logo

иҷтимоиёт

«ПИСАРИ ВАТАН» - НАМУНАИ ОЛИИ ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ

Достони «Писари Ватан»-и устод Мирзо Турсунзода касро аз деҳи хурде ба майдони корзор, ба ҳимояи Ватан мебарад. Шоҳиди муҳаббати бепоёни Қодир ба ёру диёр мегардем, ки то охирин нафас аз роҳаш барнамегардад. Аз ин рӯ, номаш вирди забони халқу мояи ифтихори Ватан аст. 
 
Достони мазкур, пеш аз ҳама, хирадномаест, ки насли наврасу ҷавонро панди ватандорӣ медиҳад. Дар симои Қодирпаҳлавон рӯҳи шикастнопазири устод Мирзо Турсунзода дар ҳимояи марзу буми аҷдодӣ таҷассум меёбад. Устод Турсунзодае, ки на танҳо «Писари Ватан» - Иттиҳоди Шӯравӣ, балки фарзанди Шарқ буданд. Басо рамзист, ки достон бо панди падар оғоз мегардад. Падаре, ки фарзандашро бо андарзи ниёгон ба воя расонда, шарафманд буданашро талқин мекунад: 
Шараф чизи таҷовузнопазир аст,
Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст. 
Чун аксари бузургони мо, ки аз деҳ баромадаанд, Қодир низ фарзанди рустост. Рустое, ки ҳаёт дар он ҷӯшу хурӯш дораду мардону занони пилтан ҳама пайи коранд. «Саҳрои хушку бенаму об»-ро шодоб намудаву боғ бунёд менамоянд, пахта мекоранд… Ин деҳ бо сокинонаш барои Қодир тамоми дунёст: дар рӯйи анори шаҳдбору себи серобаш рухи модару ҷамоли ёр мебинаду аз бахти баландаш қаноатманд аст. Модари мушфиқе, ки мунису ҳамдами ӯст ва ёри дилороме, ки ӯро Саодат ном аст…
Аммо вазидани шумбоди ҷанг айши мардумро ба якборагӣ талх сохт. Шоир ин лаҳза на танҳо симои пирамардеро, ки аз аҳдшикании душман пайкари ларзонаш месӯхт, тасвир мекунаду даъвати роҳбари давлатро таъкид менамояд, балки хоку кӯҳу мавҷи обу осмону хуршедро ба сухан медарорад, ки ҳама мардумро ба корзор мехонданд: 
Силоҳи ҷанг бар каф гиру бархез! 
Бидон инро фақат тадбиру бархез!
Бо садо додани ин нидо, Қодирро дар майдони ҳарб мебинем, ки теғаш болои сари душман ҷавлон дораду «дар ин роҳи мардӣ» оини дӯстӣ ба ҷо овардаву садоқати хешро ба ёрон собит месозад. Дар симои Қодиру ҳамсангари ӯ – Микола устод Турсунзода дӯстии ду ҷавонеро тасвир мекунад, ки барояшон ҳам деҳи хурди Қодир Ватан асту ҳам Украинаи меҳрубон ва ҳам СССР-и паҳновар, ки акнун рухи зарду дили пурхун дорад. Дар тасвири шоир деҳаи дар коми оташ бо чашмони ашкбор дида ба роҳи фарзандонаш дӯхтааст, то аз банди асорат раҳояш созанд. Ин хок бегонагонро ба оғӯши модаронааш роҳ намедиҳад ва имдод аз фарзандони диловараш мехоҳад. Қодиру Миколаро ашки ҷонсӯзи модарону оҳу шевани  духтарон ва нигоҳҳои маҳзуни падарон ба саманди интиқом менишонад:
Касе, ки хост хоки дигаронро,
Куҷо хоҳад саломат бурд ҷонро?  
Устод Турсунзода ин ҷо дар симои Қодиру Саодат ва Миколаю Марина ишқи ёру диёрро ба ҳам омезиш медиҳанд. Агар Марина то охирон нафас ба душмани ғаддор сар нафаровардаву мардона истодагарӣ карду дар ин роҳ ҷони ширин аз даст дод, Саодат барои нусрати кишвар рӯ ба саҳро овардаву пайи киштукор аст: «Ки кас бинад дар он марги фашистон». Ӯро овозаи корнамоиҳои Қодир, ҷасорату матонату мардонагии ӯ қувват мебахшаду аз ин меболад. Номаи ӯ Қодиреро, ки аз ду дида маҳрум монда буд, умеди фардо мешавад. Ӯ дар симои Қодир Рустамро мебинад. Рустамеро, ки ба душман ҳеҷ сар фуруд наоварда, аз корзор бо ҳазорон кавкаба меояд: 
Ту даъвои маро исбот кардӣ,
Ба аспат шоҳи душман мот кардӣ. 
Роҳи ҷанг роҳи на осонест, ки Қодир пеш гирифта. Шоир қаҳрамонро дар нимароҳи ҷанг мегузорад, ки ду роҳ дар пеш дорад: хатм ва ё идомаи он. Вале номуси мардӣ боло мегирад, фарёди тифлону қатли бузургон, хории духтарону зану фарзандон ва арӯсони ба ҷон пайванд ӯро намегузоранд, ки бе фатҳ сӯи хона баргардад. Азмаш қатъитар мегардаду қадамаш устувортар. Тапиши дили Ватанро ҳис мекунад, овозе таҳрикаш медиҳад:
Ба майдон рав, ки ҳангоми набард аст, 
Ватан ёриталаб аз теғи мард аст. 
Ин достони қаҳрамонӣ симои фарзанди содиқи тоҷикро дар роҳи ҳимояи Ватан бори дигар ба мо ошно месозад. Исбот менамояд, ки ҳатто нобиноӣ ҳам, наметавонад зарба ба иродаи матини тоҷикписар ҳангоми набард занад, зеро чашми дилаш биност. Ташнаи фатҳу зафари Ватан асту ҷон дар кафи даст меҷангад. Чашмони зарбхӯрдааш бо пеши назар овардани саодати Меҳану Саодати деҳ нури тоза мегиранд.
«Писари Ватан»-и устод Турсунзода талошу ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллатро дар ҳимояи марзу бум бозгӯст. Бешубҳа, шуҷоату далерии чунин писарон буд, ки Ватан ба рӯзи пурсаодат бирасид. Дар лабони аз бими фашист парсинбастаи модарону хоҳарон дубора ханда шукуфт. Дар чашмони чори пирони изтиробманд боз шуълаи умед дамид. Ва билохир, Тоҷикистон ба истиқлолияти комил даст ёфт, ки имсол 30 – солагии ин ҷашни муборак тантана дорад. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 988
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед