logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

Маросими истиқболи расмӣ дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон
2 июн сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт.
Ба истиқболи меҳмони олиқадр Фурудгоҳи байналмилалӣ ва кӯчаву хиёбонҳои марказии шаҳри Исломобод бо парчамҳои ду кишвар, аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Покистон Ориф Алвӣ ва Сарвазири Покистон Имрон Хон, инчунин, шиору овезаҳои ифодакунандаи дӯстии мардумони ду давлат оро ёфт.  
Ба ифтихори сафари расмӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Покистон қароргоҳи Сарвазири ин кишвар низ бо шукӯҳи хоса омода гардид.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвари мизбон муҳтарам Имрон Хон гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват кард.
Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ оғоз ёфта, бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом  аз назди сафи горди фахрӣ, арзи салом ба сарбозон ва эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ҷараён гирифт.
Дар поёни маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.
Баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ниҳоли дӯстӣ шинонданд.
Ҷои таъкид аст, ки ҷараёни маросими истиқболи расмӣ тавассути бисёр шабакаҳои телевизионии Покистон мустақиман намоиш дода шуд. Ҳамчунин, хотиррасон бояд намуд, ки рафти омодагӣ ба ин сафар ва ҷараёни он дар воситаҳои ахбори оммаи Покистон хеле васеъ инъикос меёбад.
Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон
2 июн баррасии масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар, нахуст, дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон оғоз гашта, зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.
Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо, инчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Покистон изҳори сипос карда, доир ба аҳамияти муносиботи ду кишвар гуфтанд: “Мо ҷойгоҳи геостратегии Покистон ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим мешуморем. Мо омодаем тамоми имкониятҳоро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳоямон ҳадафмандона истифода барем”.
Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва дигар самтҳои робитаҳои барои ҳар ду давлат манфиатдор, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Таъкид гардид, ки бо назардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла вобаста ба пандемияи COVID – 19, рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, саноат ва ҷалби сармоя, бояд яке аз самтҳои асосии талошҳои муштараки ҷонибҳо бошад.
Зарур шумурда шуд, ки ҷиҳати афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ, фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ идома бахшида шуда, ҳамзамон, кори Шӯрои муштараки соҳибкорон ва Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор фаъол гардонда шавад.
Татбиқи муштараки лоиҳаи САSA – 1000 дар соҳаи энергетика намунаи олии ҳамкории ду кишвар мебошад ва яке аз масъалаҳои муҳим дар доираи он сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонию васлкунӣ ба шумор меравад.
Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзали робитаҳои ду кишвар буда, Тоҷикистон омодаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар ин соҳа, алалхусус доир ба пайвастани Тоҷикистон бо бандарҳои баҳрии Покистон – Карочӣ ва Гвадар аз тариқи ташаккул додани долонҳои транзитиву нақлиётӣ мебошад. Ба роҳ мондани парвозҳои боркашонии (карго) байни ду кишвар омили афзоиши табодули молу маҳсулот маънидод гардид.
Бояд гуфт, ки бо мақсади густариши ҳамкориҳо дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии сеҷониба оид ба ҳамлу нақли транзитӣ ва тиҷорат байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон таҳия гардидааст ва дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.
Вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат пешниҳод шуд, ки ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноати сабук ва коркарди маҳсулот,  дорусозӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатии истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо иштирок ва сармоягузории ширкатҳои покистонӣ ба роҳ монда шавад.
Дар соҳаи кишоварзӣ ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои чорводорӣ, рустанипарварӣ, мубодилаи таҷриба дар самти селексияи тухмии зироатҳои ғалладонагӣ, лӯбиёӣ, равғандиҳанда ва бозомӯзии мутахассисони тарафҳо ҳавасмандии худро иброз доштанд.
Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ, бахусус таъмини амнияти минтақа, Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ шарикони табиӣ номида шуданд.
Дар робита ба вазъи мураккаби сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон, таъкид шуд, ки Тоҷикистон хоҳони ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу субот дар он мебошад.
Изҳори бовар шуд, ки робитаҳои Тоҷикистону Покистон дар оянда низ тавсеа ёфта, ба манфиати ду мардуми дӯст хизмат хоҳанд кард.
Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии Ҳукумат ва мардуми Покистон изҳори сипоси беандоза карда, аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
 
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Покистон
2 июн, пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Покистон муҳтарам Имрон Хон маросими имзои 12 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Зери “Эъломияи муштарак дар бораи иқдомҳои баъдӣ ҷиҳати сохтани шарокати стратегӣ барои ҳамбастагии минтақавӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон имзо гузоштанд.
Сипас, санадҳои зерин ба имзо расиданд:
- Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Индуси Покистон;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Кветтаи Балуҷистони Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Сиалкоти Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи савдо ва саноати Лоҳури Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари миллии ҳисоби Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва санъат;
- Ёддошти ҳусни тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологияҳои иттилоотии СОМSАТS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон.
Баъди анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.
 
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ориф Алвӣ
2 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ мулоқот карданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даъвати ҷониби Покистон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ва имкони вохӯрӣ барои баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба изҳори сипосу қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба ва таҳкими равобити ҳасана бо Ҷумҳурии Исломии Покистон таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Ҷонибҳо оид ба афзоиши боз ҳам бештари додугирифт ва интиқоли молу маҳсулот изҳори ҳавасмандӣ карда, барои расидан ба ин ҳадаф тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникиро зарур шумурданд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Татбиқи лоиҳаи САSA – 1000 дар самти рушди ҳамкории энергетикӣ ва ташаккули долонҳои транзитиву нақлиётӣ аз Тоҷикистон то бандарҳои баҳрии Покистон – Карочӣ ва Гвадар ҷиҳати тавсеаи муносибатҳо дар соҳаи нақлиёт, ҳамчун омилҳои муҳими таҳкими робитаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд арзёбӣ гардид.
Таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ яке аз пояҳои устувори рушди муносибатҳо байни кишварҳо маънидод шуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо барои таъмини амният дар минтақа оид ба муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалӣ – терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ табодули андеша карданд. Вобаста ба ҳалли қазияи Афғонистон таъкид шуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз роҳандозии ҳама гуна тарҳҳо, ки барои эҳёи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини амнияти Афғонистон заруранд, истиқбол мекунад.
Дар охири суҳбати самимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Ориф Алвӣ ҷиҳати боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2021    №: 110    Мутолиа карданд: 927
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед