logo

иҷтимоиёт

«ТОСҚАЛЪА». САД ҲАЙФИ ОСОИШГОҲ

Шодравон Миралӣ Маҳмадалӣ хоҷагии ба номи Ленинро на танҳо дар ноҳияи Восеъ, ҳамзамон, дар қатори хоҷагиҳои пешқадамтарини пахтакори Осиёи Миёна овозадор гардонда буд. Хоҷагӣ соле аз пахтакорӣ зиёда аз 17000 тонна «тиллои сафед» рӯёнда, аз ҷиҳати гирифтани ҳосил миёни пахтакорони шӯравӣ рекорд мегузошт. Донишу таҷрибаи бадастовардаи бисёрсолаи муррабии деҳқонони чирадасту ҳимматбаланд боиси ба воя расидани даҳҳо қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ гардид. Хоҷагӣ аз ин ҷиҳат парчамбардори Тоҷикистон буд. 
Меҳнати аҳлонаи падарони шуҳратманд сарчашмаи тараққии ҳамаи соҳаҳои хоҷагидорӣ мегардид. Пахтакорӣ аз ҳар гектар агар 45-46 сентнериро ташкил медод, говҳои ҷӯшоӣ 4500 - 5000 литр шир медоданд. Говҳои гӯштӣ бо вазни 850 то як тонна супурда мешуданд. Паркҳои мошинию трактории дохили хоҷагӣ аз рӯи базаи моддию техникӣ ба автопаркҳои шаҳрҳои калон шабоҳат доштанд.
Чунин истеҳсолоти файзбор боиси тараққиёт ва пешравии хоҷагӣ гардида буд. Меваҳои лазизу хуштаъм ва асали дармонбахши он Намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи мамлакатро дар шаҳри Москва зеб медоданд.
Он вақт осоишгоҳҳо дар шакли давлатӣ амал мекарданд. Колхози ба номи Ленини ноҳияи Восеъ дар ҷумҳурӣ ягона хоҷагие буд, ки аз даромади худӣ дар мавзеи ба биёбон шабоҳатдоштаи Тосқалъа осоишгоҳи табобатӣ бунёд намуд. Атрофи осоишгоҳро ба боғоти мевадиҳанда ва дарахтони сояафкани сӯзанбарг чунон боғкорӣ намуд, ки сари кас Офтобро намедид.
Дармоне, ки табиат офарида буду онро мебоист дар осоишгоҳ баҳри табобати бемориҳои тарбод, безурётӣ ва бемориҳои мардона истифода мекарданд, сияҳлои гарм ҳисоб мешуд. Тадқиқоти гузарондаи олимони аз Маскав даъватшуда басо муфид ва беназир буданашро нишон дод. Воқеан, дар баландии аз сатҳи баҳр 2600-2700 метр ҷӯш зада баромадани сияҳлой муъҷизаи табиат аст. Маъвои он ноҳияи Темурмалик мебошад ва ҳамаи курортҳои мамлакат барои табобати бемориҳои тарбоду сутунмуҳра, меъда ва простатиту аденома аз ҳамин лойи таркибаш шӯри ҳамаи навъҳои бактрияҳоро маҳвкунанда истифода мебаранд. Ин аст, ки дар ҳудуди собиқ колхози шодравон бобои Миралӣ ва ноҳияи Темурмалик шумораи санаторияҳо пайваста меафзоянд. Баробари ин шумораи мизоҷон низ рӯз ба рӯз зиёд мегардад. Аз рӯи анъана то имрӯз аз ҳисоби иттифоқҳои касаба ва ташкилотҳои давлатӣ роҳхат ба осоишгоҳи «Тосқалъа» дода мешавад.
Кас аз ҳамон соате, ки пояшро ба остонаи осоишгоҳ мегузорад, як навъ бемасъулиятӣ ва хунукназариро эҳсос мекунад. Ҳатто дар шароите, ки дунёро мавҷи бемории сироятии коронавирус фаро гирифтаасту таъкид мешавад, ки мардум бе зарурат ба кӯча набароянд. Агар бароянд, масофаи байни ҳамдигариро риоя карда, даҳону биниро бо ниқоби тиббӣ пӯшанд ва дастҳоро тез-тез шуста, тавассути моеъҳои вирускуш безарар гардонанд.
Мутаассифона, дар ин ҷои серодам аз ин хусус гӯшрас кардани касеро боре ҳам надидем ва нашунидем. Дурустии ин қазияро онҳое, ки чанде пеш пайи табобат буданд, тасдиқ мекунанд. Аз сабаби чунин муносибат шоҳиди он будем, ки чанд нафар бо ҳамин рӯҳия, пеш аз муҳлат, тарки осоишгоҳ намуданд.
Осоишгоҳи «Тосқалъа»-ро Миралӣ Маҳмадалиев дар мавзее бунёд кард, ки барои истироҳату фароғати заҳматкашон хеле мувофиқ буд.
Аммо афсӯс коҳилони вақт ҳамон қадаре ки барои худашон басанда аст, истифода карданду халос. Ҳол он ки дар замони имрӯза мардуми заҳматпеша барои аз ҳар як порча замини обӣ 3-4 ҳосил гирифтан шабу рӯз заҳмат мекашанд. Аз майдонҳои кушодаканори соҳибони имрӯзаи осоишгоҳ заминҳои бо хуну ҷигар қобили баҳрабардорӣ омода намудаи бобои Миралии қаҳрамонро хору зор намуда, аз қисмати аз онҳо ҳатто як маротиба ҳосил нагирифтанд. Аз тарафи дигар нодида гирифтани супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Сарвари давлат мудом таъкид менамоянд, ки аз ҳар порча замини наздиҳавлигӣ дар ин соли барои мамлакат мушкил самаранок фоида бурдан қарзи ватандорист.
Бовар дорем, ки баъди нашри андеша ва мушоҳидаҳои журналистии мо проблема ҳалли худро меёбад. Ва ҳар як порча замини барои кишт мувофиқ ба чунин аҳвол туъмаи бепарвоиҳо намегардад.
 
Ғайбулло ҲАЛИМОВ, 
рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2021    №: 109    Мутолиа карданд: 616
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед