logo

иҷтимоиёт

ҶОМЕА. МАРДУМ СИЁҲРО АЗ САФЕД ФАРҚ МЕКУНАД

Солҳову асрҳо мегузаранд, вале иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳеҷ гоҳ аз ёдҳо фаромӯш намешаванд. Замине, ки дигар ҳосил намедод, бо қудуми мубораки ин марди фархундапай сарсабзу хуррам гардид. 
 
Мардуме, ки ба шарофати саъю кӯшишҳои хастагинопазираш соҳиби давлат гардиданд, чаро ин марди поягузори сулҳу осоиштагиро қадр накунанду эҳтиромаш нагузоранд? Ҳар касе, ки дидаи бино ва гӯши шунаво дорад, бояд сари ин ободкориҳову бунёдкориҳо биандешад. Тӯли  сӣ соли соҳибистиқлолӣ  мо ба комёбиҳои бузург ноил гаштаем, ки аз онҳо халқи тоҷик меболад. Аммо сиёсатбозони бурунмарзӣ бо гуфторҳои ғаразноки худ латма ба имиҷи миллат мезананд ва бо ақидаҳои пучу бемаънӣ мехоҳанд тафаккуру андешаи насли ҷавонро дигаргун созанд. Магар ин нишонаи одаму одамгарӣ ва миллатдӯстии онҳост? Онҳо аз ҷумлаи кӯрнамаконе мебошанд, ки роҳи худро гум карда, мардумро ба ҳамон роҳ  бурданианд. Бо нигоштаҳои ғаразини худ ва блогерҳои зархаридашон ҳақиқатсозӣ карда, гӯё қаҳрамонӣ нишон медиҳанд. Жарфтар ба хатту саводи онҳо назар афканем, маълум мегардад, ки онҳо чизеро намедонанд, вале худро Афлотуну Суқрот ва Муҳаммад Ғазоливу Ибни Сино метарошанд. Магар намешавад, ки ба ҷои ин беҳудагӯиҳо ба табобати ақлу рӯҳи худ бипардозанду вақти худро зоеъ накунанд. 
Мардуми тоҷик ҳақиқатро аз дурӯғ хуб мешиносад. Он ҳодисаҳое, ки  миллату давлатро ба нестӣ мебурд, фаромӯш нашудаанд. Магар ҳамон гурӯҳи одамоне набуданд, ки барои манфиати шахсии худ мамлакатро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯз кашида, ҳазорон кӯдаконро ятиму бесарпаноҳ гардонданд. Имрӯз намояндаҳояшон, беҳаёёна, дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ лофи ватандорӣ мезананду ба хотири пиёда сохтани ғаразҳои нопоки худ байни мардум таҳлука меандозанд. Бояд онҳо бидонанд, ки мардум ваҳдати сартосариро аз даст намедиҳад  ва онро бо баҳои ҷон ҳифз хоҳад кард.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон имрӯз сар аз як гиребон бароварда, ба хотири пешрафт ва ояндаи шукуфои Ватану миллат зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабонарӯзӣ заҳмат мекашанд. Бо талоши ин шахсияти нотакрори роҳи сулҳу ваҳдат мо дастовардҳои беназирро соҳиб гаштаем. Бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли НБО “Роғун”, нақбҳои “Истиқлол” ва  “Шаҳристон”, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва дигару дигар далели ин гуфтаҳоянд.         
 
Садриддин НЕГМАТОВ, 
корманди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии 
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 559
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед