logo

сиёсат

СИЁСАТ. АНГУШТОНИ ЯК МУШТ БОШЕМ!

Мошини кироя ба пеш, сӯи шаҳри Душанбе босуръат ҳаракат дорад. Мусофирон  пинак рафтаву банда ба роҳ менигараму  корҳои ободонӣ дар ноҳияҳои Айнӣ ва ноҳияи Варзоб моро ба ваҷд меоранд. Роҳи мумфаршу чун кафи даст ҳамвор масрурам месозад. Аммо ҷо - ҷо чашмам ба мӯйсафедоне меафтад, ки кунҷу канори деҳот нишаста, шояд ҳасрати ҷавонӣ доранд. Ҷавонон  ҳам ҷое  давра гирифтаанд. Мошин ба пеш мераваду хаёлот маро ба рӯзгори гузашта мебарад… 
 
Истиқлол моро ғофилгир кард. Ҳамин ки насими озодӣ расид, саросема шудем, ҷанг сар кардем. Ҳамон хатоҳое, ки дар давраи Инқилоби  Октябр содир шуда буд, такрор намудем. Чизе насохта, куҳнаро барбод додем. Колхозу совхозу корхонаҳои хуби замони шӯравиро бо кормандонашон барҳам додем! Клуб, кинотеатр ва чойхонаро ба ҳоли худ гузоштем, аниқтараш валангор кардем. Дар натиҷа, гурӯҳе зуд соҳиби молу мулк шуданду ин ҳамаро аз худ карданд. Мӯйсафедон аз чойхонаи бобоӣ ва ҷавонон аз клубу хонаи маданият ва кинотеатр маҳрум шуданд.
Андеша меронаму шукр мегӯям, ки  Исмоили Сомонӣ тоҷиконро озод намуда, давлати тоҷиконро асос гузошту Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро аз пора - пора шудан наҷот дод. Аз ин ҷост, ки таърих номи онҳоро чун  наҷотбахшони миллат дар саҳифаҳои худ бо ҳарфҳои заррин сабт намудааст. Сано бод ин ду абармарди миллатро! 
Мошин пеш медаваду ман дар андешаи онам, ки чаро бархе аз ҷавонони мо ин ҳама бунёдкориҳоро нодида гирифта, дунболи душманони миллату давлати хеш мегарданд? Аз андешаҳои ман пай бурдагӣ барин, марди солхӯрдаи паҳлуям:
- Аз бекорӣ, - мегӯяд. - Ин ҷавонон ба клубу кинотеатр нараванд. Масалан, дар замони шӯравӣ танҳо дар шаҳри Панҷакент чаҳор кинотеатри зимистона ва ду кинотеатри тобистона, 6 хонаи маданият, як театри халқӣ, 10 чойхона, 5 дукони фурӯши рӯзнома, 6 китобхонаи оммавӣ фаъол буд, ки аз онҳо не ном мондаву не нишон. Замони беҳокимиятӣ онҳоро шахсӣ карданду несту нобуд. Пас, куҷо раванд ҷавонон, куҷо раванд мӯйсафедон? Аз бекорӣ ҷавонон ба роҳи бад мераванд. Дар шаҳрамон бархе аз корхонаҳо танҳо  ба ном амал доранд. Корхонаи муштараки «Зарафшон» иқтидори ҳамаро ба кор гирифтан надорад. Корхонаҳое, ки мекушоянд, қисмати ками мардумро бо кор таъмин месозанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шабонарӯз барои ободонии кишвар заҳмат мекашад, пас чаро мо аз паси ободию созандагӣ ва бунёдкорӣ нестем? Ҷавононро, пеш аз ҳама, бояд ба кор ҷалб кард, ба онҳо имкон бояд дод, ки вақташонро дар клубҳо, кинотеатру ҷойҳои ҷамъиятӣ гузаронанд. «Аз бекор Худо безор» гуфтаанд гузаштагони мо. Ягона роҳи нигоҳ доштани ҷавонон аз каҷравиҳо бо кор таъмин кардани ишон аст. Баробари кор ба маишат ва истироҳати онҳо низ аҳамият бояд дод. 
Менолем, ки ҷавонон рӯзномаву китоб намехонанд, илм намеомӯзанд, театр намераванд. Вале, агар дукони рӯзномафурӯшӣ набошад, мағозаи китоб набошад, театрҳои халқӣ амал накунанд, пас чӣ кор кунанд ҷавонон?
Замонҳои пеш ансамблу дастаҳои мухталифи ҳунарӣ ба шаҳр ба сафари ҳунарӣ меомаданд, зуд – зуд бо адибону олимон вохӯриҳо ташкил мешуд, аммо ҳоло бархе аз чорабиниҳо ба хотири худнамоӣ гузаронда  мешаванд. Шук-ри Худо Тоҷикистон пешрафт карда истодааст. Бунёдкориву фарҳангдӯстиро ҷавонон бояд аз Пешвои миллат омӯзанд. Аз ин рӯ, роҳбарони шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро лозим аст, ки баробари сохтани марказҳои савдо ба бунёди марказҳои саломатӣ, ҳаммому сартарошхона, дукони рӯзномафурӯшӣ, мағозаи китобу китобхона ва чойхонаҳо низ дар маҳалҳо даст зананд. 
Панҷакент 14 ҷамоат ва беш аз 133 деҳа дорад, вале танҳо дар  деҳаи Навободи деҳоти Лоиқ Шералӣ чашмам ба дукони  рӯзномафурӯшӣ афтоду халос. Ба деҳоти Фароб, Моғиён, Рӯдакӣ, Ворӯ рӯзномаҳо моҳнома шуда мерасанд. Пас,  мардум чиро хонад? Ин холигиро шабакаҳои иҷтимоӣ пур карда истодаанд. 
Ба рӯзномаю ҳафтаномаҳо чашм дӯзем, саҳифаҳои онҳоро навиштаҳое аз ваҳшонияти наҳзатиён пур кардаанд. Аммо, вақте ки мебинем онҳо дастраси мардум нестанд, аз ин заҳмати бефоида чӣ суд? Мутаассифона, кормандони почта рӯзномаҳоро на ҳамеша ва сари вақт дастраси мардум мекунанд. Мусаллам аст, ки дар ин маврид филму сериалҳои кишварҳои ҳамсоя дар рагу пайи мардуми мо ҷой мегиранд. Танҳо таҷрибаи судманди солҳои охир ҳамин силсиламустанади «Хиёнат» гашт. 
Хаёл  мекунед, ки ҳаводорони наҳзат дар  Тоҷикистон решакан шудаанду зиёиёни пайрави онҳо аз хоҷаҳояшон рӯй гардондаанд. Ба андешаи  мо, онҳо ҳоло ҳам дар пайтанд, ки боз ба майдонҳо баромада, ба таври ройгон шикам пур карда, бо шиорпартоӣ сари мардумро гиҷ созанд.  Боз рӯзҳои охир як феъли нав пайдо кардаанд: ҳар ҷо – ҳар ҷо навиштаҷоти вазъи ҷомеаро халалдорсозанда ҳаккокӣ мекунанд. Вайрон кардан осон, обод кардан хеле ва хеле мушкил аст. 
Мақсад аз  ин нигоштаҳо он аст, ки ҳар яки мо ҳушёриро аз даст надиҳем, то боз фарзандону наберагонамон дастнигари хориҷиён нашаванд, ҷавонони миллат гулгункафан, оилаҳо бесаробон намонанд.  Ман аз пирони кордида хоҳиш мекунам, сари ҷойнамоз дуо кунед, ки кишвари мо осуда бошад, хотири мардум ҷамъ ва ҷавонон ба роҳи рост ҳидоят шаванд. Модарони азиз, дар сари гаҳвора ба тифлон нидо кунед, ки пайрави Пешвои миллат бошанд. Ба пои Сарвари мо хор нахалад ва мо якҷо Тоҷикистонро пеш барем. 
 
Холмурод САФАРЗОДА, 
аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, 
сокини шаҳри Панҷакент
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 686
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед