logo

иҷтимоиёт

МАРҲИЛАИ РАСИДАН АЗ ҶАНГ БА СУЛҲ. ЧАНД ДАЛЕЛИ ГӮЁ

Тавре ки маълум аст, дар нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ, бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонданд. Дар натиҷа, беш аз сад ҳазор шаҳрванди мо кушта шуд, хисороти зиёд ба бор овард, қариб як миллион нафар иҷборан хонаву дари худро тарк карда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуд.
Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон раиси навинтихобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва оғози музокирот бо мухолифин равона кард. 
Албатта, имрӯз ҳам тасаввурнопазир аст, ки чӣ гуна дар вазъияти мураккаб ва ноамнӣ дар шаҳри Кобул, ки дар бист километр берун аз он ҷанги шадиди байни неруҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мухолиф идома дошт ва мушакҳо ба тарафи шаҳр ва, бахусус, фурудгоҳи Кобул, парронда мешуданд, ҳавопаймои Пешвои миллат ба замин нишаст ва баъдан музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари мухолифин шурӯъ гардид. 
Натиҷаи музокироти сатҳи олӣ дар Кобул барои ташвиқ ва тарғиби сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистон аҳамияти фавқулода дошт. Дар изҳороте, ки аз тарафи ду роҳбар ба имзо расида буд, аз ҷумла омадааст: «Ҷонибҳо, ки ҳамагӣ тоҷиканд, ба хотири рафъи низоъ аз тариқи сиёсӣ, тавассути музокирот, бунёди шароити сулҳи пойдор дар сарзамини тоҷикон тамоми ҷидду ҷаҳди хешро дареғ нахоҳанд дошт».
Пас аз баргаштани ҳайҳати ҳукуматии Тоҷикистон ба Душанбе, зиндаёд Аҳмадшоҳи Масъуд, вазири дифои Афғонистон, дар мулоқот бо хабарнигорон аз хусуси мавқеи гуманистӣ ва ватандӯстона доштани Сарвари тоҷикон ёдовар шуда гуфта буд: – «Раҳбари Тоҷикистонро ман ҳамчун шахсияте дарёфтам, ки халқи кишвараш, миллати тоҷикро, ватанаш Тоҷикистонро хеле амиқ ва самимона дӯст медорад. Барои беҳбудии халқу марзу бумаш омодааст ҷонбозиҳо кунад. Бо чунин раисҷумҳур тоҷикон ҳатман ба сулҳу оштӣ даст хоҳанд ёфт».
Музокироти бениҳоят душвори дигар дар Хустдеҳи Афғонистон дар зимистони басо сарди соли 1996 сурат гирифт. Ин музокирот дар як деҳаи дурдасти Афғонистон - Хустдеҳ, ки дар он шароити будубош набуд, барқ набуд, гузашт. Ҳайатҳои музокироти сулҳи тоҷикон ду шабонарӯз музокира карданд ва дар натиҷа протокол дар бораи танзими авзои ҳарбию сиёсии минтақаҳои доғ дар 8 банд таҳия ва ба имзо расид. Дар натиҷаи он оташбас эълон шуд ва неруҳои низомии мухолифони собиқ ба мавзеи пештараашон баргаштанд. Президенти Тоҷикистон дар ин музокирот пешниҳод намуд, ки ҷиҳати таъмин ва таҳкими сулҳ дар Тоҷикистон бояд комиссияи оштии миллӣ таъсис ёбад ва роҳбари он бояд намояндаи мухолифин бошад. Чунин пешниҳоди ҷасуронаи Пешвои миллатро касе интизор надошт ва ростӣ, роҳбарони мухолифин низ қоил шуданд.
Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки аз 5 апрели соли 1994 то 27 июни соли 1997 дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон: Афғонистон, Покистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Туркманистон идома ёфтанд, муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои сулҳ 9 даври музокирот, 6 вохӯрии сарон ва 21 маротиба музокирот анҷом дода шавад. Дар натиҷа 40 ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба имзо расид.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик дар он давраи хеле сахт ва мудҳиш таҳти роҳбарии фарзанди фарзонаи хеш Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид шуд, роҳи музокироти сулҳро пеш гирифт, аз ақлу фарҳанги азалии хеш истифода намуд, бо зӯриву хунрезӣ ҳал кардани мушкилоти сиёсӣ ва иҷтимоиро рад кард ва Меҳани худро аз нав сохт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари хеш «Бунёди давлатдории навин», қайд менамояд: «Таърих гувоҳ аст, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронда, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст.
Таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон, ки асосгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, имрӯзҳо вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гашта, ба ҷаҳониён собит намуд, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург ҳамеша дар ҳолати душвор ва сарнавиштсози таърихӣ аз ин неъматҳои худододӣ истифода намуда, худро наҷот медиҳад. Ба қавли собиқ Котиби генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан, тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариниро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд.
Имрӯз мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо ҳамчун Сарвари давлати навини хеш, балки ҳамчун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва Пешвои миллати куҳанбунёд дӯст медорад.
 
Давлатмурод ОЛИМЗОДА,
устоди Академияи идоракунии давлатии 
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2021    №: 112    Мутолиа карданд: 589
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед