logo

иқтисод

САБЗӢ. ҶАҲИШИ РЕКОРДИИ НАРХИ ОН ДАР БОЗОР

Тайи чанд рӯзи охир дар бозорҳои мамлакат, аз ҷумла КВД “Бозори Деҳқон” ва КВД “Саховат”, ки таъминкунандаи асосии маҳсулот ва танзимкунандаи нарх барои сокинони пойтахт ба шумор мераванд, нархи як кило сабзии истеҳсоли ватанӣ то 8 сомонӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Дар мағозаву нуқтаҳои дуртари аҳолинишин бошад, то 10 сомонӣ арзиш дорад. Ба таври бесобиқа гарон шудани арзиши сабзӣ дар кишвари аграрии мо, ки дар заминҳояш имкони рӯёндани ҳосили фаровон мавҷуд аст, касро ба тааҷҷуб меорад. Омилҳои асосии он дар чӣ бошад? 
 
ЧАРО САБЗӢ ҚИМАТ ШУД? 
Мастон Шарифов, муовини директори КВД «Бозори Деҳқон”, дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки дар ҳақиқат, тайи рӯзҳои охир дар бозорҳои кишвар якбора болоравии нархи сабзӣ ба амал омад. Яке аз сабабҳои асосии гароншавии нархи он, пеш аз ҳама, дар фасли баҳор нисбатан сарду сербориш омадани  ҳаво мебошад. Сардии барзиёд барои афзоиши сабзии нав монеа эҷод кард. Аз ин сабаб, воридоти ин маҳсулот нисбат ба талаботи бозор ба таъхир афтод. 
- Айни ҳол масъалаи мазкур таҳти назорат қарор дошта, ҷиҳати ҳалли саривақтии он мо бо хоҷагиҳои деҳқонии ватанӣ, аз ҷумла бо ноҳияҳои Ҷайҳун, Носири Хусрав, Шаҳритус, Ҷалолиддини Балхӣ, барои ворид намудани сабзӣ шартнома бастем, - гуфт Мастон Шарифов.     
                                         
ТАЪСИРИ ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ
Аксари кишоварзон номусоидии боду ҳаворо ба коҳишёбии кишти сабзӣ  марбут медонанд. Дарвоқеъ, кори деҳқонон ба вазъи боду ҳаво сахт вобаста аст. Тавре маълум, агар боду ҳаво мусоид бошад, боиси фаровонии ҳосил ва рӯсурхии кишоварзон мегардад. Дар акси ҳол ҳосили дастранҷи деҳқонон талаф ёфта, онҳо ба ҷои манфиат зиён мебинанд. Дар ҳоле ки тайи чанд соли охир тағйирёбии иқлим ва ноҷӯриҳои табиат дар тамоми ҷаҳон боиси хисороти зиёд дар ҳамаи соҳаҳо, хусусан заминҳои кишоварзӣ, мегардад. Чунончи, зироати киштшуда зери об монда, заминҳои кишт хароб мегарданд, меваҳоро аксар вақт сармо мезанад ё зироатҳоро ҳашароти зараровар зер мекунад. Яъне, аз офатҳои табиат ҳар гуна ҳолатро интизор шудан мумкин аст, аз он ҷои гурез нест. 
                        
АГАР ЗАХИРА ФАРОВОН БОШАД…
Ба андешаи коршиносон, бояд сохторҳои масъули ин бахш саҳлангорӣ накарда, илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ бинанд. Масалан, агар дар ҳолати дар сардхона ва анборҳои нигоҳдории маҳсулот сабзии тирамоҳӣ ба қадри кофӣ ва барзиёд захира карда мешуд, боиси ташвиши мардум намегардид. Дар ҳоле ки дар фасли тирамоҳ, айёми ғунучини ҳосил қисми зиёди маҳсули дастранҷи деҳқонони навоҳии дурдасти кишвар аз сабаби набудани харидор талаф меёбад. Зеро бештари деҳқонон шароити дурусти нигоҳдорӣ (аз қабили сардхона ё анбор) ва имкони ба бозор баровардани ҳосили рӯёндаашонро надоранд. Пас, табиист, ки камчинии ҳамаи номгӯи маҳсулот боиси болоравии нархи он мегардад. 
 
САБЗӢ ХӮРОКИ ЧОРВО ШУД
Ноҳияи Ҷайҳун яке аз минтақаҳое мебошад, ки дар он ҳама намуди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзӣ, фаровон мерӯяд. Кишоварзони ин ноҳия ҳамасола бо заҳмати шабонарӯзӣ барои таъмини бозорҳои истеъмолии кишвар бо меваю сабзавот ва полизиҳо саҳми калон мегузоранд. 
Маҳмаддовуд Сафаров, сардори хоҷагии деҳқонии «Ҳаким» - и ноҳия, чанд сол инҷониб дар масоҳати 3,20 гектар ба парвариши сабзавот ва полизиҳо машғул аст. Пешаи ӯ ва аҳли оилааш деҳқонист, зеро аз пушти меҳнати худ нон мехӯранд. Гарчанде, аксар вақт маҳсули дастранҷи ин хоҷагӣ талаф меёбаду зиёни бисёр низ мебинанд, боз дар ин роҳ таваккалро интихоб мекунанд. Ӯ имсол низ дар масоҳати 80 сотих сабзӣ ва дар боқимондаи замин полизӣ кишт намудааст. Чунки заминҳои ин минтақа барои парвариши чунин маҳсулот мувофиқ буда, ҳосил хеле хуб мешавад. - Соли гузашта дар масоҳати 1 гектар сабзии тирамоҳӣ кишт намудем. Ҳосил хуб шуд, бо аҳли хоҷагӣ 35 тонна сабзии хушсифат ҷамъоварӣ намудем. Мутаассифона, нархи ҳар кило сабзӣ ба 20 дирам фаромад, харидор наёфтем. Хулоса, қисми сабзӣ хӯроки чорво шуд ва қисми дигар пӯсида нобуд гашт. 
Чанд рӯз қабл аз назди хоҷагии ҳамсоя гузар мекардам, ки ӯ ҳосили фаровони пиёзи хоҷагиашро ҷамъоварӣ намудаасту ба кӣ ва куҷо фурӯхтанашро намедонад. Аз ноилоҷӣ ба савдогаре 80 тонна пиёзро ба маблағи 7,5 ҳазор сомонӣ фурӯхт. Дар ҳоле ки барои рӯёндани ҳамин қадар ҳосил маблағи беш аз 27 ҳазор сомонӣ хароҷот намудааст. Айни ҳол як кило пиёз дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия 20 - 30 дирам арзиш дорад. Ман аз таҷрибаи чандинсолаам медонам, ки кори кишоварзӣ, аз ҷумла парвариши сабзӣ, пиёз ва полизиҳо низ, айни ҳол серхароҷот ва мушкил шудааст. Агар аз як ҷониб таъсири боду ҳавои номусоид ба кори деҳқон таъсири манфӣ расонад, аз ҷониби дигар, болоравии нархи маводи сӯзишворӣ, техникаҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, таъмини кормандони мавсимӣ мушкили моро дучанд мегардонад. Бар замми ин, норасоии об дар айёми ташналаб будани зиминҳои кишт деҳқононро ниҳоят ранҷ медиҳад. Аксар вақт маҳсулот аз беобӣ хушк мегардад, - мегӯяд Маҳмаддовуд Сафаров.  
Тавре аз суҳбат бо ин деҳқони асил дарёфтам, ӯ аз мушкилӣ ҳарф мезанаду дар ҳалли он дасткӯтоҳ аст, зеро ин мушкили на танҳо хоҷагии ӯст, балки мушкили аксари деҳқонони ин ноҳия мебошад.
 
МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД
Ҳамасола дар бозорҳои кишвар чунин ҳолат пеш меояд, ки нархи як навъи маҳсулоти кишоварзӣ бо сабабҳои гуногун якбора гарон шуда, баръакс арзиши навъи дигари маҳсулот паст мешавад. Чунончи, имсол пиёз дар ҳамаи манотиқи кишвар фаровон ва нархи он низ дастрас аст. Баръакс, нархи картошка ва сабзӣ гарон гардидааст. Ба гуфтаи аксари савдогарон, нархи ин маҳсулот дар нуқтаҳои яклухтфурӯшии пойтахт афзудааст. Онҳо танҳо чанд дираме ба он зам мекунанду халос. 
Тавре аз суҳбат бо харидорон, деҳқонон ва фурӯшандаҳои нуқтаҳои яклухтфурӯшӣ бармеояд, ин мушкилӣ хеле ҷиддӣ буда, ҳалли худро интизор аст. Яъне, масъалаи асосӣ дар дуруст ва аз рӯи дурнамо нақшагузорӣ нашудани кишти маҳсулоти кишоварзӣ аст, ки омили бавуҷудоии мушкилоти мардум гаштааст. Агар ҳамаи номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ тибқи талаботи солонаи аҳолӣ (бигзор ба ҳисоби миёна бошад) кишт гардад ҳам, сокинон ба мушкилии гаронии нарх мувоҷеҳ намегарданд, ҳам деҳқонон аз фаъолияти деҳқониашон ба ҷои манфиат зиён намебинанд. Чунки ба киштукор саргарм буда, аз ҳоли бозору талаботи мардум огаҳӣ надоранд. Барои онҳо мутахассисони соҳа бояд маслиҳати судманд дода, самти манфиатнок-ро нишон диҳанд ва дастури дурустро пешниҳод намоянд. 
Ҳикматулло Назиров, директори Институти боғдорию сабзавоткории АИКТ, дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки барои пешрафти истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ ҷобаҷокунии зироатҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ вобаста ба шароити иқлиму хок ва маркетинги он хуб ба роҳ монда шавад. Раёсати кишоварзии ҳар як шаҳру ноҳияро зарур аст, ки ба хоҷагиҳои деҳқонӣ аз рӯи талаботи ҷомеа ва бозор бо мақсади самаранок ва оқилона истифода бурдани замин  кишти ин ё он зироатро тавсия диҳанд.
 
АЗ НАВМЕДИҲО БАСЕ УМЕД АСТ...
Бино ба маълумоти раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, тибқи “Дурнамои сохтори кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2021” дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 4738 гектар кишти сабзӣ ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 33 гектар зиёд мебошад. Ба ҳолати 21 майи соли равон хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ҷумҳурӣ дар майдони 4310 гектар кишти сабзиро гузарондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешӣ 6 гектар зиёд аст. Истеҳсоли сабзӣ ба ҳолати 1 январи соли равон ба миқдори 255491,1 тонна расонда шудааст. 
 
ЧӢ БОЯД КАРД?
Тавре маълум, болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозорҳои истеъмолии мамлакат ба ҷайби мардум таъсири манфӣ расонда, боиси нигаронии онҳо гаштааст, зеро ин ҳолат шароити рӯзгори сокинони кишварро душвор гардондааст. 
Бигзор, чунин ҳолатҳои рухдода ба сохтору ташкилотҳои масъул дарси ибрат шаваду ҷиҳати ҳалли онҳо нақшаҳои наву судманд тарҳрезӣ намоянд. Хусусан, барои таъмини бозор бо сабзӣ, ки айни ҳол масъалаи доғи рӯз гаштааст, дар фасли тирамоҳ, айёми ғунучини ҳосил маҳсулоти рӯёндаи деҳқонон (ба мисоли хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун) барои харид ва нигоҳдорӣ дар яхдонҳо мусоидат намоянд. Деҳқонон низ аз фаъолияти пурмашаққаташон манфиат бинанду бозорҳо низ аз ҳамаи маводи хӯрока фаровон. Вагарна, чун имсол маҳсули дастранҷи деҳқон хӯроки чорво мешаваду дар бозорҳо камчину гарон. Саволи матраҳ ин аст: Чӣ бояд кард, ки чунин ҳол боз такрор нашавад?
     
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2021    №: 109    Мутолиа карданд: 1555
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед