logo

сафарҳо

ОҒОЗИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГӢ - ФАРОҒАТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

7 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба корҳои сохтмонии боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳия оғоз бахшиданд.
Боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Нуробод дар асоси дастуру ҳидоятҳои ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масоҳати 12,6 гектар замин бунёд мешавад.
Дар асоси лоиҳа корҳои сохтмонӣ дар иншооти муосири фарҳангӣ - фароғатӣ дар ноҳияи Нуробод дар ду марҳила амалӣ гардида, марҳилаи аввали он то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.
Лоиҳаи иншооти хуштарҳу замонавӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” таҳия гардида, бо харҷи 37,8 миллион сомонӣ бунёд мегардад.
Дар марҳилаи якум дар ҳудуди иншоот бунёди муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 10 метр, Нишони давлатӣ бо баландии 28 ва Парчами давлатӣ бо баландии 48 метр дар нақша аст. Ҳамчунин, дар марҳилаи якуми корҳо, сохтмони 12 фаввора, ҳавзи обгирӣ, гузарондани хатҳои муҳандисии оби нӯшокӣ, корезӣ, интиқоли барқ анҷом мепазиранд ва як қатор тадбирҳои дигари созандагӣ низ амалӣ мегарданд.
Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи иншооти бунёдшаванда дар ҳудуди боғи фарҳангӣ - фароғатии ноҳияи Нуробод, иттилоъ доданд, ки барои бунёди Парчам ва Нишони давлатӣ масолеҳи зарурии сохтмонӣ дар базаи моддӣ - техникии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рамзи Ваҳдат”, аллакай, пурра дастрас гардида, барои омода намудани муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳайкалтарошон ва мутахассисони варзида ҷалб шудаанд.
Бунёду ба истифода додани Парчаму Нишони давлатӣ ва муҷассамаи нахустин асосгузори давлати тоҷикон дар маркази ноҳияи Нуробод дар роҳи тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва бедор сохтани ифтихори миллӣ дар замири онҳо такони тоза мебахшад.
Бо мақсади риояи технологияи иҷрои корҳои бетонӣ ва дастрас намудани тамғаи зарурии бетони истеҳсолшаванда дар рафти корҳои сохтмонии боғи фарҳангӣ - фароғатӣ заводи хурди истеҳсоли бетон бо иқтидори 250 метри мукааб дар як шабонарӯз пурра ба кор дароварда шудааст.
Барои ҷавобгӯ будан ба талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои амалкунандаи сохтмонӣ Муассисаи давлатии “Мудирияти минтақаи зериобшавандаи Неругоҳи барқи обии Роғун” бо озмоишгоҳи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи дахлдор ба имзо расонда, масолеҳи сохтмонии зарурӣ, танҳо баъд аз ба даст овардани хулосаи мусбат барои истифода дар бунёди иншоот иҷозат дода мешавад.
Дар ҷараёни корҳои паймонкорию васлгарӣ 30 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб фаро гирифта шуда, зиёда аз 10 адад техникаи махсуси пуриқтидор ба корҳои сохтмонӣ ҷалб гардидааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо сохтмончиёну масъулони лоиҳа ҷиҳати истифодаи пурра аз имконоту шароити мавҷуда барои бо сатҳу сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани ин иншооти муҳим барои сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
Дар ноҳияи Нуробод ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду ба истифода додани қариб 250 иншоот дар соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки, аллакай, қисми бештари онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Ба истифода дода шудани марҳилаи аввали лоиҳаи боғи фарҳангӣ - фароғатӣ дар шаҳраки Дарбанд боз як туҳфаи арзишманди давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлил аз ин ҷашни бузурги миллӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои сокинону меҳмонони ноҳияи Нуробод хоҳад буд.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 2142
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед