сафарҳо
ОҒОЗИ САФАРИ РАСМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН
2 июни соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Исломобод - пойтахти Ҷумҳурии Исломии Покистон шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Исломобод Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари мизбон бо самимияти олӣ истиқбол гирифтанд.
Барои пазироии меҳмони олимақом фурудгоҳ бо аксҳои сарварони давлатҳои Тоҷикистону Покистон, парчамҳои ҳар ду давлат ва шиору овезаҳо оро ёфта, Горди фахрӣ саф ороста буд.
Тибқи муқаррароти сафарҳои расмӣ, ба ифтихори меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик дода шуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.06.2021 №: 109 Мутолиа карданд: 2177