logo

фарҳанг

62 СОЛ БО ТЕАТР

Ҷомӣ Хоҷаев. Ӯ писари театр аст. Рӯи ин саҳнаи зиндагинамо ба воя расидаву ин ҷо баду неки рӯзгорро омӯхтааст. Бо тамошои намоишҳои театрҳои Лоҳутию Маяковский, опера ва балет бузург шудаву ишқи санъат дар дилаш рӯ задааст. Аз ин рӯ, як умр бо театр монд. 
- Як рӯз дар рӯзнома хондам, ки студияи актёрии Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷавононро қабул мекунад. Ман ҳам рафтам. Пеш аз ин, ки дар мактаби мусиқӣ хонда будам, баъзе нозукиҳои саҳнаро медонистаму аз имтиҳон гузаштам. Бо роҳнамоии устодонам Ефим Исаевич Мителман ва Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ҳам дар театр мехондам ва ҳам кор мекардам, - аз хотироти ҷавонӣ ёд меорад ӯ. 
Ӯ гоҳе рӯи саҳна дилдода буду гоҳе дилбохта, гоҳе сарбозу гоҳе бо устод Рӯдакӣ даст ба гиребон, гоҳе Мирсаид Миршакари ҷавон ва гоҳе Содақул… 
Дар намоиши «Шаби гирифтани Моҳ» нақши Содақулро бозид, ки ин нақш ӯро ҳамчун ҳунарпеша кашф намуд ва аз ҳунарманди асил буданаш дарак дод. 
- Ин драма ба қалами нависандаи бошқирд Мустай Карим тааллуқ дорад, - мегӯяд ӯ. – Вақте устод Ҳоҷиқул Раҳматуллоев ин нақшро ба ман супурданд, ҳисси аҷибе фарогирам шуду ба фикр фурӯ рафтам. Ҳам аз қаҳрамони асосӣ буданам меболидаму ҳам дар дил шубҳа доштам, ки бо Туҳфа Фозилова барин ҳунарпешаи маъруф чӣ гуна рӯи як саҳна ҳунарнамоӣ мекунам.  Аммо вақти тайёрӣ ғайриинтизор нақши ман, ки шубонеро мебозидаму ба Шафақ ном маҳҷабиндухтаре дил баста будам, табиӣ баромад. 
Туҳфа Фозилова хурсандиашро пинҳон карда натавонист магар, ки гуфт: 
- Қандатро зан, писарам. Гӯё ин образ махсус барои ту офарида шуда бошад. 
Ин сухани Туҳфа Фозилова тарсро дар вуҷудам барои ҳамеша куштаву умедро бедор кард, - хурсандиашро иброз медорад қаҳрамони мо. 
Ба ибрози ҳунарманд нақши бузургтарине, ки тӯли 62 соли фаъолият офаридааст, қаҳрамони мардумӣ – Акбар, аз намоиши «Рӯдакӣ»-и устод Сотим Улуғзода аст. 
Акбари Марвазиеро, ки Ҷомӣ Хоҷаев офаридааст, қаҳрамони халқ буду ба муқобили ноҷӯриҳои замона овоз баланд мекард. Суҳбати гилаомезу қаҳролуди ӯ бо устод Рӯдакӣ ба шеърҳояш оҳанги иҷтимоӣ мебахшад. Ин нақшро ҳунармандони мумтозе чун Ғозӣ Ниёзов, Нурматов, Гурминҷ Завқибеков иҷро кардаанд. Ҷомӣ Хоҷаев, ки ҳамчун дублёр онро бо маҳорати баланд офарид, Ғозии сониаш гуфтанд. 
Ҷомӣ Хоҷаев дар мактаби нахустин таъсисдиҳандагони театри тоҷик Муҳаммадҷон Қосимов, Аслӣ Бурҳонов, Шамсӣ Ҷӯраев, Латиф Латифов, Муҳаммадҷон Халилов, Алиназар Хоҷаев сабақ омӯхтаву аз давомдиҳандагони ин мактаби овозадор аст, ки театри тоҷикро ба собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ карданд. Ифтихори ҳамкорӣ бо Гулчеҳра Бақоева, София Тӯйбоеваю Туҳфа Фозилова, Тӯтӣ Ғаффорова, Маҳмудҷон Воҳидову Ато Муҳаммадҷонов, Бурҳон Раҷабову Гурминҷ Завқибеков, Ҳошим Гадоеву Раҷаб Ҳусейнов барин ҳунармандони номвари кишвар дорад.   
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҷомӣ Хоҷаев ҳамеша мекӯшад, дар саҳна, дар хизмати муштоқони театр бошад, зеро медонад, ки унвони баландтарин эътирофи ӯ аз ҷониби мухлисонаш аст. 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2021    №: 109    Мутолиа карданд: 1232
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед