logo

фарҳанг

«КУЛЛИЁТ»-и С. АЙНӢ. НАХУСТИН ЧОПИ АКАДЕМӢ

Аввалин ҷилди «Куллиёт», яъне ҷилди 3-и сардафтари адабиёти навини тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Садриддин Айнӣ дар шакли академӣ, интиқодӣ, ба табъ расид. Тибқи муқаррарот он бояд дар 22 ҷилд таҳия ва нашр гардад. Таҳиягар ва мураттиби ин ҷилд Айнишинос, доктори илми филология, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устод Абдулҳай Маҳмадаминов мебошад.
 
Дар ҷилди савуми «Куллиёт» асарҳои таълимии Садриддин Айнӣ – «Тартилу-л-Қуръон», «Зарурийёти динийя», «Таҳзибу-с-сибён» ва «Духтарбача ё ки Холида» ҷой дода шудаанд.
«Тартилу-л-Қуръон»-ро устод Садриддин Айнӣ соли 1909 таълиф кардааст. Нашри китоби «Зарурийёти динийя» ба соли 1914 рост меояд. Ин ҳар ду асарро аз ҷумлаи нодиракориҳо ва шоҳкориҳои устод Садриддин Айнӣ донистаанд, ки шуҳрати беназир доранд. Махсусан, асари дувум маҳбубияти бештар пайдо кард ва дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ чандин маротиба ба табъ расид. Муҳаққиқону мутахассисон иброз доштанд, ки китоби мазкур дар тарбияи ахлоқию маънавии мардум нақши боризу дуруст гузоштааст. Онро, ҳамчунин, асари пандомӯз ва раҳнамои зиндагӣ донистаанд.
Тавре устод Садриддин Айнӣ дар хотимаи китоб изҳор доштааст: «Ин рисола барои синфи дувум ва савуми мактаби ибтидоия буд, ба ҳамин қадар иктифо карда шуд». Устод, ҳамчунон, мақсад гузоштааст, ки таълифи китоби дарсиро барои синфи чаҳоруму панҷум пас аз ин оғоз менамояд ва ба анҷом мерасонад. Масоили рисоларо низ дар ин маврид ном мебарад.
«Таҳзибу-с-сибён»- ро беҳтарин ва барҷастатарин асари устоди равоншод донистаанд, ки дар ибтидои асри XX барои мактабҳои усули нав таълиф намудааст. Аз рӯи маълумоти мураттиби ҷилди савуми «Куллиёт» таҳияи ин китоб, яъне «Таҳзибу-с-сибён» дар асоси матни пурраи нашри дувуми асар (Самарқанд, матбааи Газаров, соли 1917), ки он иродаи матни пешазфавтии нависанда ба шумор меравад, сурат гирифтааст.
Устод барои тақвияти мавзӯъҳои таълимӣ аз ҳикояҳову пораҳои шеърӣ истифода кардааст, ки онҳо, дар ҳақиқат, ибратомӯзанд. Ҳамчунин, ӯ таълимгирандагонро ба таҳаммулпазирӣ, нармдилӣ, ки хоси таълимоти мазҳаби мо аст, даъват мекунад.
Рисолаи «Духтарбача ё ки Холида», низ ки дар қисмати охири «Куллиёт» (ҷилди 3) ҷой дорад, асари таълимии устод Садриддин Айнӣ мебошад. Он бори аввал бо саъю кӯшиши шахсияти маъруфи фарҳангӣ Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим (1875-1934) соли 1924 дар Берлин нашр гардидааст. Рисолаи мазкур низ чун асари таълимӣ, адабӣ, ахлоқӣ ва тарбиявӣ шуҳрату маҳбубияти зиёд пайдо намуд. Тавре мураттибу таҳиягару тарҷумони асар (аз туркии ӯзбекӣ) Абдулҳай Маҳмадаминов менигорад: «Идеали устод  Айнӣ дар ин асар духтарбачаи китобдӯст, бомаърифат, ҳунарманд, покизаахлоқу покизарӯзгор, ба халқ нафъоваранда ва гули сари сабади хонадон мебошад… Китоби «Духтарбача ё ки Холида» дастури пурбаҳо ва роҳнамоест барои тарбияи солими ахлоқию маънавии фарзандони накукирдору накугуфтори шоистаи хонадону лоиқи даврон».
Мураттиб, таҳиягар ва тарҷумон дар охири ҳар рисола «Тавзеҳот» ва «Луғатнома»-ро ҷой додааст, ки барои дуруст фаҳмидани номҳои таърихӣ, масъалаҳои фиқҳӣ ва шарҳу тавзеҳи калимаҳои душворфаҳм мусоидат мекунанд.
Ҳамин тавр, ин китоб аз беҳтарин туҳфаҳое маҳсуб мешавад, ки ба 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Теъдоди нашри ин ҷилди «Куллиёт» 550 нусха мебошад. Беҳтар мебуд, агар бар теъдоди он меафзуданд, зеро алоқамандон ва дӯстдорони китобҳои устод Садриддин Айнӣ чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар ба чандин маротиб зиёд мебошанд. Албатта, ҳар кадоми онҳо доштану мутолиаи ин асарҳоро хоҳонанд. Инчунин, ба манфиати алоқамандон ва миллат мебуд, агар муқоваи ҷилдҳои «Куллиёт»-ро мисли «Куллиёт»-и пеш аз даврони истиқлол нашргардида, яъне сахту зебову пурқувват, мекарданд. 
 
Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 1301
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед