logo

иҷтимоиёт

ОЯНДАИ КӮДАКОНИ МО ДУРАХШОН МЕГАРДАД АГАР…

Табиист, ки ҳамагон мехоҳем фарзандонамон зирак, соҳибистеъдод ва донишманд ба воя расанд. Аммо таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки на ҳама волидайн дар роҳи татбиқи орзуҳояшон дар сатҳи зарурӣ кӯшиш мекунанд. Кӯдакони зирак ба он хотир донову ҳушманданд, ки  волидонашон онҳоро ҳамингуна ба воя расондаанд. Инҳо волидоне мебошанд, ки дар тарбияи дурусти кӯдак муваффақ гаштаанд. Аммо кӯдаконе, ки волидонашон  аз синни хурдӣ ва баъдан дар наврасӣ ба таълиму тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ надодаанд, дар ҷомеа мавқеи сазоворро соҳиб шуда наметавонанд. 
Конфутсий фармудааст: «Шамъи кӯчакеро рӯшан намудан беҳтар аст аз он, ки тамоми ҳаёт торикиро лаънат кунӣ».
Яъне, саодати фарзандони мо нахуст аз мо ва, сипас, аз худи ӯ вобаста аст. Пойбанди мушкилоти худ гашта хоҳиш, орзу ва завқи  кӯдакро нодида гирифтан, ин боиси оянда ноком намудани фарзандамон мегардад. Танҳо дар акси ҳол метавонем ояндаи дурахшонеро ба фарзанди худ ё насли башар ҳадия намоем. Дар роҳи рушд ва инкишофи кӯдак таваққуф кардан нашояд. Дар ин кор мо – устодон ба волидон бояд мадад намоем. Бадтарин монеаи ҳаёти инсон ин тарс мебошад. Ин омиле мебошад, ки барои ба даст овардани мақсади дарпешгузоштаи кӯдак халал мерасонад. Тарсро аз дил ронда мусбатандеш бояд буд. Муаллим роҳнамо аст, шогирд бошад, бояд роҳашро худаш интихоб кунад. Дар ин сурат мо метавонем кӯдаки ба ҷомеа даркориро ҳадия намоем.
Чанд нуктаи муҳиме  мавҷуд аст, ки мо онҳоро дар тарбияи кӯдак риоя намоем, ояндаи насли мо дурахшон мегардад. Аз синни кӯдакӣ ростқавлӣ, адолатпарварӣ ва далериро дар сиришти кӯдакон ҷо намудан лозим аст. Кӯдак бояд аз хурдӣ соҳибӣ кардани ашёҳои худро ёд гирад.
Дар муҳите фаро гирифта шавад, ки ростгӯӣ, мутолиаи бисёри китобҳо ва диди мусбат дар он фазо ҳукмрон бошанд.
Кӯдакро ҳатман вобаста ба истеъдодаш дар ин ё он ришта роҳнамоӣ намудан лозим аст. Аз оянда наҳаросида, ба гузашта арҷ гузошта имрӯзро ғанимат донистан, омӯхтан ва омӯзондан вазифаи мо – омӯзгорон ва волидон аст.
 
Муқаддас ШАРИФОВА, омӯзгори МТМУ № 41 шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 654
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед