logo

фарҳанг

УСТОД ТУРСУНЗОДА ВА АФҒОНИСТОН

Дар садаи ХХ камтар шоире ба мисли устод Мирзо Турсунзода ин гуна ба умқи дардҳои башарӣ ва Шарқ аз чашмандози инсонӣ назар дӯхта  ва худро ба онҳо ҳамдаму ҳамдард донистааст. Шеърҳои «Қиссаи Хиндустон», «Водии Ҳисор», «Дар мамлакати ғуломон», «Меҳмони мағрибӣ», «Сайёҳи ҳинд», «Рӯди Ганг» амсоли намунаҳоест, ки имрӯз ҳам дар онҳо истисмор ва тирабахтии инсонҳоро ба василаи сиёсатҳои носолими давлатҳо ва инсонҳои ҷафопеша дар ҳаққи миллатҳоро мушоҳида мекунем. Ин аст бузургии  шоири инсонгаро ва шеърҳои мондагораш. Дар достони «Ҷони ширин» зимни он ки аз сайру сафарҳо, васлу фироқҳо бо ҳамсари маҳбубаш наҷвоҳои шоирона дорад, боз ҳам дарди сиёҳпӯстони мазлуми Африқо рӯҳи инсонии шоирро меозорад ва чунин зебо месарояду ҳушдор медиҳад:
Ман сиёҳам, - гуфт, - авлодам сиёҳ,
Ин сиёҳӣ шуд ба мо гӯё гуноҳ.
Бандаҳои ҳалқабаргӯшем мо,
Зиндаҳои хонабардӯшем мо…
Мо на дар зери ҳарорат сӯхтем,
Балки аз зулму асорат сӯхтем…
То даме, ки золиму мазлум ҳаст,
Кас набояд лаҳзае ғофил нишаст…
Ашъори устод дар айни содагию самимият ончунон амиқу дилнишин ва пухтаву рангин аст, ки дар зеҳну замири кӯдаки ҳафтсола  ва пирони ҳафтодсолаи Тоҷикистон нақш баставу замзама мекунанд. Хеле аз сурудҳояшро на танҳо ҳунармандони тоҷик оҳанг бастаанд, балки овозхони фақиди Шарқ Аҳмад Зоҳир ҳам хондааст, ки он «Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист» мебошад.
Устод Турсунзода бо ҳунари баланди достонпардозӣ, халлоқиятҳои ҳунарӣ, сабки оммафаҳм ва забони мардумиаш масоили ибтидоӣ, иҷтимоӣ ва рӯзонаро бо чунон тезбинию зарофат ва ҷаззобият ба тасвир мекашад, ки баъзе достонҳо, бо вуҷуди тӯлонӣ будан, хонандаро то охири маҷро ба ҳамроҳ дорад. Ин шоири рисолатманду воқеънигор гузашта ва замони худашро хуб фаҳмидаву таҳлил намудааст. Фазои тираи ҷаҳлу хурофот, бесаводию тангназарӣ ва азобу мазлумияти инсонҳои давраи хонсолорӣ ва маҳкумияти бонувони Шарқро ба чашми сар дидаву накӯҳиш намудааст. «Водии Ҳисор», саргузашти устод Айнӣ дар «Чароғи абадӣ», «Се нозанини Шарқ» ва шеърҳои дигар оинаи замир ва андешаи шоир аст.
Баъзе масоили миллӣ ва таърихиро бо зебоӣ ва зарофатҳои адабиву сиёсӣ бо маҳорату шуҷоат дар лобалои баъзе шеърҳои тавсифиааш талқин менамояд, ки байни ин масоил, ҳадди ақал, барои шахсияти баландпояе чун Турсунзода хориҷ аз меъёри маъмул ва сиёсати он замон буд. Дар шеъри “Ганҷинаи сурудҳо” чашмандози шоирро ба ҳавзаи фарҳангии Хуросони Бузург ва мардони номовари он ба тамошо менишинем.
Ин сафири сулҳу дӯстӣ ва ҳамзабонӣ чи қадар ашъори зебо ва дилкаш дар васфи табиати зебо озодагию меҳмоннавозӣ, дӯстӣ ва пайвандҳои ягонаи Афғонистону Тоҷикистон сурудааст. Фарзандони боэҳсосу баинсофи ду соҳили Ому мамнун ва мафтуни гулвожаҳои самимона ва эҳсосоти олӣ ва шоиронаи сароишгари он мешаванд. Мутаассифона, қаламбадастони ду соҳил камтар дар ин замина таваҷҷуҳ кардаву навиштаанд. Биноан, ба таври фишурда дӯстӣ ва пайвандҳои мардумони ду соҳили Омуро аз чашмандози шеъри устод Турсунзода ба хониш мегирем, бо умеди он, ки ин навои дӯстию ҳамзабонӣ ба дур аз сиёсатҳо ва офатҳои рӯзгор чун шеъри “Бӯи ҷӯйи Мӯлиён” - и устод Рӯдакӣ устувору барқарор бимонад ва ояндагон ин суннати неки ҳамдиёрӣ ва ҳамзабониро идома диҳанд. 
Устод Турсунзода ҳафтод сол қабл ба Афғонистон сафар карда, шарҳи он сафару меҳмоннавозии марди рустоӣ ва дӯстии поринаи афғонистониро дар достони “Ҷони ширин” зебо ва самимона ба тасвир кашидааст. Шоир дар яке аз сафарҳояш ба Ҳиндустон ба як кӯдаки овораи кобулӣ бармехӯрад, ки чӣ гуна барои ба даст овардани чанд тангаи ночиз ва таъмини зиндагии падару модараш ин тарафу  он тараф медавад ва кафшҳои мардумро лок мезанад. Шоир дар симои ин кӯдаки овора пайвандҳои ошноиву ҳамзабониашро ба ёд оварда, рафторҳо ва мазлумияти ӯро ба нигоҳе дилсӯзона ва падаронааш дар шеъри “Сайёҳи ҳинд” чунин зебо ба нигориш овардааст:
Кӯдаке мегашт бо қуттии худ
Дар хиёбони лаби баҳри кабуд...
Медавид ӯ ҳар тараф бо ҷустуҷӯ,
Сӯи ҳар як раҳгузар оварда рӯ...
Гуфтам: сайёҳи ҳинди кобулӣ
Кӯдаки хурдию дар ҳукми гулӣ...
Мисли ту, сайёҳи хурди номурод,
Дар ҷавонӣ ман надидам рӯзи шод...
Чунин аст нигоҳи шоири дардкашидаву башардӯст, ки худ дар кӯдакиву ҷавонӣ аз кӯраи фақру тангдастӣ ва бенавоӣ гузар карда, дар ҳама ҷо худро бо мусибатзадагони рӯзгор ҳамдаму ҳамдард медонад. Бо ашъори нағзу пурмағз ва нигоҳи тезбину отифиаш хонандаи боэҳсосро ба ҷаҳони пуртазоди инсонӣ ба сафар мебарад ва ҳушдор медиҳад:
Дузди бахти халқҳо минъбад боз
Пойи худро сӯи ту созад дароз.
Хоки пояшро набояд пок кард,
Пок аз ӯ бояд акнун хок кард!
Устод Турсунзода шарҳи сафари Пратан, яке аз муборизони озодихоҳи Ҳиндро дар шеърҳои “Нидои замин” ва “Дар роҳ” ба тасвир кашида, ки аз Ҳинди мустамираи он вақт муҳоҷират намуда, меҳмони Шоҳ Амонуллоҳхон мешавад. Дар айни сафар аз забони Ҳимолою Ганг мусибати ҳиндувонро ва аз забони кӯҳҳои  Хайбару Ҳиндукуш муқовимату озодихоҳии мардуми афғонро чунин баланду ҳамосиву  шоирона ба тасвир мекашад, ки хонандаи боинсоф ба қудрати қалам ва ҳунари шоиронааш офарин мегӯяд:
Эй Ҳимолой, аз чӣ хомӯшӣ?
Дар ғами Ҳинд ё ки мадҳушӣ?
Рӯ ниҳодем мо ба сӯйи шимол,
Пеш рафтем,  марг аз дунбол...
Роҳ рафтем қуллаи Хайбар
Шуд намоён чу садди Искандар...
Баъд аз ин сарзамини афғон аст,
Кӯҳу водии номдорон аст.
Ман шунидам, ки борҳо ин хок
Карда дар хок душмани нопок...
Гар адӯ сар халад ба ин кишвар,
Нохалаф мешавад ҷудо аз сар.
Дӯст гардид бо Амонуллоҳ,
- Ғолиб оем, - гуфт, - иншоллоҳ...
Ашъори ин сарояндаи сулҳ ҳамчун рамзи ҳамдиливу ҳамзабонӣ мавриди таваҷҷуҳи хонандагон ва ҳамзабонони афғонистонӣ қарор дошта, мазмунҳои бикр ва мавзӯъҳои ҷовидонаи осораш ба водии абадият раҳ мепӯяд.
 
Муҳаммадҷаъфари РАНҶБАР, пажӯҳишгари афғон, муассиси китобхонаи устод Халилӣ дар Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.06.2021    №: 112    Мутолиа карданд: 1364
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед