logo

иҷтимоиёт

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА САНЪАТИ МУСИҚӢ

Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоир ва донишманд, арбоби ҷамъиятӣ ва публитсист ва вассофи шуълавари дӯстиву бародарии халқҳо ҳаёти ибратбахшеро аз сар гузарондааст. Агар мо ҷараёни зиндагии ин марди бузургро аз ибтидо то охир аз назар гузаронем, равшан мебинем, ки он намунаи олии пайванди фаъолияти шоир бо ҳаёти халқ мебошад. Шеъру достонҳои Мирзо Турсунзода аз ғояҳои олии ватанпарастӣ ва инсондӯстӣ саршоранд. 
 
Дар эҷодиёти ӯ мавзӯи Ватан бо тамоми бузургӣ ва зебоияш тасвир шуда, мақоми асосӣ дорад. Силсилаи шеърҳои ба табиати диёр, манзараҳои нотакрор ва рӯду обшорон бахшидаи шоир самимияту садоқати ӯро ба сарзамини азизаш ифода месозанд. Аз рӯи достонҳои ӯ филмномаву намоишномаҳои театрӣ ва асарҳои зиёди симфониву операвӣ таҳия шудаанд. Ба шеъру сурудҳои устод бастакорон оҳанг бастаанду ҳофизон сароидаанд. 
Хизматҳои Мирзо Турсунзода дар рушд ва ташаккули намудҳои гуногуни драматургияи тоҷик (инсенировка, пйеса, драмаи мусиқӣ, либреттои опера ва балет, киноповест) ва ғайра низ хеле назаррас аст. Драмаи мусиқии “Исёни Восеъ” (соли 1938, якҷо бо А. Деҳотӣ) ба репертуари миллии театрҳои драмавии Тоҷикистон ворид гардидааст. Либреттои операи «Шӯриши Восеъ» (соли 1940, якҷо бо А. Деҳотӣ, мусиқии Сергей Баласанян), либреттоҳои операи «Тоҳир ва Зуҳро» (соли 1943) ва операи лирикию мазҳакавии «Арӯс» (соли 1945, оҳанги А. Ленский), либреттои балети «Писари Ватан» (соли 1967, якҷо бо бастакор О. Тер-Осипов) барномаи Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айниро ғанӣ гардонданд.
Модарон ва бонувони покгуҳари тоҷик, ки шоир дар васфи онҳо бо камоли муҳаббат ва эҳтироми хосса шеъру тарона эҷод намудааст, дар матонат ва зебоӣ камназиранд. Модарномаҳои Мирзо Турсунзода, ки дар тамоми марҳилаҳои фаъолияти эҷодиаш идома ёфтаанд, аз лиҳози иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар назми муосири тоҷик як равияи тозаро ташаккул додаанд. Ба шеърҳои дар васфи модар эҷодкардаи устод, аз ҷумла «Модарам», «Дасти модар», «Дили модар», «Бигзор зан бошад мудом», «Зан агар оташ намешуд» ва ғайраҳо композиторони тоҷик оҳангҳои дилчаспу гуворо баста, пешкаши тамошогарон гардондаанд, ки ҳанӯз ҳам дар қалбҳо маҳкам ҷой доранд. 
Эҷодиёти Мирзо Турсунзода ва осори лирикии ӯ олами эҳсосу афкореанд, ки бо гуногунрангии худ ба мардум рӯҳу тавони тоза мебахшанд. Композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар китоби «Васлгари дилҳо» лаҳзаеро аз эҷодиёти шоири хушсухан ёдовар шудааст, ки дар бораи эҷоди суруди «Офарин» шаҳодат медиҳад. Суханони зерини Зиёдулло Шаҳидӣ алоқаи хеле қарини шеъру сухан ва оҳангро таҷассум менамояд, ки он дар симои шоири тавонои тоҷик инъикос гардидааст. Ин лаҳзаро Шаҳидӣ чунин тасвир намудааст:
- Ашъори диловези Мирзо Турсунзода мавқеи сазоворе дорад. Тобистони соли 1945 дар ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат) нахустин мисраъҳои шеъре, ки имрӯз ба ҳама ҳамчун суруд маълум аст, ба забони Турсунзода омад: 
Офарин бодо шуморо, паҳлавонон, офарин,
Марду занҳои далери Тоҷикистон, офарин.
Шоир раҳораҳ ҳамин мисраъҳоро такрор намуда, ба ман рӯй овард: «Шаҳидӣ, то ба колхоз расидан шеърро ба охир мерасонам. Хуб мешуд, агар оҳанге фикр мекардед». Хулоса, то ба колхоз расидан шеъру оҳанг тайёр шуд ва дар консерт ин суруд садо дод.
Зиёдулло Шаҳидӣ, инчунин ба шеърҳои устод Мирзо Турсунзода «Шаҳри мо» ва «Ба дилбар» низ оҳангҳои марғуб бастааст.
Соли 1956 филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» офарида шуд. Ба сурудҳои ин филм - «Суруди Саид», «Суруди чойхоначӣ», «Суруди Меҳринисо», «Суруди Зулфия», «Суруди ҷавонон», «Дар субҳи тиллоӣ» оҳангсоз А. Бобоев оҳанг бастааст. Матни ин сурудҳо ба қалами устод тааллуқ доранд. Мирзо Турсунзода яке аз аввалин суханвароне буд, ки драмаи «Шӯриши Восеъ»-ро ҳамроҳи Абдусалом Деҳотӣ офарид. Дар асоси ин асар нахустин операи миллӣ эҷод гардид, ки дар аввалин Даҳаи санъати Тоҷикистон дар шаҳри Москва намоиш дода шуда, муваффақияти бузург ба даст овард.
Бастакорони тоҷик Шарофиддин Сайфидинов, Ёқуб Сабзанов, Сулаймон Юдаков, Файзулло Шаҳобов ва дигарон низ ба шеъру сурудҳои устод оҳанг бастаанд. Ҳунармандони маъруфи тоҷик, назири Акашариф Ҷӯраев, Шоҳназар Соҳибов, Ҳанифа Мавлонова, Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Кароматулло Қурбонов, Давлатманд Холов ва дигарон шеъру сурудҳои ӯро сароидаанду месароянд, ки тавассути барномаҳои телевизиониву радиоӣ пешкаши мардум гардонда мешаванд.
Силсилаи сурудҳое, ки Артисти халқии СССР Ҷӯрабек Муродов аз эҷодиёти ин мунодии сулҳу дӯстӣ сурудааст, моҳияти фалсафӣ ва шаҳрвандии суруди муосири тоҷикро ифода мекунад. Аз суруди «Оҳанрабо», ки нахустин оҳанги Ҷӯрабек Муродов ба шеъри устод буд, то «Замин», «Ватан», «Ганҷинаи сурудҳо», «Ҳамин кофист», «Нонреза», «Дараи арӯсон», «Дили модар» ва ғайра омезиши шеъри баланд ва оҳанги марғубро нисбат ба замон таҷассум мекунанд. Бахусус, сурудҳои «Ватан» ва «Замин», ки маромномаи шоир ва сароянда мебошанд. 
Суруд, ки яке аз жанрҳои оммавию мақбул ва пешоҳанги мусиқӣ ба шумор меравад, дар эҷодиёти ҳар як эҷодкор, бахусус шоир мақоми махсус дорад. Чунки тариқи суруд шеъри шоир боз ҳам хушнавотар гардида, дили шунавандаро зиёдтар ба ваҷд меорад, дар ниҳоди инсон шарора афрӯхта, одамиро ба ҷодаи умед ҳидоят мекунад ва ба дуриҳои дур паҳн гардида, қалби одамонро тасхир менамояд.
«Таронаи рӯд» - и Мирзо Турсунзода, оҳанги Миратулло Атоев низ яке аз сурудҳоест, ки дар он ҳусни табиат ва инсон ба ҳам омехта гардида, обу ранги тозае касб намудааст. Аз ҳамин нигоҳ, «Таронаи рӯд» қобили таваҷҷуҳи хосса буда, дар он тавъамандии шеъри пурмазмуну оҳанги дилнишин бештар ба назар мерасад:
Рӯди кӯҳӣ, ту сароӣ ба ҳавои дили ман,
Ҷӯр созӣ нафасатро ба садои дили ман.
«Тӯйи пахтазор», оҳанги Хайрулло Абдуллоев, «Кокулат», оҳанги Фозил ва Аъзам Солиевҳо ва аксар сурудҳое, ки бар матнҳои устод Мирзо Турсунзода баста шудаанд, маҳсули эҷоди тафаккури композитори шуҳратманд Зиёдулло Шаҳидӣ мебошанд. Чунончи, дар сурудҳои «То ба кай», «Қадаҳи мо», «Қишлоқи шумо», «Хонаи мо он қадар ҳам дур нест», «Кокулат», ки дар онҳо омезиши сухан ва оҳанг бо фарогирии мавзӯъҳои лирикӣ бағоят мавзуни муҳаббату садоқати поки инсонӣ хеле ҷаззобу пуробуранг ба мушоҳида мерасад. Сурудҳои «Бадахшон», «Ҳамсоя бошам», «Ёдгори беназир», «Бӯстони оламоро» мусиқии Шарофиддин Сайфиддинов, «Оби Душанбе» оҳанги Хайрулло Абдуллоев, «Ҳусни Ватан» оҳанги Фаттоҳ Одина, асарҳои «Гули қиматбаҳо» ва «Дӯстӣ» оҳангҳои Карим Ҳалимов, ки ба қалами устод Мирзо Турсунзода тааллуқ доранд, дар лаҳзаҳои гуногуни зиндагии устод эҷод гардида, то имрӯз вирди забони хурду калон мебошанд.
 Устод Турсунзода, ки худ қобилияти баланди дарки санъати мусиқиро доро буданд, ҳангоми эҷоди шеъру суруд, зарбу тақтеи мусиқиро низ ба эътибор мегирифтанд. Аз ин рӯ, шеърҳои ӯ аз ҷиҳати лаҳну талаффуз равону дилнишин буда, ба онҳо оҳанги мувофиқ бастан заҳмати зиёд талаб намекунад. Содагию равонӣ, маънии баланд, тасвирҳои зиндаву табиӣ ашъори ин шоири бузургро дилкашу форам гардонда, таваҷҷуҳи эҷодкорону сарояндагонро зуд ба худ ҷалб месозанд. Ҳамин аст, ки оҳангсозони шинохта ва сарояндагони хушсалиқаи тоҷик ба шеърҳои ӯ оҳанг баста, сурудҳои гӯшнавозу ҷолиб эҷод намудаанд, ки тавассути интернет ва васоити ахбори омма пахш гардида, инчунин дар ҷашнвораю ҳамоишҳои кишвар садо дода, аз тарафи шунавандагон бо муҳаббати зиёд қабул карда мешаванд.
 
Баҳрулло НАРЗУЛЛОЕВ,
муовини ректори ДДФСТ ба номи
Мирзо Турсунзода оид ба корҳои эҷодӣ, 
номзади илми педагогика, дотсент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.06.2021    №: 109    Мутолиа карданд: 581
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед