logo

иҷтимоиёт

Б А Д А Х Ш О Н. ИСТИҚБОЛИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ СИЁСАТИ РОҲБАРИЯТИ ОЛӢ

Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори Ҷашни бузурги миллӣ – 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ гурӯҳҳои таблиғотӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сафари корӣ анҷом доданд. Дар гурӯҳҳои таблиғотӣ чанд нафар кормандони рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҳам, шомил буданд, ки бо сокинони кишвар аз наз-дик шинос шуда, бо онҳо мулоқот карданд.
 
Гурӯҳи таблиғотӣ иборат аз 19 нафар таҳти роҳбарии Саид Ғоибназарзода, директори Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. Дар ин сафар гурӯҳи корӣ дар маркази шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, деҳаҳо ва минтақаҳои сераҳолӣ бо кормандони мақомоти давлатӣ, омӯзгорону хонандагон, хатибони масҷидҳо ва сокинони касбу кори гуногун дидору мулоқот анҷом дод. 
Вохӯриву суҳбатҳо собит намуданд, ки хурду бузурги вилоят сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии мамлакатро якдилона ҷонибдорӣ намуда, аз 910 иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, аллакай, 658 иншоот мавриди истифода қарор дода шудаанд. Дар иншооти боқимонда корҳо бомаром идома ёфта, то ҷашни бузурги миллӣ мавриди истифода қарор мегиранд. Дар ин кори хайр, дар баробари мақомот, соҳибкорони алоҳида низ ташаббус нишон дода, сохтмони иншооти хизматрасонии иловагиро ба ӯҳда гирифтаанд, ки 186 ададро ташкил медиҳад.
Саид Ғоибназарзода, роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ дар ВМКБ, зимни мулоқот бо сокинони шаҳри Хоруғ ва дигар навоҳии вилоят вобаста ба дастгирии ҷавонон таъкид кард, ки давоми 30 соли Истиқлолияти давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.
Собиқадори соҳаи маориф Асматуллоев Хушқадам зимни суханронӣ барои ғамхориҳо ва таваҷҷуҳи хосса ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипоси самимӣ намуда, таъкид дошт, ки чунин суръати пешрафти маорифро таърихи кишвар дар хотир надорад. Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ шароити беҳтарини таълиму тарбия фароҳам оварда шуда, он бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Ванҷ Фарҳод Маҳмадшозода, муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид кард, ки масъалаҳои таъмини амнияти милливу минтақавӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар самти мазкур корҳои назаррас ба анҷом расонда шуданд. Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии комил ташаккул ёфтанд, ки барои муборизаи самаранок бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ дар чаҳорчӯбаи қонун имконият фароҳам овардаанд.
- Яке аз масъалаҳои ташвишовар шомил шудани баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани онҳо мебошад. Ба ақидаи донишмандон чанд сабаби шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро мавҷуд аст, ки асоситаринаш паст будани савияи дониш ва надоштани саводи кофии  динию сиёсӣ мебошад. Ҷиҳати пешгирии ин "вабои аср" бояд сатҳи дониши динию сиёсии ҷавонон баланд бардошта шавад, чунки дар асри XXI яроқи асосӣ дигар тӯпу танк не, балки дониш, маҳорат ва илму адаб аст, - иброз дошт номбурда.
Бояд гуфт, ки сарфи назар аз дурдаст будани ноҳияи Ванҷ он дар давраи соҳибистиқлолӣ хеле ободу зебо гардида, биноҳои маъмурӣ ва пулу роҳҳо бунёд гардиданд. Танҳо дар арафаи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 86 иншоот ба нақша гирифта шуда, аллакай, 55 адад ба истифода дода шуд.
Ба ҳамин тартиб, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби гурӯҳҳои таблиғотии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон мулоқот доир гардид.
Гурӯҳи таблиғотӣ ва сокинони сарбаланди Бадахшон бо итминон изҳори умед карданд, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони кишвар дар ҳамдастӣ корҳои зиёди бунёдгаронаро анҷом медиҳанд ва маҳсули дастранҷи онҳо ба тавлиди ҳазорон ҷойҳои нави корӣ ва болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
 
Лашкар  ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”, 
Душанбе - ВМКБ - Душанбе
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04. 06.2021    №: 111    Мутолиа карданд: 1363
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед