иқтисод
БАДАХШОН. ЗИМИСТОН РАФТ, ЗИМИСТОНИ ДИГАР ДАР ПЕШ АСТ
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар машварати васеъ ёдрас шуд, ки зимистони соли равон дар баъзе минтақаҳои вилоят, аз ҷумла маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ, бори аввал дар чанд соли охир реҷаи маҳдудсозии интиқоли барқ ҷорӣ гардид. Чӣ сабаб шуд, ки Ширкати “Помир энерҷи” - иттиҳодияи асосии неругоҳҳои барқии вилоят зимистони соли равон ба таъмини пурраи талаботи аҳолии вилоят бо барқи боэътимод комёб нагардид?
Амрихон Раҳимов, директори кулли ширкат, вазъиятро чунин шарҳ дод:
- Ҳақиқатан дар рӯзҳои сарди моҳи январи соли 2021 норасоии қувваи барқ арзи вуҷуд намуда, сокинони деҳот дар ин моҳ дар як шабонарӯз аз 12 то 14 соат бо барқ таъмин мешуданд. Дар моҳҳои феврал-март дар шаҳри Хоруғ маҳдудият аз байн бардошта шуда бошад ҳам, муштариёни деҳот аз рӯи реҷаи нисбатан мулоимтар ба барқ таъмин мешуданд. Аз нимаи дуюми моҳи апрел аз рӯи реҷа додани барқ дар тамоми вилоят аз байн бардошта шуд. Ин дар ҳолест, ки тамоми НБО-ҳои ширкат дар ҳолати хуби техникӣ қарор доштанд. Мутахассисони соҳа вазъиятро ба норасоии об дар миқёси вилоят рабт медиҳанд ва дарвоқеъ ҳам зимистони соли равон ҷиҳати ниҳоят паст фаромадани ҳарорати ҳаво ва дар ин замина паст шудани сатҳи оби дарёҳо ва афзоиши яхсел истеҳсоли барқ дар ҳамаи неругоҳҳои барқи обӣ хеле коҳиш ёфт. Ин ҳолат, махсусан дар калонтарин манбаи барқи вилоят - НБО “Помир-1” бештар ба мушоҳида расид. Ҳамасола неругоҳи мазкур дар фасли сармо дар баробари оби дарёи Ғунд аз ҳисоби оби захиравӣ, ки тобистон дар Яшилкӯл ҷамъ мешавад, таъмин мегардад. Вале ҷиҳати боришоти ками солҳои охир дар обанбори Яшилкӯл об кам захира мегардад. Тобистони соли гузашта ҳам дар обанбор ба таври кофӣ об захира нашуд. Бинобар ин дар баробари кам шудани сатҳи оби дарёи Ғунд дар рӯзҳои сардӣ ва ба вуҷуд омадани яхсел, кам омадани об аз обанбор НБО “Помир-1” ҳам бо об пурра таъмин нагардида, истеҳсоли барқ дар фасли сармо дар ин неругоҳ коҳиш ёфт. Аз ҷониби дигар афзоиши талаботи аҳолӣ дар мавсими сармо ба неруи барқ имкон намедод, ки дар мавсими хунукӣ суръати афзояндаи талаботи муштариёни вилоят бо барқи хушсифат пурра қонеъ карда шавад. Вале дар маҷмӯъ, давоми 4 моҳи соли равон истеҳсоли барқ дар ширкат на танҳо коҳиш наёфтааст, балки зиёд шудааст. Дар ин давра тавассути 12 неругоҳи ширкат дар ҳаҷми 81 093 659.00 кВт-соат қувваи барқ истеҳсол шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 1 542 766 00 кВт-соат зиёд аст. Яъне, афзоиши рӯзафзуни талаботи муштариён ба барқ, махсусан дар фасли зимистон, ки на танҳо чун манбаи равшанӣ, балки, ҳамчунин, манбаи асосии гармидиҳӣ истифода мегардад, боиси норасоии он дар мавсими сармо мегардад.
Ба гуфтаи директори генералии ширкат, талафоти техникии қувваи барқ ҳам метавонад ба таъминоти аҳолӣ бо қувваи барқ халал ворид созад. Бинобар ин паст кардани меъёри талафоти қувваи барқ яке аз самтҳои асосии фаъолияти ширкат маҳсуб меёбад. Солҳои аввал талафоти барқ дар ширкат ба ҳисоби миёна 17 фоизи ҳаҷми истеҳсоли умумиро ташкил медод. Ин рақам солҳои минбаъда дар натиҷаи андешидани тадбирҳои мушаххас тадриҷан рӯ ба коҳиш ниҳод. Соли 2020 талафоти қувваи барқ дар миқёси вилоят ба 9,48% баробар шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2019 (9,95%) ба андозаи 0,47% камтар мебошад. Марҳила ба марҳила паст шудани талафот асосан аз ҳисоби васлкунии ҳисобкунакҳои барқӣ, ҷорӣ намудани системаи ҷадиди биллинӣ, пурзӯр намудани назорат аз болои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ, таъмири хатҳои интиқол ва зеристгоҳҳо, иваз кардани симҳои луч ба симҳои оиқдори намуди СИП ба даст оварда шуд. Ба ин мақсад ширкат нақша дорад, ки сохтмони ХИБ-и 110кВ “Хоруғ-Бизмич” дар масофаи 6.5км ва “Поршинев-Буни” дар масофаи 19.5км то моҳи сентябри соли 2021, сохтмону ба кор андохтани зеристгоҳҳои 110/35 кВ барои НБО-и “Помир-1” ва НБО-и “Хоруғ” ба итмом расонда мешавад. Қисман таъмир намудани канали дериватсионии НБО-и “Хоруғ” ва амалӣ намудани чорабиниҳои зиддитаровишӣ дар он, таъмири ҷории ХИБ-ҳои 35 кВ “Себзор-Роштқалъа” ва “Курговад-Даштак”, иваз намудани васлаки равғанӣ ба васлаки вакуумӣ дар сексияи дуюми ЗИ-35/10 кВ Ҷомӣ” низ ба ин нигаронда шудааст. Дар доираи лоиҳаи “Ванҷ-1” то моҳи сентябри соли равон ба охир расондани сохтмони ХИБ-110 кВ “Дашти Язгулом”-“Даштаки Ванҷ” ва бо ин пайваст намудани шабакаҳои “Помир Энерҷи” ба шабакаи умумиҷумҳуриявии “Барқи тоҷик” дар назар аст, ки ин имкон медиҳад эътимоднокии таъминоти аҳолии вилоят бо барқи хушсифат дар фасли сармо ҳам таъмин гардад.
Дар баробари ин, боиси нигаронист, ки айни ҳол 26 деҳаи вилоят ба барқ дастрасӣ надоранд. Бо мақсади ҳалли ин мушкилот ширкат бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи Электрикунонии деҳот пайваст намудани ин деҳаҳоро ба шабакаи “Помир энерҷи” ба роҳ мондааст, ки ин лоиҳа семоҳаи аввали соли 2022 ба анҷом расонда мешавад. Соли равон корҳои соҳилбандиро дар канали НБО-и “Хатфат”- и деҳаи Рошорви водии Бартанг ба итмом расонда, ҳиссаи онро дар таъмини аҳолии ин водии дурдаст зиёд намояд. Ҳамчунин, ширкат таъмир ва аз нав ба кор андохтани неругоҳҳои хурдро, ки айни ҳол дар тавозуни ташкилотҳои деҳотӣ ва шахсони алоҳида қарор дошта, аз фаъолият бозмондаанд, ба нақша гирифтааст, ки ин метавонад ҳаҷми истеҳсоли барқро дар тамоми сол зиёд намояд.
Амрихон Раҳимов таъминоти пурраи аҳолии вилоятро бо қувваи барқи боэътимод ва босифат дар марҳилаи аввал ба бунёди неругоҳи барқи обии “Себзор” марбут дониста, зикр кард, ки айни ҳол дар ин иншоот корҳои асосии сохтмонӣ оғоз меёбанд. Аммо бо ба кор даромадани иншооти саноатӣ дар вилоят дар се соли минбаъда касодии қувваи барқ аз нав эҳсос хоҳад шуд. Бинобар ин Ҳукумати кишвар зарур медонад, ки барои таъмини саноатии талаботи минтақа бо неруи барқ сохтмони НБО-и “Себзор” дар ноҳияи Рӯшон ҳар чи зудтар сохта шавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.06.2021 №: 112 Мутолиа карданд: 1141