logo

иқтисод

«БЕШАИ ПАЛАНГОН». ПРЕСС – ТУРИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА МИНТАҚАИ БЕНАЗИРИ САЙЁҲӢ

Бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ташкили «Клуби журналистони эколог», якшанбеи гузашта беш аз бист нафар рӯзноманигорон аз расонаҳои гуногуни кишвар ба нахустин мамнӯъгоҳи табиии биёбону туғайзори Тоҷикистон – «Бешаи палангон» пресс – тур анҷом додем.
 
Зимни сафар нахуст аз осорхонаи мамнӯъгоҳ дидан карда, дар он бо беш аз 200 нақшу нигораҳои олами набототу ҳавоноти дар «Бешаи палангон» мавҷудбуда шинос шудем. Аз ҷумла, бо нигораҳои олами ҳайвонот, хусусан хӯсаҳои ҳайвоноти нодири паланги тӯронӣ, кафтор, оҳу, намуди парандаҳо, морҳо ва амсоли инҳо.     
Ҷамолиддин Муфарраҳов, мудири осорхона, зимни шиносоӣ ба масъалаи ҳифзу нигоҳдории ин боигарии табиат таваҷҷуҳ зоҳир намуда, пешгирии таъсири омилҳои антропогениро махсус таъкид намуд ва аз табиат берун рафтани паланги тӯрониро мисол овард. Ба гуфтаи номбурда, паланги тӯронӣ дар кишвари мо то соли 1954 сукунат дошта, бо маҳдуд гаштани майдони зисти он дар табиат аз байн рафт. Аз ин рӯ, хеле муҳим аст, ки дар шароити имрӯза олами набототу ҳайвоноти муассисаи табиии давлатии «Бешаи палангон» ҳифз шавад. Айни замон, дар ин ҷо зиёда аз 30 намуди ширхӯрон, аз ҷумла 300 сар гавазни бухороӣ, ғизол, гиенаи рахдор, гурбаи ҷангалӣ, муши дарёӣ, тазарв, сусмори хокистаранг, кобраи Осиёи Марказӣ, морҳои эфа ва гурза, намояндагони нодири орнитофауна, ихтиофауна ва ҳашаротҳо зиндагӣ мекунанд.
Бунёди парваришгоҳҳо, ки яке аз вазифаҳои мамнӯъгоҳҳо ба ҳисоб меравад, дар «Бешаи палангон» низ парвариши намуди парандаҳои тазарви тоҷикӣ ва доғ - доғ ба роҳ монда шуда, тамошои онҳо ва шиносоӣ бо фаъолияти парваришгоҳ идомаи кори гурӯҳ буд. 
Тавре Толибҷон Салимов, корманди илмии парваришгоҳ, иброз дошт, дар мамнӯъгоҳ, дар маҷмӯъ, наздики 2500 тазарв (фазан) сукунат дорад ва саршумори онҳо бо назардошти дар парваришгоҳ нигоҳубин кардан ва ба табиат раҳо додан зиёд гардида истодааст. Ҳоло дар парваришгоҳ 130 сар тазарви тоҷикӣ мавҷуд буда, барои афзоиши он 120 дона тухм ба таври сунъӣ гузошта шудааст. 
«Бешаи палангон» аз қитъаҳои гуногуни тамошобоб, ба монанди хонаи шикорӣ, қитъаи туғайзорҳо, қитъаи кӯлу дарёҳо ва амсоли инҳо иборат буда, шиносоӣ бо қитъаи туғайзор аз нақшаи навбатии барномаи пресс – тур  буд. Аз баландии 400 ҳазор метр аз сатҳи баҳр тамошои майдони туғайзор ва табиати диёр басо ҷолибу диданист. Туғайзорҳо сеяки масоҳати умумии мамнӯъгоҳ - 49,8 ҳазор гектарро ташкил медиҳанд. Рустании туғай аз ҷиҳати шароити экологӣ, таркиби флористӣ ва гинезиси худ як намуди рустание мебошад, ки танҳо дар соҳили дарёҳои минтақаҳои биёбон ва нимбиёбони Осиёи Марказӣ мавҷуд буда, дар ҷангалзорҳои дигар минтақаҳои Палеартика ҳамто надоранд. Аз ин рӯ, мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» охирин мамнуъгоҳ дар ҷаҳон бо захираи калонтарини беназири чунин рустанӣ - туғай (Topulus pruinosa Schank), ҷигда (Elaeagnos angustifolial) тамарикс (Tamarix Spp.) ва дигар намудҳои туғайзор ва фауна мебошад. Маҳз ба хотири фароҳам будани чунин шароити табиӣ бисёре аз ҳайвоноти нодиру ваҳшӣ ин минтақаро макони зисти худ интихоб мекунанд. Тарзи сукунати ин ҷонварон дар табиат дар намоиши филми мустанад дар бораи МТД «Бешаи палангон» аъло ба чашм мерасад, ки манзури иштирокчиён гардид. 
Риояи тартиби қонунгузорӣ дар самти олами набототу ҳайвонот низ аз масъалаи муҳими омӯзиш дар ҷараёни пресс – тур буда, дар ин самт қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ зарур мебошанд. Махсусан, қабули санади меъёрию ҳуқуқӣ дар бораи аз ҳисоби шикор (агар он дар дохил ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (мамнӯъгоҳҳо) амалӣ гардад) ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда пардохт кардани 20 дарсади маблағ аз ҳисоби шикор имконияти мамнӯъгоҳҳоро дар самти ҳифзу нигоҳдории олами набототу ҳайвонот боз ҳам беҳтар мегардонад.
Ҳамин тариқ, як рӯзи сафар ба ин минтақаи беназири сайру саёҳат -  мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон», ки дар поёноби дарёҳои Вахш ва Панҷ, пеш аз дарёи Аму ҷойгир буда, дарозии он қад – қади соҳили дарёи Вахш 40 километр ва минбаъд бо Амударё 15 километрро ташкил медиҳад, бисёр хотирмон гузашт. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК,  «Ҷумҳурият»  

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.06.2021    №: 110    Мутолиа карданд: 1374
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед