logo

иҷтимоиёт

ҶОЙГОҲИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Бино ба нақли худи устод Турсунзода варо падар ба он хотир Мирзо ном гузошта, ки соҳиби хату савод ва илму дониш шавад. Бо ин мақсад, дар синни шашсолагӣ писарро назди муллои деҳа бурда, «гӯшту пӯсти писарам аз они шумову устухонаш аз ман» гуфтааст. Ин аст, ки падари камбағал аз ним зиёд даромади хонаводаро, ки бе ин ҳам ночиз буд, баҳри саводнокшавии писар медодааст.
Дар 9 - солагӣ падари Мирзo барои сохтани қасри амир, ки аз Бухоро ба Душанбе фирор карда буд, оварда шуд. Ӯ бо модар дар шароити вазнин зиндагӣ мекарданд. Каме нагузашта модар аз бемории вабо фавтиду ӯ танҳо монд.
То омадан ба Душанбеву ҷойгир шудан ба интернат хеле сарнавишти мудҳише дошт. Замони таҳсил дар интернат, сипас техникуми педагогӣ  ва дорулмуаллимини тоҷикии шаҳри Тошканд ранҷҳои зиёд дид.
Мавсуф мушоҳида мекард, ки ҳамаи муваффақиятҳо маҳз дар натиҷаи бо заковату шиддати том зуҳур кардани қувваи халқ ба даст омадаанд ва бидуни анъанаҳои демократии фароҳамовардаи маорифпарварони Осиёи Миёна ва таҷрибаҳои сохти нави давлатдорӣ мардуми тоҷик наметавонад пеш равад. Аз ин хотир, ба омӯзиши илму дониш пардохт. Натиҷаи донишандӯзӣ, ранҷу заҳматҳои ҳамешагӣ буд, ки аз камбағалбачаи деҳаи дурдасти кӯҳистон, ки рӯшании зиндагию  меҳри модар ба серӣ надида ва аз навозиши дастони падар кам бархӯрдор гашта, шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ ташаккул ёфт ва миллати хешро ба оламиён муаррифӣ кард. 
Соҳиби обрӯву эътибор ва барандаи чандин ҷоизаҳои давлатию байналмилалӣ гардид. Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо мукофоти адабӣ ба номаш таъсис дод. Дар баҳри Хазар имрӯз ҳам киштии нафткашӣ дар шиност, ки номи Мирзо Турсунзодаро дорад. 
Бо кӯшиши нависандаи маъруфи доғистонӣ Расул Ҳамзатов, ки тоҷиконро хеле дӯст медошту аз дӯстони ҷонии Мирзо Турсунзода буд, дар аули Тсадасаи Доғистон кӯчае ба номи Мирзо Турсунзода гузошта шуд.
Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ба номаш шаҳр, донишкадаву хиёбонеро гузошт, ҳайкалу нимпайкараҳояш қомат афрохтанд, хона – музейҳояш дар Қаратоғу Душанбе ба ҳимояти давлат гирифта шуданд, ба номи некаш ҷоизаҳо таъсис додаанду дар пули миллии кишвар аксаш падид омад. Сазовори унвонҳои олии Шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон гардид.
Дар сафарҳои пайдарпаи худ ба кишварҳои хориҷӣ (дар харитаи сафарҳои адиб 25 мамлакати ҷаҳон зикр шудааст) ва дидору мулоқот бо мардуми гуногунтоифа, суханрониҳо аз минбарҳои гуногун шоир на танҳо аз номи халқу адабиёти худ, балки аз номи тамоми Осиёи Миёна ва Иттиҳоди Шӯравӣ ҳарф мезад.
Шеърҳои дилрабои ин шоири бозаковат ва соҳибдил аз сарҳадҳои кишвараш гузашта, ба мамлакатҳои дуру наздик парвоз карданду барои ҳамфикрӣ, якдилӣ ва дӯстии байни халқҳо хизмат менамоянд.
Ногуфта намонад, ки ин марди сиёсат ва адабиёт, публитсисти оташсухан, мунаққиди нуқтасанҷ ба ҷуз аз осори гаронбаҳои бадеӣ беш аз 200 мақола, эссе, очерк ва сафарномаҳо низ таълиф намудааст, ки дар онҳо масоили муҳими адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давр мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Фаъолияти тарҷумонии адиб хеле самаранок буда, кори ӯ дар инкишофи драматургияи тоҷик низ шоёни таҳсин аст. 
Ба ҳаёти ҷамъиятӣ пайвастани устод Мирзо Турсунзода аз Тошканд оғоз ёфт. Ӯ дорулмуаллимини тоҷикии ин шаҳрро хатм карда, ба мардумони пурмеҳр ва дилкушоди ин диёр дил баст. Зиндагӣ дар ин шаҳри қадимию бузург, ки замоне, бо номи Чоч шинохта мешуд, доираи ҷаҳонбинии ӯро вусъат бахшид, зеро ин ҷо ба ғайр аз тоҷикону ӯзбекон намояндагони миллатҳои дигар низ буданд.
Минбаъд шоир ҳар бор аз сафари Тошканд бо илҳоми тоза, неруи эҷодии нав, бо мамнунияту хушнудӣ, дар оғӯши ҳиссиётҳои пурҷӯш ба Тоҷикистон бармегашт. Ҳар ташрифи ӯ ба ин диёри адибпарвар мухлисони адабиётдӯсти ин кишварро ба завқ меовард, меҳрашонро ба адабиёти тоҷик зиёд мегардонд. Устод Мирзо Турсунзода бо шоиру нависандагони ӯзбек Зулфия, Ойбек, Шароф Рашидов, Ҳамид Олимҷон, Абдулло Қаҳҳор, Миртемир, Махсуд Шайхзода, Асқад Мухтор, Ғафур Ғулом ва Ҳамид Ғулом дӯстии қавӣ дошт. Хусусан, ба Зулфия эҳтироми хоса дошт ва ба ӯ шеъре низ бахшидааст. 
Ходими намоёни давлатӣ ва адиби шинохтаи ӯзбек Шароф Рашидов аз ашъори пурҷозибаи шоири тоҷик, ки дӯстии наздик доштанд, ба илҳом меомад. Махсусан, шеърҳои ҳиндустонии шоири тоҷик ба вай таассуроти амиқ гузошта буд. Пас аз он, дар дилаш хоҳише пайдо шуд, ки ӯ низ дар мавзӯи Ҳиндустони афсонавӣ асарҳо офарад. Ҳамин тавр, «Кашмир қӯшиғи» («Суруди Кашмир») эҷод шуд. Онро гаштаю баргашта таҳрир ва се бор ин асари худро ба устод Турсунзода пешниҳод кард, фикру мулоҳизаҳои варо гирифт ва пасон, бо дили пур асарро ба чоп супурд.
Ғафур Ғулом «Ҷони ширин», «Тара Чандри», «Садои Осиё» - и Турсунзодаро ба ӯзбекӣ тарҷума кард. Барот Бойқобилов ва Ашӯрмат ном эҷодкорони ӯзбек асари «Ҳасани аробакаш» ва Маҳмуд Тӯлқин, Назармат, Тӯхтасин Ҷалолову дигарон намунаҳое аз ашъори шоирро тарҷума карданд, ки то имрӯз ӯзбекон аз он баҳра мебаранд. 
Зикр бояд кунем, ки омӯзиши ҳаёту фаъолият ва осори мондагори Мирзо Турсунзода дар синфҳои 2 - 11 - и тоҷикии мактабҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ монда шуда, даҳсолаҳост, ки шахсияту осораш вирди забони хонандагону мухлисони ӯзбекистонияш аст.
Ҷои хушнудист, ки дар арафаи Соли нави 2019 яке аз истгоҳҳои метрои Тошканд ба номи Мирзо Турсунзода гузошта шуд, ки он дар хати ноҳияи Сергелии вилояти Тошканд ҷойгир аст.      
Инчунин, тибқи қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва созишномаи иттифоқҳои нависандагони ду кишвар оид ба ҳамкорӣ соли 2019 дар Тошканд бахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конфронсҳои илмию адабӣ, маҳфили шеъри шоирони ду кишвар, мизи мудаввар оид ба масъалаҳои робитаҳои адабӣ ва консерти устодони санъати Ӯзбекистон баргузор гаштанд.
Боз шудани сарҳадҳои ду кишвари соҳибистиқлол низ натиҷаи талошҳои пайвастаи устодон Мирзо Турсунзодаву Зулфия аст. Вақте муносибатҳо эҳё шуданд, дар ҳама ҷо шеъри ба дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бахшидаи ин шоири сулҳсаро вирди забон шуд, дар рӯзномаву маҷаллаҳо ва китобҳо суханонаш аз нав интишор ёфтанд. Як чиз мусаллам аст: дӯстиву бародарӣ, сулҳу ваҳдат ва ситоишгарони ин мафҳумҳои ҷовидона абадзиндаанд. Ҳаққо, ки шоир фармудааст:
Мардумон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
 
 
Амина ШАРОФИДДИНОВА,
шаҳри Самарқанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04. 06.2021    №: 111    Мутолиа карданд: 1313
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед