logo

иҷтимоиёт

СОЛИ 1992 БУД...

Чиҳил сол аст, ки ошноем. Ин иртибот аз овони донишҷӯӣ маншаъ мегирад. Чаҳор даҳсола аст, ки аз рӯзгору пайафканданҳояш дар илму дониш огоҳам.
Дӯсти ҳамдилу мушфиқи мо Абдусалом Мирализода низ аз ноҳияи сарҳадии Фархор бе муттако, мисли дигар бачаҳои музофотӣ бо орзуву нияти идомаи таҳсил дар донишгоҳ ба шаҳри калон омада, дар ин раҳи мушкилгузар монеаҳои зиёдеро пушти сар кардааст. Бомаром - афтону хезон, сарфи назар аз деворбандиҳо, ғавгузориҳои ҳарифон бим нагирифт. Рӯзи рӯшан ҳам раҳ ёфту дар шаби тор ҳам. Аз раҳи умед пас нагашт. Агар хом буд, пухта гашт… 
Соли 1992. Ин соли мудҳиш, вазъи нобасомони солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷавонмардони кӯҳистон - сокинони пойтахтро қаринтар гардонд. Маҳз дар ҳамин айём киву ба чӣ қодир будани нафарони як замон наздик рӯшан гардид, имтиҳоне сахт пеш омад. Он дам эҳсоси танҳоӣ ба марг баробар гашт. 
Барои эмин мондан наздикону аҳли хонаводаҳои бисёре аз дӯстон ба чор тараф, тавассути роҳҳои ҳавоӣ, қатора ва мошингард ба шаҳрҳои Тюмен (Россия), Истаравшану Панҷакент, Хуҷанду Кӯлоб, Данғара ва дигар макони бехавфтар раҳнамун шудем.
Дар пойтахт як гурӯҳ - Абдусалом, Самариддин, Ҷумъахон, Ҳақназар, Раҷабалӣ, Абдуғаффор, Саидакбар, акаи Саид ва чанд тани дигар ба умеди рӯзи нек мондем. «Ситоди мо» ҳавлии Абдусалому Самариддин буд. Қариб ҳар рӯз ҷамъ меомадем, маслиҳат мекардем, боз чанд рӯзи дигар тоқат кардан мумкин асту кадоме бояд пойтахтро ба зудӣ тарк гӯяд.
Хавфу хатар як сӯ, норасоии нон, гуруснагӣ ба масоили сангини сокинони пойтахт бадал гашт. Барои дарёфти як буханка хлеб ва ё як батон чи азобу машаққате мекашидем. Навбатпоиву саргардонӣ ва хавфу хатар сари ҳар як қадам моро думболагир буд. Боз ҳам муаллим Абдусалом, Самариддин, Абдуғаффори талхобиву Раҷабалӣ Воҳид мушкили норасоии нонро то андозае осон гардонданд. Сипоси бепоён ба онҳо, ки мову фарзандони моро аз гуруснагиву беҳолӣ вораҳонданд. Хонаашон пури гандум.
Рӯз ба рӯз вазъ муташанниҷ мегашт. Баъди он ки яке аз ошноҳо  – Саидакбар Шарифро (24 - 25 октябри соли 1992) мухолифин ба қатл расонданд, вазъ хатарзо гашт. Боз чанд нафари дигарро талқин сохтем, ки шаҳрро тарк бигӯянд, вале худамон мондем. 
Ҳар пагоҳӣ мисли рӯзҳои муқаррарӣ ба кор мерафтем, ба умед… 
Охири соли 1992. Бо ба шаҳр ворид гаштани нахустин неруҳои ҳукуматӣ ва омадани Сарвари тозаинтихоб, ҷавонмарди матин Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёти осоишта дилгарм шудем. Ҳаракати техникаҳои ҳарбии тасмачархро аз болои бинои маҷмааи «Шарқи озод» бо ҳаёҳую нишот истиқбол гирифтем.
Ёру ошноҳо, наздикон як - як ба хонаву ҳавлиҳои хеш бармегаштанд. Вазъ дар пойтахт ба низом медаромад. Ҳукумати нав идораи мамлакатро муттасил ба даст мегирифт. Боз ҳам ҳавлии Абдусалом - маъвогаҳи дӯстон ранги тоза гирифт. Садои нишот, хушу хурсандӣ, суҳбату маҳфилҳо ба маҷрои аввалааш баргашт. Боз ҳам рӯи нони сериро дидем. Ҳазорон бор шукр…
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва, авзои сиёсӣ дар мамлакат тағйир хӯрд. Боз ҳам аксар дар хонаи муаллим Абдусалом гирд меомадем. Ҳавлии дӯст идхонаро мемонд.
Бахусус, баҳорон, дар Иди Наврӯз, 22 – юми март, дар рӯзи мавлуди дӯст аз базму тараб фараҳ мегирифтем. Ағлаби дӯстони ҳамватанро он рӯзҳо дар хонаи ӯ дармеёфтед. Ошноҳо мегуфтанд, фалонӣ имрӯз муайян дар ҳавлии муаллим Абдусалом аст, рафтем.
Акнун маҳфилҳои хонаи дӯсти мо ранги дигар дошт. Зеро ӯ бо ҳиммат, ҳамдамиву теъдоди меҳмон фарқ мекард. Ин ҳавлӣ солҳои сол маъвогаҳи аҳли илму маърифат, нафароне, ки сар аз солҳои 50 – ум сокини пойтахт гаштаву тавассути заҳмат, кӯшишу ғайрати беандоза соҳибкасб шуда буданд, буд.
Он рӯзҳоро пеши назар меораму ба бонуи хонаи дӯст аҳсант мехонам. Солҳои ноамнӣ, ҳавлии муаллим Абдусалом, маъвои дили дӯстон буд. Сипоси бепоён, ки дар раҳи умр моро бо чунин бародаре ҳамдаму ошно гардондааст.
Иброҳим Обидови 70 – сола бо садои марғуладори хеш аз ҷавонон дида неруманду боғайрат метофт ва дар суҳбат низ авлавият дошт. Мо ҳама гӯшу ҳуш будем. Як сухани устодро ёд дорам:
- Одамони хуб сари роҳи калон хона (ҳавлӣ) мегиранд, - гуфт дови нӯшбоде…
- Ҳавлии дӯсти мо дар шафати ду шоҳроҳ қарор дорад, - афзудам ман.
- Пас Абдусалом одами хуби хуб аст, - гуфтанд устод ва хандаи марғуладоре бар афлок зада афзуданд. – Ҳавлии Абдусалом мисли қалби соҳибаш дилфарост, ҳарчанд манзилаш бошукӯҳ набошад ҳам. Манзили боҳашамат бисёр дидаам, аммо соҳибонашон, ҳатто ба нишасти чортани хондани ошноҳо ба қавле «гурда» надоранд. Хони шогирд доимо густурдаву пурнеъмат аст. Бовар дорам, ки Абдусалом Миралиев ҷойгузини мо – устодон мешавад, кори моро идома мебахшад. Зинда бошем мебинем… 
Дуои пири кор шодравон Иброҳим Обидов мустаҷоб гардид, Абдусалом Мирализода ба мартабаи баланди устодӣ, доктори илми педагогика (2006), профессор (2008), Корманди шоистаи Тоҷикистон расид. Мирализода Абдусалом Мустафо аз 21 январи соли 2020 ба симати ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ифои вазифа дорад. 
Ҳамоно он рӯзҳои аввали ошноӣ, рӯзҳои сахти солҳои нобасомон, хурсандиву нишоти наврӯзӣ, маҳфили ёру дӯстон дар ҳавлии дӯст, хонаи нурбори Абдусалом, рӯзҳои рафтаро ёд меоварем. Он суҳбату шӯхиҳои бачаҳо - нафарони бо заҳмату кӯшишҳои зиёд ба кӯи мақсуд расидаро пос медорам.
Саҳеҳ аст, ки мегӯянд, некмардон аз пазируфтагонанд. Дуогӯи азизонем, ки аз барҳақ гуфта:
Ҳар кӣ дорад донишу ақлу тамиз,
Аҳли ақлу илмро дорад азиз.
 
Умари ШЕРХОН, журналист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 537
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед