logo

иҷтимоиёт

ЗИНДА КАРДАМ ДАР ЗАМИН МАН ШӮЪЛАИ ХОМӮШРО

(Дар бораи мақоми ҷаҳонии Мирзо Турсунзода)
Мирзои наврас шунида буд, ки ҳар инсоне дар осмон ситорае дорад ва он рӯзе хоҳад дурахшид. Мирзо дар ҳаваси дидани ситораи хеш чашм аз осмон намеканд:
 
Саҳар омад, баро, ситораи ман,
Саҳари пурсафо, ситораи ман.
Мирзо савод омӯхт ва ашъори Ҳофиз ба гуфтаи худаш, дар дили кӯчакаш шӯру шарар ангехт ва худ низ машқи шеър кард. Шеърҳояш, ки аз оташу Хуршед гармӣ мегирифтанд, дере нагузашта бар фарози Тоҷикистон баланд садо доданд. Ва рӯзе фаро расид, ки ситораи Мирзо аз дару девори кулбаи падар ва аз соҳили рӯди пуртуғёни Қаратоғ тулӯъ намуд, дар осмони нилгуну мусаффои Тоҷикистон ҷой гирифт ва ба дурахшидан оғоз кард.
Давру замон шоири хушиқболро бо меҳру садоқат парварид ва ӯ зина ба зина ба мақомҳои баландтарин расид ва ҳатто боиси шигифти мардумон гардид. Аз синни 35 то 40-солагӣ ё худ дар муддати панҷ сол ба шаш комёбии намоёну мақоми баланд расид. Ба намояндагии халқ дар парламони Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфта шуд, академики Академияи улуми Тоҷикистон интихоб гардид, раиси Иттифоқи нависандагон таъйин шуд, дар конгресси халқҳои Осиё дар Деҳлӣ ширкат намуд, асари безаволи «Қиссаи Ҳиндустон»-ро офарид ва он сазовори Ҷоизаи давлатӣ гардид. Ситораи иқболаш торафт дурахшонтар мегашт. Соли 1960 дар синни 49-солагӣ сазовори Ҷоизаи Ленин ва соли 1967 боз бо ду унвони олӣ- Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва Ҷоизаи байналмилалии Неҳру сазовор гашт. Соли 1972 дар Қоҳира, дар конфронси ҳаракати якдилии Осиё ва Африқо дар ҳузури вакили бештар аз 80 мамлакат бар сари синаи ӯ медали тиллоии Сулҳро насб намуданд. Шоир дар умри на чандон дарозаш қариб ба бист ҷоизаву унвонҳои баланд ва ба даҳ вазифаи давлатию ҷамъиятӣ сазовор гардид.
Ӯ дар боби эҷодиёт низ шигифтиҳои зиёде дорад. Ба ҷуз достони «Аз Ганг то Кремл» бештари асарҳо ва даҳ достони машҳури хурду бузургашро то расидан ба синни 50-солагӣ таълиф намудааст. Дар 27-28- солагӣ либреттои «Шӯриши Восеъ»-ро офарид ва ба операи миллии тоҷик асос гузошт. Дар 31- солагӣ достони машҳури «Писари Ватан»-ро иншо кард. Чун ба 36 -37 - солагӣ расид, дар радифи бузургтарин суханварони замони худ қарор гирифт.
Мирзо Турсунзода бо истеъдоди модарзодиаш корномаҳои эҷодии Пушкини 37-сола  ва Лермонтови 27- соларо такрор намуд.
Ситораву иқболи шоир торафт дурахшидаву ба мақоме расид, ки Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар аснои суханрониҳо ба ифтихори ҷашнҳои фархундааш ӯро чун «шахсияти беназир, арбоби бузурги давлатӣ, сипаҳсолори назми муосир, ситораи тобноки адабиёт, дорои тафаккури фарогири кураи Замин, муборизи оташини сулҳу дӯстии халқҳо» васфу ситоиш намуд.
Мирзо Турсунзода аз соли 1947 то соли 1977 – соли вопасини ҳаёташ расо 30 сол чун муборизи матин ва оштинопазири сулҳу ваҳдат, дӯстию ҳамраъйӣ ва зидди ҷангу хунрезӣ дар набарди шадиди хайру шар қарор гирифт ва худ эътироф карда буд, ки «нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт».
Мирзо Турсунзода соли 1947 бори аввал дар Конгресси халқҳои Осиё, ки бо ташаббуси  Ҷавоҳирлол Неҳру барпо шуда буд, иштирок намуд ва дар муддати як моҳ бо ҳаёти мардуми Ҳинд ошно шуд ва боиси эҷоди «Қиссаи Ҳиндустон» гардид. Ҳиндушиноси маъруф академик Евгений Челишев, ки борҳо бо Мирзо Турсунзода сайри Ҳиндустон кардааст, мегӯяд: «Дар Ҳиндустон Мирзо Турсунзода дар маркази диққати аҳли маҷлис қарор мегирифт. Ӯ ашъори тоҷикӣ мехонд ва бе ёрии мутарҷим шеърашро мефаҳмиданд. Ҳар боре, ки хондани шеърро ба поён мерасонд, сомеонаш бо суруру шодмонӣ «ваҳ, ваҳ, ваҳ» мегуфтанд, ки ин ниҳояти таҳсину офарин буд. Бо исрори ҳозирон ҳар шеърашро такрор ба такрор мехонд».
Ва аз соли 1947 дарҳо ва сарҳадҳои қитъаҳои Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико ба рӯи Мирзо Турсунзода боз гардиданд. Бисёр дӯстонаш навиштаанд, ки вай як по дар Шарқ, пои дигар дар Ғарб қарор дошт.
Соли 1955 дар Деҳлӣ конфронси аҳли ҷамъияти Осиё доир гардида, аз кишварҳои Осиё ва Африқо даъват ба амал овард, ки дар сарзаминҳои худ кумитаҳои якдилии миллӣ таъсис диҳанд. Ва дар нахустин ҷаласаи Кумитаи шӯравии якдилӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо Мирзо Турсунзодаи 44 - сола раиси он интихоб мегардад. Ин бесабаб набуд, зеро вайро ҳамчун муборизи шӯълавари сулҳ ва суханвари бузург ва чун фарзанди номдори қитъаи Осиё дар Шарқу Ғарб хеле хуб мешинохтанд.
Мирзо Турсунзода ба кумитаи мазкур беш аз бист сол роҳбарӣ намуд ва онро ба яке аз созмонҳои бонуфузтарини ҷаҳон табдил дод.
Соли 1958 дар Тошкент нахустин конфронси нависандагони Осиё ва Африқо доир гашт ва ба эътирофи роҳбари онвақтаи Ӯзбекистон Шароф Рашидов фаъолияти пурҷӯшу хурӯш ва обрӯву эътибори баланди Мирзо Турсунзода боиси муваффақият ва кори пурсамари конфронс гардид. Пас аз хотимаи конфронс Мирзо Турсунзода иштирокчиёни онро ба Тоҷикистон, ба Ҷашни ҷаҳонии 1100 - солагии устод Рӯдакӣ даъват намуд. Ҷашни Одамушшуаро бо ширкати намояндагони 72 кишвари ҷаҳон бошукӯҳу азамати хоса барпо гардид.
Ба гуфтаи Расул Ҳамзатов он рӯзҳо ҳатто хонаю дари Мирзо Турсунзода ба анҷумани нависандагони Осиё ва Африқо ва ба ҷашни устод Рӯдакӣ табдил ёфта буд. Ӯ менависад: «Рӯзе, ки ман дар ҳавлии Мирзо будам, дар се хонааш зиёда аз 50 нафар меҳмон аз мамлакатҳои гуногун ҳузур дошт. Дар ҳамин хона Нозим Ҳикмат, Николай Тихонов, Файз Аҳмади Файз ва касони дигар шеър хондаанд. Афсӯс, ки дар хонаи Мирзо барои ояндагон дафтари сабт нест. Вагарна китоби бузурге мебуд, ки аз дӯстиву муҳаббат ва бародарӣ ҳикоят мекард».
Устод Мирзо Турсунзода, инчунин, соли 1966 дар нахустин Конфронси якдилии халқҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотин, ки дар Куба бо ширкати 82 мамлакат барпо гардида буд, иштирок кард. Ӯ ҳам зимни суханронӣ ва ҳам дар фаъолияти ҳамарӯза ба қувваҳое, ки мехостанд ба кори конфронс халал расонанд ва ягонагиву иттиҳоди се қитъаи бузургро гусаста созанд, зарба мезад.
Куҷост он кишварҳову қитъаҳое, ки пои Мирзо Турсунзода ба он ҷо нарасидааст, нутқҳои оташинаш садо надодаанд, ашъори нобаш дилҳоро тасхир накардаанд?! Ӯ дар даҳҳо конфронсҳову конгресҳое, ки дар Деҳлӣ, Қоҳира, Лоҳур, Бағдод, Бейрут, Теҳрон, Варшава, Вена, Париж, Куба, Хелсинки, Прага, Стоголм, Индонезия ва кишварҳои дигар барпо шудаанд, фаъолона ширкат доштааст. Ва дар аснои сафарҳояш бо даҳҳо роҳбарони давлатҳои ҷаҳон амсоли  Ҷавоҳирлол Неҳру, Индира Гандӣ, Фидел Кастро, Ҷалол Абдулносир, Сукарно, Секу Туре, Хуари Бумиден мулоқотҳо доштааст.
Ин вохӯриву мулоқотҳо гувоҳи мақоми баланд ва обрӯву эътибори байналмилалии ӯст.
Устод Мирзо Турсунзода мунодии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон буд. Таъриху тамаддуни тоҷик ва забону назми оламгирашро дар дили мардумони олам ҷойгузин месохт.
Мирзо Турсунзода рӯи оламро тай намуд, бо мамолики Шарқ пайванди рӯҳиву ҷонии ногусастанӣ пайдо кард, бо ҳаёт, бо афкор ва ақоиди табақоти мухталифи ҷомеа аз наздик шинос шуд ва дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон дӯстону ҳаводорон пайдо кард.
Муҳаббат ва ҷозибаи ӯ дилҳоро чун оҳанрабо ба худ мекашид, ноумедонро умеди тоза мебахшид, ғамзадагонро тасалло медод ва бо ашъори парниёносояш дилҳои шикастаро  мебардошт, умеди беҳбудии фардоро дар дилҳо фурӯзон месохт ва оғӯши худро ба рӯи мардуми ҷаҳон боз намуда, бо садои баланд мегуфт:
Зинда кардам дар замин ман шӯълаи хомӯшро,
Бо сухан дар ҷӯш овардам дили беҷӯшро.
Ман ба ҳар як тифли аз модар  ба дунё омада,
Боз кардам аз сари сидқу вафо оғӯшро.
 
Раҷабалӣ ҚУДРАТОВ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 617
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед