logo

фарҳанг

МОУНТСТУАРТ ЭЛФИНСТОН: «ТОҶИКОН ДАР ҲАМА ҶО МУМТОЗАНД»

Шавқу рағбати пажӯҳишгарону сайёҳон ва дипломатҳои хориҷӣ ба омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷик собиқаи дерин дорад. Яке аз чунин дилбастагони он дипломат ва сиёсатмадори Британияи Кабир Моунтстуарт Элфинстон аст, ки ҳанӯз соли 1808 ба забони англисӣ китоби «Афғонон: ҷой, фарҳанг, нажод» (Гузориши салтанати Кобул) - ро навишт. Дар таркиби ин китоб мақолае ҳаст бо номи «Тоҷикон» («Tajiks»). То дарёфтани он гумон мерафт, ки аввалин матлаби хориҷиён, ки бо унвони «Тоҷикон» интишор ёфтааст, асари «Тоҷикон» - и А. Д. Гребенкин (1872) аст. Аммо ин даъворо мақолаи мазкур рад кард ва маълум шуд, ки собиқаи асарҳои илмии таълифшуда ба ин унвон таърихи 213 - сола дорад.
 
ДАРИЧАИ ОШНОӢ
Элфинстон соли 1779 дар Шотландия зода шуд. Минбаъд ба хидмати ширкати бритониёии Ҳинди Шарқӣ даромада, таҷрибаи сиёсӣ андӯхт ва соли 1801 муовини намояндагии сиёсии Британияи Кабир дар Ҳиндустон таъйин гашт.  
Бахши аъзами фаъолияти сиёсии ӯ дар Ҳиндустон гузаштааст. Ҳатто ҳашт сол фармондори шаҳри Бомбай (Мумбай) буд. Дар беҳтар кардани аҳволи иҷтимоии ҳиндувон кӯшишҳои зиёд карда, ки далели он Донишгоҳи Элфинстон дар ин кишвар мебошад. Ӯ дар баробари сиёсатмадор будан, ҳамчунин, инсони озодаву башардӯст буд. Зеро баъди бозгашт аз Ҳиндустон ба ӯ ду бор фармондории кулли Ҳинд пешниҳод мешавад, аммо рад мекунад. Пажӯҳиши доманадоре дорад бо номи «Таърихи адвори Ҳинд ва мусулмонон».
Ба Афғонистон омадани номбурда ба овозаи ҳамлаи Фаронса ба Ҳиндустон рабт дорад. Баъди эълони чунин хабар сафорати Британияи Кабир ба мавзеи Пешовари Афғонистон фиристода шуда, он ҷо бештар аз як сол мемонад.
Соли 1859 дар мавзеи Сарреуи Британия чашм аз ҷаҳон мепӯшад. Ҳоло сухани мо дар бораи як мақолаи ӯ бо номи «Тоҷикон» мебошад. Китоби «Афғонон: ҷой, фарҳанг, нажод», ки пурра ба забони англисист, аз тарафи Муҳаммад Осафи Фикрат ба забони тоҷикӣ тарҷума шуд. Минбаъд онро ходими Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик Ҷумъахон Сайидалӣ аз хати форсӣ баргардон кард. Ба мақола тарҷумаи ҳоли муаллиф ва як муқаддима афзуд ва дар шакли китобчаи алоҳида бо номи «Тоҷикон» (2018) интишор дод.
Ёдовар мешавем, ки дар бораи ин мақолаи тоҷикшиносии Моунтстуарт Элфинстон ҳанӯз соли 2015 устоди Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон Х. Саидов бо забони русӣ маълумот дода, аҳамияти онро барои шинохти миллати мо ба дурустӣ баррасӣ кард.
 
НОМИ ТОҶИК
Элфинстон ба саволи киро тоҷик меноманд, ҷавоб ҷуста нигоштааст: «Сокинони муқими эронӣ дар баробари истилогарони тотор ва қавмҳои хонабадӯш, ки зоҳиран дар асл эронианд, тоҷик номида мешаванд». Ин андешааш баҷо афтода, зеро воқеан ҳам мо ҳамеша муқимӣ, яъне соҳибони ин марзу бум будаем.
Ҳамзамон, дар баробари зикр кардани корбурди фаровон доштани номвожаи «тоҷик», ба пайдоиш ва маъниҳои он ишора мекунад, ки аксар иштибоҳиянд. Аз ҷумла, тоҷикро қавме бархоста аз миллати араб медонад, ки такрори ғалати таърихист. Албатта, ӯ пажӯҳишгари вижа ва ё ҳирфаӣ набуд, ҳар маълумоте, ки мешуниду огоҳ мешуд, китобат мекард. Тахминӣ будани андешаҳои ӯро ин навиштааш низ муҳри тасдиқ мезанад: «Номи тоҷик корбурди нисбатан густарда дорад. Ин ном гоҳо бар ҳама касоне мансуб мешавад, ки бо туркон ё афғонон махлутанд ва таборашон нестанд ё нажоде ношинохта доранд».
Аммо дар мавриди то куҷоҳо доман густардани тоҷикон ба дурустӣ қазоват мекунад: «Тоҷиконро ҳатто дар Туркистону Чин ҳам метавон дид ва дар сарзаминҳои кӯҳистонии Қаротегин, Дарвоз, Вахон ва Бадахшон ҳукуматҳои мустақил доранд. Чунин менамояд, ки онон дар Эрон, водиҳову ҳамвориҳои Афғонистон дар минтақаи ӯзбак пеш аз вуруд ва пирӯзии дигар ақвом сокин будаанд».
    
ТОҶИКОН ДАР ҲАМА ҶО МУМТОЗАНД
Дипломати англис аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки тоҷикон бо вуҷуди омӯзгори маънавии қавмҳои гуногуни минтақа ва дар касбу корҳо мумтоз буданашон, аз ташаккули куллӣ ва мулки мустақил маҳруманд. Аз ҷумла: «Тоҷикон бо истифода масокини муин, дилбастагӣ ба кишоварзӣ ва дигар мазоҳири зиндагии ақвоми муқим дар ҳама ҷо мумтозанд».
Дар рафти таҳлил сабаби ин ҳолро ба мулоимтинатӣ ва сулҳхоҳии ин миллат вобаста медонад: «Тоҷикон мардумоне сулҳҷӯ ва мутеи ҳукуматанд. Афзун бар кишоварзӣ, ба санъатҳо ва пешаҳое, ки афғонон тарк гуфтаанд, мепардозанд. Онон бо афғонон равобити ҳасана доранд, рафторашон мутакаббирона ва тавҳиномез нест, балки бо онон хешовандӣ мекунанд ва муоширате баробар доранд».
Ин ва дигар иттилоъ, ки овардани ҳамаи он дар ин навишта аз имкон берун аст, дар бораи тоҷикони шаҳрнишин аст. Ба таъкиди Элфинстон: «Шумораи тоҷикон дар шаҳрҳо бисёр аст ва бахши умдаи ҷамъияти атрофи шаҳрҳои Кобул, Қандаҳор, Ҳирот ва Балхро ташкил медиҳанд».
Пас аз ин, номбурда ба тоҷикони кӯҳистон мепардозад.
 
КӮҲИСТОНӢ БОЗ ЯК МУРОДИФИ НОМВОЖАИ ТОҶИК
Элфинстон пеш аз овардани фасли «Тоҷикони кӯҳистон» ба як нуктаи ҷолиб ишора мекунад, ки таваққуфи бештар мехоҳад. Ӯ тазаккур медиҳад, ки: «Онон (тоҷикон – Б.Б.), ки ҷомеаҳои мустақиле доранд, дар навоҳии дурафтода ва душворгузар зиндагӣ мекунанд ва бо дигарон аз чандин ҷиҳат фарқ доранд». Равшан мешавад, ки тоҷикон аз пеш ба муҳити кӯҳистон омӯхта будаанд ва ҳатто ҷомеаи мустақил он ҷо барпо кардаанд. Ин нукта афзуданист, ки тоҷикон ҳамеша аз истисмору зулм парҳез карда, ба кӯҳистон панаҳ бурдаанд ва кӯҳ аз қадим муттако ва намоди ин миллат будааст.
Муаллиф нуфуси кӯҳистониёнро чил ҳазор бармешуморад, ки минтақаи зисташон аз шимолу шарқ бо кӯҳҳои барфпӯши Ҳиндукуш ва баромадагии ҷанубии он маҳдуд аст. Кӯҳистони тоҷикнишинро аз се дараи тӯлонӣ – Наҷвор, Панҷшер ва Ғурбанд ташкилшуда медонад. Дар бораи зироаткорӣ, ҳунармандӣ, олами вуҳушу рустанӣ ва дигар вижагиҳои сокинони ин дараҳо иттилоъ дода, таъкид меварзад, ки тоҷикони ин ҷоҳо ҷасуртару шуҷоътаранд, бештаринашон сарбозони дар кӯҳнавардӣ ва пиёданизомӣ пештозанд.
Элфинстон дар давоми мақола аз тоҷикони баракӣ, фурмулӣ, сарҳадиёну сиистониён ёд мекунад, ки бино ба навиштаи тарҷумони асар Муҳаммад Осафи Фикрат, дар бораи онҳо маълумот хеле кам ва ҳатто нест. Пас, омӯзиши таърихи ин қавмҳои тоҷик бояд кори имрӯзиён бошад.
Бо вуҷуди он ки Элфинстон дар бораи тоҷикон пажӯҳиши вижа анҷом надодааст, аммо бисёре аз донишмандону муҳаққиқон аз он фаровон истифода бурдаанд. Ба ин хотир, огоҳ будан аз чунин сарчашмаҳои таърихӣ на танҳо барои хориҷиён, балки   барои мо – тоҷикону тоҷикистониён зарур аст.
 
Бузургмеҳри БАҲОДУР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 1366
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед