logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ РАСМИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ПОКИСТОН

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содиқ Санҷронӣ ва Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ
3 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ мулоқот карданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо баррасӣ шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи кунунии муносибатҳо байни ду давлат ва сатҳи тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Покистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо барои боз ҳам фаъол гардондани робитаҳои байнипарлумонӣ зарур шумурданд, ки тамосҳои ду кишвар тавассути гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва, умуман, мақомоти қонунбарори ду кишвар идома дода шаванд.
Таъкид гардид, ки барои пешбурди муносибатҳо ва ҷиҳати амалӣ сохтани талошҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ташвиқ ва ҳимояи мутақобилаи сармоягузориҳо, иттилоот, фарҳангу маориф, тандурустӣ, алоқаи ҳавоӣ, мудофиа ва амният, мақомоти парлумонии ду кишвар метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.
Дар охири мулоқот изҳори итминон шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон баробар бо манфиатҳои миллии ду ҷониб боз ҳам тавсеа ёфта, рушд хоҳанд кард. 
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии давлат ва мардуми Покистон изҳори сипос карда, аз Раиси Сенати Ҷумҳурии Исломии Покистон Содиқ Санҷронӣ ҷиҳати анҷом додани боздид аз сарзамини Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.
* * *
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо вазири корҳои хориҷии Покистон Махдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ вохӯрданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла робитаҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
 
Анҷоми сафари расмӣ
Сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 2 то 3 июн дар Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷараён дошт, бо натиҷаҳои неку бобарор барои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Покистон, ба анҷом расид.
Зимни сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазир ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар вохӯриҳои созанда анҷом доданд, ки аз рӯи натиҷаи онҳо 12 санад дар бахшҳои савдову саноат, нақлиёт, илму маориф, фарҳангу санъат ва ғайра ба имзо расид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Исломобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми кишвари дӯсти Покистон ба таври шоиста ва самимӣ гусел карданд.
3 июн Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Исломобод ба Ватан баргаштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04. 06.2021    №: 111    Мутолиа карданд: 2967
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед