logo

иҷтимоиёт

АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАР МУСИҚӢ

Эҷодиёти Қаҳрамони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон, академик Мирзо Турсунзода ва осори  лирикии ӯ олами эҳсосу афкор аст, ки бо миллионҳо хонанда пайванди ногусастанӣ дорад. Онҳое, ки бо ин марди бузург шишту хез кардаанд ва ё ҳамсуҳбат шудаанд, бо ифтихор аз ӯ ёд мекунанд. Оҳангсози маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ дар китоби «Васлгари дилҳо»-и худ навиштааст, ки бо Мирзо Турсунзода  ҳамсуҳбат шудан шарафи бузург  буд. Хушбахтона,   ман  бо   ин  шахси  фозилу  ҳимматбаланд  на фақат  ҳамсуҳбат, инчунин,  ҳамсоя будам. Ашъори диловези  он кас дар фаъолияти  оҳангсозии  ман  мавқеи  сазоворе дорад. Эҷодиёти  шоири  маҳбуб  маро  водор  намуд,  ки  ихтисоси  композиториро  бештар  дӯст  дораму   ба  ин кор  камари  ғайратро  мустаҳкамтар  бандам, зеро  дар  ҳар  мисраи  шеъри  устод эҳсоси баланди  инсонпарварӣ,  ишқи пок нисбат ба Ватан, муҳаббати  гарму  ҷӯшон  ба  халқи  хушбахти  советӣ  садо медиҳад.
Ӯ тобистони соли 1945 - ро ба хотир оварда, зикр намудааст, ки ҳамроҳи як гурӯҳ санъаткорон ба яке аз хоҷагиҳои ноҳияи Орҷоникидзобод (ҳоло шаҳри Ваҳдат)  мерафтем. Он ҷо ба шарафи иҷрои  нақша тантанае   барпо  шуд. Мошини мо бо роҳи асфалт босуръат пеш мерафт. Шамоли форами кӯҳсорон ниҳолҳои  пахтаро ба  ҷилва  меовард. Бӯи  хуши  гулу  себарга  ба димоғ мерасид.
Мирзо  Турсунзода  таклиф карданд,  ки  мошинро  каме боз  дорем. Ҳама аз мошин берун омадем. Аз ободии  саҳро,  ҳосили  ниҳолҳои  пахта,  боғу токзор дили  шоир ба ҷӯш омада буд. Ва нахустин  мисраъҳои   шеъре,  ки  имрӯз  ба  ҳама  ҳамчун  суруд маълум аст, ба забон омаданд:
Офарин бодо шуморо, паҳлавонон, 
офарин,
Марду занҳои далери Тоҷикистон 
офарин.
Шоир  раҳораҳ  ҳамин  мисраъҳоро  такрор  намуда, ба ман рӯй оварданд: “Шаҳидӣ то ба колхоз расидан шеърро ба охир мерасонам, хуб мешуд   агар   оҳанге   фикр  мекардед. Хулоса,  то  ба  колхоз  расидан шеъру  оҳанг  тайёр  шуд  ва  дар консерт  ин  суруд  садо дод”.
Суруди  дигаре,  ки  Мирзо  Турсунзода   ҳангоми  сайри  атрофи  шаҳр  навишта  буданду  ман  ба он оҳанг  бастаам, чунин байти машҳуре  дорад:
Хонаи мо он қадар ҳам дур нест,
Гарчи дар чашми шумо манзур нест.
Устод Мирзо Турсунзода сурудхониро дӯст медоштанд, гоҳо бо завқ   аҳли   маҳфилро ба рақс даъват мекарданд. Дар ҷамъомадҳо  сурудҳои  халқии  «Хуш  он замон»,  «Гулпарӣ»,  «Чор зарб»,   «Кабки  хушрафтор»   ва  ғайраро  мо  аҳли  суҳбат,  бо  як  овоз месароидем.  Дар  ин  мавридҳо  суруди   «Хуш  он  замон»  мавқеи  хосе дошт,  ки  ҳоло  ҳам  садо  медиҳад.
- Шеърхонӣ, орзуҳои нек ба шоир ва санъаткор рӯҳи тоза, илҳоми нав мебахшад. Вале агар шеър бо мусиқӣ, бо оҳанги хоси худаш садо диҳад, хубтар мешавад. Биёед ҳамаамон суруди «Хуш он замон»-ро месароем,- гуфтанд устод Мирзо Турсунзода ва  ба  ман  ишора карданд,  ки  сар  кунам. Ман сар кардам ва ҳама баробар сароидем:
Хуш он замон, ки ба саҳни чаман 
ту бошию ман,
Миёни ғунча ба як пираҳан 
ту бошию ман...
Ба шарти он ки набошад миёни 
мо ағёр,
Пиёла бошаду май бошаду 
ту бошию ман.
Вақте ки суруд ба охир расид, хостам бо ишораи дастам иштирокчиёни  ин  хониши  умумии  «хор» - ро аз тамом шудани суруд огоҳ намоям. Вале Деҳотӣ, ки якҷоя бо мо суруд мехонданд, оҳиста ба гӯшам  гуфтанд,  ки  пушташро  хунук  накарда, «Гулпарӣ» - ро ҷуфт кунем. Мирзо ба  рақс  медарояду  мехонад,  бо  хурсандӣ  ва  ҳаяҷон. Ман табақчаро ба сифати доира истифода бурда, суруди «Гулпарӣ» - ро сар кардам. 
Гулпарӣ, райҳонпарӣ, имшаб лаби бомат кӣ буд?
Дар ҳамин вақт якбора Мирзо бо шаст аз ҷо хеста:
-Деҳотӣ!  Ба  ман  як рӯймолча диҳед, ман ҷавоби духтарро мехонам, - гуфта ба мобайн омада, рост истоданд.
-Акнун аз сараш сар кунетон, - гуфтанд устод ба мо - хонандагон ишора карда, мо мисраъҳои аввалро такрор кардем.
Гулнарӣ, райҳонпарӣ, имшаб лаби бомат кӣ буд?
Мирзо бо шавқи  том  ду нӯги рӯймолчаро аз дасти Деҳотӣ гирифта,  болои сар партофтанд. Як нӯги рӯймолча дар дасти рост, поёнтари сари сина, нӯги дигараш аз тарафи дил болои сар баландтар менамуд. Мирзо бо шарму табассуми хоси духтарона чашмҳоро хумор карда, мувофиқи оҳанги зарби мусиқӣ давоми бадеҳаро, яъне ҷавоби маъшуқаро ба ошиқ бо маҳорати баланди артистӣ иҷро мекард:
Ҷон акаҷон касе набуд, аттор 
бачек омада буд (2 бор)
Гӯшвори зар оварда буд, 
ҷигӣ-ҷигӣ ҷангам макун,
Зулфакома қайчӣ макун, гӯшворама 
қайчӣ макун.
Аҳли суҳбат ҳама ба бадеҳа ҳамроҳ шуда, ғазаби «Ошиқ» - ро нисбат ба «Маъшуқа» паст карданӣ мешуданд.
Ҷигӣ ҷигӣ ҷангаш макун,
Зулфакоша қайчӣ макун.
Ҷигӣ-ҷигӣ ҷангаш макун,
Гӯшвораша пора макун.
Ҳамин тавр як дафъа: - «Боғбонбача омада буд».
Дафъаи дигар: - «Қассоббача омада буд».
Боз: «Корвонбача омада буд», - гуфта бадеҳаро ба охир расондем.
Ашъори Мирзо Турсунзода гуногунпаҳлу буда, аз рӯи онҳо бастакорон оҳанг бастаанд. «Бӯстони оламоро» - и    Шарофиддин Сайфидддинов, «Ба раққоса» - и    Ф. Азизов, «Бахти ҷовидон дорам» - и    М. Муравин, «Сурудҳои лирикӣ - ватанпарварӣ» - и Ё. Сабзанов,«Духтар» - и С. Юдаков, «Қишлоқи мо» - и   З. Шаҳидӣ, «Шӯриши Восеъ» - и С. Баласанян, «Суруди ман» - и    Ф. Шаҳобов ва ғайра аз ин ҷумлаанд.  Соли 1956 устод матни филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» - ро эҷод карданд.  Сурудҳои ин филм - «Суруди Саид», «Суруди чойхоначӣ», «Суруди Меҳринисо», «Суруди Зулфия», «Суруди ҷавонон», «Дар субҳи тиллоӣ»  бо қалами устод тааллуқ доранд.
Сурудҳо ва мусиқии классикии тоҷикро устод Мирзо Тусунзода дар иҷрои Акашариф Ҷӯраев, Шоҳназар Соҳибов, Барно Исоқова,   Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова ва дигарон  дӯст медоштанд. Инчунин, ҳофизони халқии тоҷик Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов, Ҷӯрабек Набиев, Давлатманд Холов ва дигарон ба шеърҳои ин шоири бузург оҳанг баста, суруду таронаҳои дилнишин офаридаанд, ки солиёни зиёд вирди забони хурду калонанд. Ин шеъру сурудаҳо мавзӯъҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ, ватандӯстӣ, аҳду вафо, садоқат, зебогии нотакрори диёри азизамон - Тоҷикистон, ишқу муҳаббат ва фидокории занони тоҷик, хушбахтию амонӣ ва меҳри модаронро таҷассум намудаанд. 
 
Тағоймурод РАЗЗОҚОВ,  
мудири кафедраи созӣ - иҷрокунандагии 
ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода,
Додоҷон РӮЗИЕВ, журналист
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 817
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед