logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ҶАВОНОН

Истиқлолият ҳамчун дастоварди олӣ ва нодири мардуми шарафманди кишвар ҷиҳати тавсеаи имконот ва шароити мусоиду арзанда барои насли ояндасоз – ҷавонон заминаи мусоид фароҳам овард. Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхорӣ ба ҷавонони  кишвар тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. 
Мо – ҷавонон хуб дарк менамоем, ки ояндаи тақдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши мост. Ин рисолати хайр, яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдодӣ ва Ватани азизи хеш, масъулияти бузург дорад ва ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ пайваста кӯшишу талош намоем. Маҳз бахти неку толеи баланди ҷавонони мамлакат аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо татбиқи пайгиронаи сиёсати давлатии ҷавонон ягон масъалаи марбут ба ҳаёти ҷавононро аз мадди назар дур намегузорад ва дар ин раванд тамоми чораҳоро амалӣ менамояд, то ки ҷавонону наврасони мамлакат ҳамқадами замон ба камол расанд. Шарафу номуси ватандорӣ ва ормонҳои халқамонро ҳамеша шиори зиндагиву фаъолияти худ қарор дода, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишварамон боз ҳам бештар заҳмат мекашем ва барои рушди устувори Ватани азизамон минбаъд низ хидмати арзанда анҷом медиҳем.  
Пешвои муаззами миллат аз иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номус ва боирода ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, дар яке аз суханрониҳояшон таъкид доштанд: «Ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол, аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».
Қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, таҳия ва амалӣ гардидани стратегия, консепсия ва барномаҳои дурамали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар риштаи илм, стипендияҳои президентӣ ва “Дурахшандагон” барои донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон, Квотаи президентӣ барои хонандагони макотиби  шаҳру ноҳияҳои дурдаст, баргузории конфронсҳои илмии олимон ва муҳаққиқони ҷавони ҷумҳурӣ, нашри маҳсули илмии олимони ҷавон ва амсоли инҳо аз он дарак медиҳанд, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус доранд. 
Дар ҳақиқат, хизматҳои шоёни Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, пос доштани муқаддасоту арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватан ва миллати худ бебаҳост. 
Хушбахтии мо – ҷавонон аст, ки дар фазои сулҳу суботи комил, тараннуми якдиливу якпорчагии Ватани маҳбуб, таҳкими давлатдории навини миллӣ ва марҳилаи рушди устувору босуботи ҷомеа умр ба сар бурда, баҳри амалӣ намудани сиёсати дурандешона ва муваффақонаи Пешвои миллат, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъӣ ва кафили саодату осудагии ҳар як сокини кишвар мебошад, камари ҳиммат баста, ҳамеша дар сафи пеши соҳибватанон қадамҳои устувор мегузорем. 
Бо сарфарозӣ ва ифтихормандӣ изҳор менамоем, ки дар идомаи пуштибониҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат дар роҳи саодати халқу Ватани азиз бо тамоми ҳастӣ ва дасту дили пок саҳм мегузорем.
 
Шодмон НУРМАТОВ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2021    №: 109    Мутолиа карданд: 699
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед