logo

суханрониҳо

Суханронӣ дар маросими оғози лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод, ноҳияи Нуробод, 7 июни соли 2021

Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳозирони арҷманд!
Имрӯз мо лоиҳаи бунёди роҳи Роғун – Обигарм – Нурободро, ки яке аз қисмҳои муҳими нақшаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди ноҳияҳои водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, оғоз намудем. Лоиҳаи мазкур идомаи иқдомоти давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад.
Барои расидан ба ин ҳадаф, ҳоло Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт 12 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи беш аз 9,6 миллиард сомонӣ татбиқ карда истодааст, ки дар доираи онҳо зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд карда мешаванд.
Ҳамзамон бо ин, хотирнишон месозам, ки аз аввали соҳибистиқлолӣ то ба имрӯз дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,3 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст.
Тайи замони соҳибистиқлолии кишвар, бахусус дар давоми солҳои 2008 – 2020 сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Мурғоб – Кулма, Шоҳон – Зиғар, Шкев – Зиғар, Душанбе – Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб, Дӯстӣ – Панҷи Поён, Душанбе – Чаноқ – сарҳади Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа – Дӯстӣ, Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ӯзбекистон, Айнӣ – Панҷакент – сарҳади Ӯзбекистон, инчунин, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Дӯстӣ», «Озодӣ» ва «Хатлон» ба анҷом расонда шуда, дар маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар 5 терминали ҳозиразамони мусофирбарӣ сохта, ба истифода супурда шуд. Дар ин давра 9 терминали замонавии байналмилалии боркашонӣ, ки аз онҳо 3 терминал фосилавӣ ва 6 терминал наздисарҳадӣ мебошад, бунёд гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб ба дарозии 132 километр, қитъаи Ваҳдат – Ёвон ба дарозии қариб 41 километр (дар роҳи оҳани Душанбе – Бохтар – Кӯлоб сохта, ба истифода супурда шуд.
Корҳои дар соҳаи инфрасохтори роҳу нақлиёт анҷомдодашуда имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳамасола аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатнокӣ» гузаронда мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50 - умро ишғол намуд.
Вобаста ба роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки бунёди он имрӯз оғоз гардид, хотирнишон месозам, ки тибқи нақша ин роҳ барои кишвар ва минтақа аҳамияти стратегӣ дорад.
Бинобар ин, кулли сокинони водии Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо – ҳозирони гиромиро ба муносибати оғози корҳои сохтмони ин роҳ, ки боз як иқдоми нек дар раванди бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, табрик мегӯям.
Бунёди роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун – Нуробод – Рашт – Лахш бо дастгирии шарикони рушд ҳанӯз соли 2005 оғоз гардида, дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ беш аз 310 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва 138 километр роҳҳои маҳаллӣ ба маблағи умумии 1,9 миллиард сомонӣ сохта, ба истифода супурда шуданд.
Лоиҳаи нави қитъаи Роғун – Обигарм – Нуробод, ки бо талошҳои Ҳукумати кишвар сарчашмаи маблағгузории он дарёфт гардидааст, 86 километр, яъне аз километри 72-юм то 158-уми шоҳроҳи зикршударо фаро мегирад. Инчунин, дар доираи лоиҳаи имрӯз оғозшуда 70 километр роҳҳои маҳаллии ноҳияҳои зикргардида низ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд.
Бунёди қитъаи роҳи мошингарди Роғун – Обигарм – Нуробод низ мисли қитъаҳои дигар тибқи стандартҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шуда, ба пайвастани қитъаҳои дигари шоҳроҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, бамаротиб зиёд гардидани ҳамлу нақли мусофирон, молу маҳсулот ва рафтуомади боз ҳам беҳтару бехатари аҳолии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо маркази мамлакат мегардад.
Тибқи маълумоти сохторҳои масъул дар давоми 11 солу 4 моҳи охир дар масири Ваҳдат – Рашт – Лахш 423 садамаи нақлиёт рух додааст, ки дар натиҷаи чунин ҳодисаҳои нохуш 152 нафар ба ҳалокат расида, 477 нафар захмӣ шудааст.
Таъкид месозам, ки ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур таъмин намудани бехатарии ҳаракат ва тавсеаи робитаҳои байналмилалӣ, рушди сайёҳӣ, инчунин, дар доираи татбиқи он фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони водии Рашт ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Яъне роҳ бо сатҳу сифати беҳтарини ҷаҳонӣ бунёд гардида, рафтуомади мусофирон ва ҳамлу нақли мол тавассути он дар чор фасли сол таъмин карда мешавад ва барои робита бо кишварҳои хориҷӣ имконияту шароити муосир муҳайё мегардад.
Зимнан, хотиррасон менамоям, ки водии Рашт бо обу ҳавои бисёр мусоид, табиати зебо, гиёҳу обҳои шифобахш, меваю сабзавоти аз лиҳози экологӣ тоза ва дигар имкониятҳои нодири худ барои рушди сайёҳӣ шароити беҳтарин дорад.
Маблағи умумии лоиҳаи имрӯз оғозгардида зиёда аз 4,3 миллиард сомонӣ (беш аз 381 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад, ки маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзноки шарикони рушдро дар бар мегирад.
Бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо татбиқи лоиҳа дар се марҳала то соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Дар доираи марҳалаи якум бунёди роҳи асосии Роғун – Обигарм – Тагикамар ба масофаи беш аз 30 километр, сохтмони нақбҳои «Қандак» ва «Қарағоч» ба дарозии қариб сею ним километр, сохтмони 5 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда ва дигар иншооти сарироҳӣ ба нақша гирифта шудааст.
 Марҳалаи дуюми лоиҳа қисми боқимондаи роҳи асосии Тагикамар – Нуробод ва роҳи байнидеҳавиро дар бар гирифта, ҳамчунин, сохтмони нақби «Тагикамар» ба дарозии 2,6 километр, 6 пули нав, таҷдиди як пули мавҷуда, 1 пули минтақавӣ ва дигар иншооти нақлиётӣ пешбинӣ карда шудааст.
Дар марҳалаи сеюми лоиҳа сохтмони пули бузург ба дарозии тақрибан 760 метр ба нақша гирифта шудааст, ки бо стандартҳои байналмилалӣ бунёд мегардад.
Мо тасмим дорем, ки дар ояндаи наздик боз як лоиҳаи муҳими дигар, яъне роҳи Нуробод (Лабиҷар) – Сангвор – Қалъаихумбро оғоз карда, барои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳи алтернативӣ бунёд намоем.
Ҳадафи мо аз бунёди инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақаи Рашт аз он иборат аст, ки рушди соҳаҳои гуногуни ноҳияҳои водӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз тариқи роҳи алтернативӣ таъмин намуда, дар ин замина, даҳҳо ҳазор ҷойи кории нав таъсис диҳем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем.
Бо истифода аз фурсат, ба ҳамаи шарикони рушд, ки барои бунёди иншооти муҳими имрӯза саҳмгузорӣ мекунанд, изҳори сипос карда, ба мутахассисону коргарон, яъне бунёдкорони роҳ барори кор орзу менамоям.
Ҳамзамон бо ин, роҳбарону масъулони Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳоро вазифадор месозам, ки сари вақт ва босифат ба анҷом расондани корҳо ва азхудкунии мақсадноки маблағҳои лоиҳаро таъмин намоянд.
Дар назар бояд дошт, ки ин роҳ барои садсолаҳо бунёд мешавад.
Бинобар ин, зарур аст, ки сифати иҷрои корҳо ба таври ҷиддӣ назорат карда шавад.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам таваҷҷуҳи шумо – ҳозирони гиромӣ ва ҳар як оилаи сокинони водии Раштро ба як масъалаи муҳим ҷалб намоям.
Тавре ки борҳо изҳор дошта будам, тибқи таҳлилу пешгӯии ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва мутахассисону коршиносон соли ҷорӣ аз лиҳози таъминот бо маводи ғизоӣ яке аз солҳои вазнинтарин дар таърихи 90 – 100 соли охир мешавад. Яъне аҳолии сайёра бо сабаби хушксолӣ, камобӣ, таъсири бемориҳои сироятӣ, қимат шудани нархи озуқаворӣ ва камчинии он ба мушкилоти сахту сангин ва ҳатто қаҳтиву гуруснагӣ дучор мегардад.
Дар чунин шароит мо бояд ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол кунем, барои тирамоҳу зимистони дарпешистода дар ҳар як оила захираи маводи зарурии ғизоиро ташкил намоем, ба исрофкорӣ қатъиян роҳ надиҳем, яъне сарфаю сариштакор бошем ва талаботи қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳатман риоя намоем.
Бовар дорам, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Нуробод ва дигар ноҳияҳои водии Рашт дар идомаи амалҳои созандаи Ҳукумати мамлакат корҳои ободгаронаро боз ҳам вусъат бахшида, Ҷашни бузурги миллиамон – сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бори дигар мардуми ватандӯсти ноҳияи Нуробод, водии Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ҳамаи шумо – ҳозирони гиромиро ба муносибати оғози бунёди боз як иншооти барои кишварамон бузург табрик гуфта, ба ҳар яки шумо рӯзгори хушу босаодат ва барору муваффақият орзу менамоям.
Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2021    №: 112    Мутолиа карданд: 3962
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед