дар Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон кадом корҳо роҳандозӣ гардидаанд?
 
Дар робита ба вазъи фаъолияти муассисаҳои томактабӣ  сардори раёсати маорифи вилоят Одинашо Мардов чунин ибрози назар намуд: 
 - Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар самти таҳкиму пешбурди фаъолияти муассисаҳои томактабӣ асосан ду барнома амал менамояд. Якум, Барномаи панҷсолаи рушди таҳсилоти томактабӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва дигар, Барномаи сохтмон ва таъсиси муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъияти мураккаби  фарогирии кӯдакон ба  муассисаҳои  томактабиро ба назар гирифта, дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз соли 2019 таъкид намуданд, ки ба афзоиши  шумораи ин муассисаҳо дар тамоми манотиқи кишвар аҳамияти даркорӣ дода шавад. Дастур дода шуд, ки дар ҳар деҳае, ки зиёда аз 100 хоҷагӣ дорад, бояд   кӯдакистон бунёд  ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Дар асоси дастури Президенти мамлакат то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 40 дарсад расонда шавад. Айни ҳол фарогирии кӯдакон ба кӯдакистонҳо дар вилоят ба 34 фоиз расидааст. Дар миқёси вилоят 26 кӯдакистон ва 297 маркази инкишофи барвақтии кӯдак фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 12 муассиса дар деҳот, боқимонда дар марказҳои ноҳияҳо ва шаҳри Хоруғ амал мекунанд. Ҳамзамон, дар вилоят 13 маркази хусусии инкишофи барвақтии кӯдак, аз ҷумла 11 – то дар шаҳри Хоруғ, 1 муассиса дар ноҳияи Шуғнон ва 1 марказ дар ноҳияи Ишкошим фаъолият менамоянд, ки онҳо аз тарафи Хадамоти Оғохон оид ба маориф ва дигар шарикони рушд сохта шуда, дорои шароити хуби замонавӣ ва бо тамоми таҷҳизот муҷаҳҳаз мебошанд. Мураббиён ва хонандагон ба муассисаҳои томактабии хусусӣ тариқи озмун қабул шудаанд.
Соли 2020 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои дуюми кӯдакистони рақами 1 шаҳри Хоруғ  ба истифода дода шуд. Айни ҳол аз тарафи Дирексияи сохтмонии иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ванҷ сохтмони кӯдакистон барои 200 нафар давом дорад. Ҳамчунин, дар соли 2020 кӯдакистони рақами 2 шаҳри Хоруғ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, кӯдакистони рақами 5 аз тарафи Донишгоҳи Осиёи Миёна азнавсозӣ гардид. Ҳоло сохтмони кӯдакистонҳо дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон ва Роштқалъа идома дорад.  Бо вуҷуди ин, вазъи фарогирии  кӯдакон ба муассисаҳои томактабиро дар вилоят наметавон  қонеъкунанда арзёбӣ кард.  Дар ҳоле ки  теъдоди кӯдакони аз 1 то 6 - сола дар шаҳру деҳоти вилоят  25119 нафарро ташкил менамояд, ҳамагӣ 2144 нафар дар кӯдакистонҳои давлатӣ тарбия гирифта, 6465 нафарашон ба марказҳои инкишофи барвақтии  кӯдак, ки  ғайрибуҷетӣ мебошанд, фаро гирифта шудаанд. 
Боиси нигаронист, ки дар вилоят айни ҳол 16510 нафар кӯдакони синну соли  томактабӣ  аз тарбия дар чунин муассисаҳо  дар канор мондаанд. Дар муассисаҳои томактабии мавҷуда ҳам  то ба ҳол мушкилиҳои зиёде ҷой доранд, ки ба фаъолияти босамари онҳо  халал ворид месозанд. Нарасидани маблағ ҷиҳати таъмини муассисаҳо бо маводи хӯрокаву аёният барои машғулиятҳо, ташкилу гузарондани семинару машваратҳо барои мураббияҳо ва омӯзгорон аз мушкилоти асосии соҳа маҳсуб меёбанд. 
Вале дастуру супоришҳои  роҳбарияти  олии кишварро дар бобати афзалияти бештар ба самти тарбияи томактабии кӯдакон ба роҳбарӣ гирифта, раёсати маорифи вилоят бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони  рушд ва соҳибкорони маҳаллӣ ҷиҳати бунёд ва таъсиси муассисаҳои нави тарбияи томактабӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар  кӯдакистонҳо чораҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд. Ба кор андохтани иншооти нави соҳа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то Ҷашни  30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷумлаи ин тадбирҳо мебошад.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, 
“Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 6526
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед