logo

иҷтимоиёт

ДАР БОРАИ ПАДАР. ХОТИРАҲОИ МАСЪУД ТУРСУНЗОДА

Мирзо Турсунзода. Ин ном кайҳост дар дили мардуми тоҷик ва халқҳои ҷаҳон ҳамчун шахси ватандӯсту меҳанпараст ва мунодии сулҳ маъво гирифтааст. Ӯро ба ҳайси инсони хоксору фурӯтан мешинохтанду гиромӣ медоштанд. Дарвоқеъ, Мирзо Турсунзода абармардест, ки тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ чун соҳиби тамаддуну фарҳанги беназир муаррифӣ намудааст. Рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба хотири гиромидошти 110 – умин солгарди ӯ озмуни ҷадид эълон  кард. Рафти озмун собит намуд, ки дӯстони ин марди асил ҷиҳати изҳори эҳсоси хеш интизорӣ мекашидаанд. 
Дар як муддати кӯтоҳ на танҳо аз тамоми гӯшаву канори кишвар, балки аз ҳамсоякишварҳо низ дӯстдорони каломаш дар бораи қаҳрамони миллати мо хотироти хешро дастраси хонандагон гардонда, озмунро аз сатҳи ҷумҳуриявӣ ба сатҳи байналмилалӣ бароварданд. Табиист, ки чун устод худ шахсияти байналмилалист, озмун низ ҳамчунин бояд бошад. Воқеан, маҳз ҷараёни озмун водорам сохт, то аз худ суол кунам: «Агар устод нисфи умрро дар хориҷи кишвар бигузаронда бошанд, фарзандон ӯро кай медиданд?».
Ба ин хотир, рафтам суроғи писари устод Масъуд. То наздашон рафтан ҳазору як фикр ба сарам меомад, ҳатто вуҷудамро ҳаяҷон фаро гирифта буд. Вале, кор бо дидани ӯ якбора ранги дигар гирифт. Дарро ба рӯям касе кушод, ки гӯё дунёи меҳрро ба кас ҳадия менамуд. Бо табассуми самимӣ пешвозам гирифту ман низ аз ӯ чашм канда наметавонистам. Ҳар касе мисли ман аввалин маротиба ӯро бубинад, гумон мекунад, ки худи устод Мирзо Турсунзода дар рӯбарӯяш истодааст. Суҳбати мо озоду самимӣ сурат гирифт. 
- Дарвоқеъ, баъзан ҳанӯз ҳам хаёл мекунам, ки ӯ ба сафари тӯлоние рафтаасту бармегардад… Падарро пазмон шудем...  Хаёли ҳамсуҳбатам ин дам ӯро ба дунёи кӯдакиаш бурд: 
«Хуб дар хотир дорам, дар синфи шашум мехондаму ба асбобҳои техникӣ шавқ пайдо намудам. Аз ин рӯ, хонаамон пур аз оҳанпора шуд. Боре байни онҳо чашмам ба дастгоҳи радиои вайрона афтоду хостам онро таъмир намоям. Аз симҳои махсус барояш мавҷгир сохтам. Чанд қисми норасидро ба он пайваста, радиоро ба кор даровардам. Падарам аз сафари хизматии навбатӣ баргашта, бо шунидани садои радио хурсанд гардиданд. «Акнун дилам аз ту пур», - гӯён тавсифам намуданд. Шурӯъ аз он рӯз бо техника сарукор гирифтан бароям шуғли доимӣ гардид. Боре барои радиои дилхоҳро таъмир намудан, қисмҳои эҳтиётиашро наёфтаму аз падар хоҳиш кардам, ки аз Маскав онҳоро бароям биёранд. Як рӯз қабл аз бозгашт хабар доданд, ки фардо ба истиқболашон ба фурудгоҳ оям. Ҳангоми истиқбол падарам хастаҳолона гуфтанд: «Уффф, гир ин дарди сарро. Кори дигар наёфтӣ, ки ин шуғлро пеша кардӣ». Замоне борхалтаро бардоштам, эҳсос намудам, ки он чӣ қадар сангин аст. Даруни он ду трансформатори ҳар кадомаш 4,5 килоӣ, як дастгоҳи дигар бо вазни 6 кило буд. Ҳамин тавр, радиоро ба кор дароварда, дарахти калони паси хонаамонро буридаму антеннаро насб намудам. Аз рӯи одат падарам ҳар бегоҳ гирди ҳавлӣ мегаштанду гулҳову дарахтони сабзкардаашонро назорат менамуданд. «Масъуд! Ин ҷо ба фикрам дарахти себ буд-а?», - гӯён пурсиданд. «Бале, падар, вале, пир шуда, навдаҳояш хушк шуданд, бинобар ин онро буридам», - ҷавоб додам ман. «Дурӯғ нагӯй, дарахтро барои насби мавҷгир буридӣ?» - гуфтанд. Падарам ҳеҷ гоҳ хашмгин намешуданд, ҳоло ҳам орому нарм аз ман суол карданд. Дар посух гуфтам: «Охир, шумо гирди ҷаҳон мегардед. Инро пайваст кардам, ки аз рафти сафарҳоятон огоҳ бошем. Яъне, мо метавонем тариқи радио шуморо дар ҳама ҷо ҳамроҳӣ намоем». Падарам бо шунидани ин суханҳо лабханди ширине зада, чизе нагуфтанд. Он радиоеро, ки бо кумаки падар сохтаам, то ҳол маҳфуз медорам», - бо табассум аз падар ёд кард ҳамсуҳбатам.
Суҳбати мо гарм идома ёфт. Ӯ қиссаашро давом дод:
- Боре, ҳангоми таътили тобистона, падарам маро наздашон хонда гуфтанд: «Масъуд ту акнун марди калон шудаӣ, ба лагери кӯдакона рафтанат муҳим нест, бояд бо коре машғул гардӣ». Хостам гӯям, ки кор дорам, ишора ба таъмири радио карданӣ будам, вале ҷуръат накардам. Падарам фаҳмидагӣ барин: «Ягон ҳунари дигарро ҳам ёд гирифтанат даркор», - гуфтанд. Ҳамон сол маро назди раиси Боғи ботаникӣ бурда, хоҳиш карданд, ки ба ман гулпарварию сабзкориро омӯзонад. Ҳамин тавр, тӯли се моҳ дар Боғи ботаникӣ ба шинондану парвариши гулу буттаҳо машғул шудам. Баъд аз он корро дар ҳавлӣ идома додам, ки аз он падарам хеле қаноатманд буданд.  
Мусоҳибам мегуфт, ки зиндагии онҳо саршор аз хотироти рангин аст. Афсӯс аз он мехӯрд, ки бисёр лаҳзаҳои хубро ба дасти фаромушӣ додааст. Вале, бо вуҷуди ин, ӯ мекӯшид беҳтарин лаҳзаҳои бо падар буданро кӯтоҳ ҳам бошад, қисса намояд.
- Ҳар вақте ки падарам аз сафар бармегаштанд, рӯзҳои истироҳат ба Қаратоғ мерафтем. Фасли баҳор, ки доманакӯҳҳои ин дара диданӣ мешуданд, ҳамроҳ бо аҳли оила ба чидани шибиту гиёҳҳои дигар мебаромадем. Аз рӯи анъанаи хонаводагӣ дар фасли баҳор хӯроки асосии мо аз гиёҳ буд. Боре падарам ҳангоми сафари хизматӣ дар шаҳри Маскав бемор шуданд. Ӯро дар беморхона бистарӣ карданд. Модарам ӯро ҳамроҳӣ менамуданд. Гарчанде он ҷо хӯрокҳои серғизову хуб медоданд, падарам хӯрдани ғизоҳои миллиро дӯст медоштанд, бинобар ин, модарам ба ман гуфтанд, ки шибит пайдо намуда, бифиристам. Он вақт мавсими шибит қариб гузашта буд. Саҳарӣ бозорҳои шаҳрро кофта шибит ёфтаму ба Маскав рафтам. Бо дидани ман онҳо дар ҳайрат монданд. «Ана ин шибит», - гуфта баъди аҳволпурсӣ ба модарам халтаро додам. Падарам бо завқ: «Рав як шулла пухта биёр, мазаи даҳонам паридагӣ», -  гуфтанд.
Мусоҳибам мекӯшид зиёдтар аз даврони бо падар буданаш қисса намояд. Ғамхориҳои пайвастаи падарро ба ёд меовард:
-  Боре хонандагон аз ман хоҳиш намуданд, ки падарамро барои суҳбати кушод ба мактаб даъват намоям. Ман хоҳиши онҳоро ба падар расондам. Мунтазири ҷавоб дуздида назар меафкандам. «Вақт шавад, албатта, меравам», - гуфтанд. Ҳамин тавр, рӯзе тибқи ваъда вориди мактаб шуданду хонандагон зуд дар атрофи падарам ҷамъ омаданд. Яке шеър мехонду дигаре суоли мавриди назарашро медод. Падарам саргарми суҳбат димоғашон чоқ, аз дӯстону рафиқонашон нақл мекарданд. Ғайричашмдошт нигоҳашон ба писаре афтод, ки аз дигарон канор менишаст. «Ту чаро дур нишастаӣ,  аз куҷо ҳастӣ? - пурсиданд падарам. «Аз ноҳияи Файзобод. Модар надорам, падарам маро партофта рафт. Рафиқонам маро бепадар мегуфтанд. Ман борҳо гуфтам падарам бармегардад, вале ӯ намеомад. Боре ҳангоми бозӣ як рафиқам маро боз бепадар гуфта таҳқир намуд. Маҷбур шудам ба суроғи падар бароям. Ҳамин тавр, аспи ҳамсояро дуздида, ба роҳ баромадам, вале милиса маро дошт. Асли ҳодисаро гуфтам, аммо аз оне ки падару модар надоштам, ҳамчун фарзанди душвортарбия маро ба ин мактаб оварданд». Падарам парво накун, ин ҳама мегузарад, гуфта, ӯро дилбардорӣ  намуданд. Боре аз сафар баргаштанду маро ба наздашон хонда, пурсиданд: «Ҳоло ҳам ҳамон писар дар мактаб ҳаст?». Ман эҳсос намудам, ки падарам ҳамон писарбачаи файзободиро дар назар доранд. «Бале, ҳаст», - гуфта ҷавоб додам. «Инро бурда ба ӯ аз номи ман тақдим бикун», - гуфта ба қуттии дасташон ишора намуданд. Вақте диданд, ки ман бо тааҷҷуб ба он менигарам, илова намуданд: «Ин дурбин аст, бар ба шогирдат деҳу гӯй, ки тавассути он манзараҳои зеборо тамошо кунад, то зиндагиаш рангин шавад. Ва боз гӯй, ки дурбин буданро омӯзад, ба зиндагӣ бо назари дур нигоҳ кунад…».
Дарвоқеъ, устод Мирзо Турсунзода ҳамеша мекӯшиданд, ки дар қалби одамон тухми некиро сабз гардонда, сарфи назар аз шикасту рехт ояндаро дурахшон нишон диҳанд. Зиндагии устод китоберо мемонад, ки ҳар саҳифааш панд аст. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 01.06.2021    №: 107 - 108    Мутолиа карданд: 579
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед