logo

сиёсат

ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ МИЛЛӢ. АЗ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ТО ТАЪМИНИ АМНИЯТ

Тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, гурӯҳҳои тарғиботӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, ҷамъиятҳо, иттифоқҳои ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои олии касбӣ ва воситаҳои ахбори омма тайи панҷ рӯз (24 – 28 май) ба тамоми шаҳру навоҳии кишвар сафарбар гардиданд. 
Гурӯҳи мо дар ҳайати Абдулло Раҳнамо, мудири бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Киромиддин Мухторов, мудири кафедраи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Абдумаҷид Шоев, мутахассиси КИМ ҲХДТ ва ин ҷониб - Маҳмуд Мирзоён, сармутахассиси Нашрияи расмии Ҷумҳумрии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият», ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои Гулистон, Исфара, Истаравшан, Ашт ва Мастчоҳи вилояти Суғд сафар дошт. Дар ин шаҳру ноҳияҳо 10 мулоқот бо сокинон гузаронда шуд. 
Абдулло Раҳнамо зимни вохӯриҳо гуфт, ки тоҷикон аз зумраи миллатҳои хушбахттарини ҷаҳонанд, ки бо номи худ соҳиби давлати миллии мустақил доранд. Зеро Истиқлолияти давлатӣ ва давлатдории миллӣ орзуи садҳо халқу миллатҳои олам буда, танҳо ба баъзе аз онҳо ба таври истисноӣ насиб мегардад. 
Ӯ афзуд, ки тибқи оморҳои расмии СММ дар ҷаҳони имрӯза беш аз 7000 забони ҳанӯз зинда мавҷуд аст. Табиист, ки дар паси ҳар забоне гурӯҳе, қавме, халқе ё миллате вуҷуд дорад, ки гӯяндагони ин забонанд. Агар аксари ин забонҳо гӯишҳои халқҳои хурд ё қабилаҳои дар ҳоли инқироз бошанд, ҳудуди 2500 аз онҳо забони роиҷи халқиятҳои устуворанд. Аммо дар ҷаҳони имрӯз ҳамагӣ бештар аз 200 давлати мустақил мавҷуд аст, ки на ҳамаашон давлатҳои миллӣ мебошанд. Ҳамин тавр, фақат ҳудуди 3 дарсади аз ҳамаи қавму халқҳои мавҷуда ва ҳудуди 8 – 10 дарсад аз халқу миллатҳои пойдори ҷаҳон соҳиби давлатҳои худанд. 
- Агар чунин таносубро дар байни худи тоҷикони ҷаҳон гирем, боз ҳам воқеияти ҷолибе ба назар мерасад. Зеро аз ҳудуди 50 миллион тоҷике, ки имрӯз дар кишвраҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон, Чин ва ғайра зиндагӣ мекунанд, боз ҳам камтар аз 20 дарсад аз онҳо, яъне фақат тоҷикони сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби давлати миллии мустақили худанд, - иброз дошт Абдулло Раҳнамо. 
Дар ҷараёни мулоқотҳо Абдулмаҷид Шоев доир ба сиёсати давлатии ҷавонон сухан гуфта, иброз дошт, ки имрӯз соҳаи ҷавонон дар авлавияти сиёсати давлату Ҳукумат қарор дорад. Инро бори дигар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин қишри ҷомеа собит намуд. Зеро таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллат ва таҳкими неруи давлат мебошад.
Мақсади сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон аз тарбияи кадрҳои соҳибмаърифат ва мутахассисони дониши васеъдошта ва ватандӯст иборат аст. Хушбахтона, аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ ва хоса насли наврасу ҷавон дар дурнамоии сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта, парастиши ноогоҳона ва тақлидкоронаи фарҳанги барои миллати мо бегона, зӯроварӣ, фаҳшу таҳқир, хусусан унсурҳои паст задани шаъну шарафи инсонро қабул надоранд. 
Зимни дидор бо сокинон зикр шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо масоили амнияти иттилоотӣ аз мубрамтарин ҷанбаҳои амнияти миллии давлатҳо ба ҳисоб меравад. Зеро таъмин набудани амнияти иттилоотӣ таҳдиди мустақим ба амнияти кишвар аст. Имрӯз ҷаҳони муосир дар бархӯрди манфиатҳо, муборизаҳои геосиёсии бемисл қарор дорад. Гузашта аз ин, инсоният ба муаммоҳое чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилоти экологӣ рӯ ба рӯст. 
Бо рушди фаъоли интернет шабакаҳои иҷтимоӣ таъсири худро ба тафаккури ҷомеа хеле амиқ мегузоранд.  Расонаҳои иттилоърасон ба майдони мубоҳисаҳои сиёсӣ табдил ёфтаанд. Агар имрӯз дар муқобили ҳуҷумҳои иттилоотии душманони миллату давлат истодагарӣ накунем, он  ба амнияти кишвар таъсири манфӣ расонда метавонад. Мисоли рӯшан - ин ҷангҳои таҳмилии ҷаҳони муосир аст, ки аксари онҳо аз тариқи даъвати мардум тавассути расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ сурат гирифта, анбуҳи одамон ба майдонҳо кашида шуданд. 
Тайи як соли ахир бар муқобили Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба ҳуҷумҳои бузурги иттилоотӣ шуд. Яке аз онҳо ба давраи пандемияи коронавирус ва дигар ба муноқишаи марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон рост меояд. Бадхоҳони миллату давлат ба ҳар баҳонае мехостанд мардумро ба шӯр оварда, амнияти кишварро халалдор намоянд. Вале халқи фарҳангсолори кишвар аз аҳдофи нопоки онҳо огоҳ гардида, дар партави сиёсати оқилонаю дурбинонаи Пешвои миллат амал карданд.
Дар фарҷоми ҳар мулоқот фикру андешаи сокинон шунида мешуд ва дархосту пешниҳодҳои онҳо сабт мегардид.   
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 738
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед