иқтисод
СУҒД. САМАРАНОКИИ ГАРМХОНАҲО БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД
Вақтҳои охир мардум аз болоравии нархи маҳсулоти озуқа ва сабзавоти барвақтӣ, аз ҷумла бодирингу помидор, нигаронӣ карда, бо ин гӯё савдогаронро сари инсоф боз мехонанд. Аммо ҳақиқат он аст, ки онҳо дар ин вақт гӯши шунаво надоранд. Дар баробари ғизои асосӣ гӯшту равған, арзиши сабзавоту мева низ як андоза боло рафт.
Ҳафтаи аввали моҳи Рамазон дар бозори машҳури “Панҷшанбе” бодиринг аз 15 то 20 сомонӣ, помидор 23-25, қулфинай 40 - 45 ва қаланфури булғорӣ то 55-60 сомонӣ арзиш дошт, ки боиси нигаронии хурду калон буд. Дар даҳаи сеюми моҳи апрел бошад, арзиши забзӣ низ аз 2 ба 5 сомонӣ расид.
Табиист, ки дар шароити бозоргонӣ, хусусан моли аз берун воридшуда бо арзишҳои иловашудаи роҳу нақлиёт гаронтар ба дасти муштариён мерасад. Вале, ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ мо имкониятҳои дар шароити худӣ истеҳсоли чунин маҳсулот ва қонеъ кардани талаботи аҳолиро дорем. Пас чаро кӯшишҳоямон дар 15-20 соли охир ҷиҳати бунёди гармхонаҳо самари дилхоҳ намебахшанд? Дар ҳоле, ки тибқи иттилои расмӣ феълан дар вилояти Суғд 463 гармхона фаъолият дорад, ки 287 ададаш бо усули чинӣ аст. Масоҳати онҳо дар маҷмӯъ, 42 гектарро ташкил медиҳад. Дар се моҳи аввали имсол дар ин гармхонаҳо 174,3 тонна помидор, 21,7 тонна бодиринг ва дигар намуди сабзавот ҳамагӣ: 51,5 тонна истеҳсол шудааст. Оё ин миқдор маҳсулот барои вилояте, ки нуфузи аҳолиаш аз ду миллион гузаштааст магар ночиз нест?
Мухторҷон Тоҷиев, мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд, иброз дошт, ки то соли 2022 дар вилоят боз дар масоҳати 11 гектар 22 гармхона бунёд мешавад, ки ин иқдом низ ҷиҳати фаровонии бозор бо сабзавоти барвақтии маҳаллӣ дар фаслҳои зимистону аввали баҳор мебошад.
Мо аз чанд гармхонаи ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ дидан кардем, зеро аз миқдори умумии гармхонаҳои вилоят зиёда аз 80 дарсади онҳо маҳз дар ин ду ноҳия мавҷуданд. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров 169 гармхона буда, дар се моҳаи аввали соли равон 179, 3 тонна маҳсулот истеҳсол шудааст. Мушоҳидаҳо бозгӯӣ доранд, ки муносибат ба бунёди гармхонаву истифодаи самараноки онҳо ҳанӯз дур аз талаботи давр аст. Албатта, ҳастанд як ё ду гармхонае, ки фаъолияташон нисбатан хуб аст. Масалан, ҶДММ МММКА “Агро” дар масоҳати 1,5 гектар бунёд ёфта, ин ҷо сабзавот бо усули гидропника, яъне дар заминаи резамайдаҳои дарахти какос парвариш меёбаду ғизодиҳӣ тавассути лӯлаҳои махсуси обӣ ҷараён мегирад. Ин усул аз ҳамагуна коркарду киштгардон ва аз бемориҳо озод аст ва ҳосили фаровони помидору бодиринг гирифтан мумкин мебошад.
Президенти кишвар аз ин гармхона ду маротиба дидан намуда, аз соҳибкорони кишвар бунёди чунин гармхонаҳои муосирро тақозо карданд. Ба андешаи сараграноми гармхона Абдусамеъ Абдукаримов парвариш бо ин усул ҳосили фаровон бахшида, аз як гектар то 120 тонна ҳосили помидор гирифтан мумкин аст, аммо арзиши аслии маҳсулот барои аҳолии мо гаронтар мебошад. Танҳо на кам аз 20 сомонӣ нархгузорӣ шудани помидор хароҷотро мепӯшонаду халос. Фаъолияти ин намуди гармхона танҳо дар сурати содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар судманд аст. Аммо ҳадафи аввали Ҳукумати ҷумҳурӣ нахуст таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти барвақтӣ мебошад.
Дар гармхонаи ҶДММ “Бӯи баҳор”, ки наздики 3 гектар аст, бодиринг, помидор, қулфинай ва сирпиёз парвариш мешавад. Нашъунамои бодирингу помидор ва ҳосилбандии онҳо бад набуда, вале қулфинаю сирпиёзро алаф зер кардаву то андозае аз назари масъулон дур мондааст. Онҳо гуфта наметавонанд, ки чӣ қадар ҳосил гирифтаанду ҳосилнокӣ чанд сентнер аст.
Мутаассифона, аксари гармхонаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз лиҳози баҳрабардорӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Теъдоди зиёди онҳо дар Ҷамоати деҳоти Унҷӣ бо асоси он ки парвариши гулҳои мавсимӣ ба роҳ монда шудааст, аз парвариши сабзавоти барвақтӣ канор мондаанд.
Истифодаи гармхонаҳо дар ноҳияи Мастчоҳ дар қиёс ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳарчанд ки сохти гармхонаҳо бо усули чинисту заҳмати бисёр мехоҳад, хуб ба чашм мерасад. Дар шаш гармхонае, ки дар Ҷамоати деҳоти Палдорак соҳибкор Раҳматшоҳ Олимов бунёд кардааст, ҳосил фаровон аст.
- Маротибаи сеюм аст, ки ҳосили помидору бодирингро ба бозори шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон интиқол додем. Баъди ҷамъоварии ҳосил майдони гармхона тоза шуда, пас аз як моҳ боз парваришро ба роҳ хоҳем монд. Ҷиҳати гирифтани ҳосили фаровон тавассути интернет маълумоти зиёд дастрас карда, технологияи парваришу коркард ва ғизодиҳиро дар заминаи ин технологияи пешқадам роҳандозӣ мекунем, - мегӯяд ӯ.
Кормандони ҳамаи 125 гармхонаи ноҳияи Мастчоҳ дар се моҳаи аввали соли равон наздик ба 50 дарсади маҳсулоти гармхонаҳои вилоятро истеҳсол карданд. Ин нишондод дар қиёс бо дигар навоҳии вилоят қаноатбахш аст. Аммо мутахассисони шаҳру навоҳии Конибодом, Исфара, Истаравшан, Панҷакент, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Зафаробод ва Деваштичро зарур аст, ки дар масъалаи бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва ба ин васила мусоидат кардан ба фаровонии маҳсулоти бозори дохилӣ талош намоянд.
Сарвари давлат дар ҷаласаи фаъолони вилоят 10 апрели соли равон ва дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021 дар иртибот ба самаранокии истифодаи замин таъкид доштанд: “Бояд корҳо дар самти оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин ва гирифтани 3-4 ҳосил, афзоиш додани майдони кишти картошка, ҷамъоварии беталафи маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини муттасили бозори дохилӣ, содироти меваю сабзавот таъмин карда шавад”.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 02.06.2021 №: 109 Мутолиа карданд: 1387