logo

иҷтимоиёт

САРОЯНДАИ СУРУДИ ВАҲДАТИ ИНСОНӢ

Мирзо Турсунзода ҳар қадар ки шоири миллӣ бошад, ба ҳамон андоза тарғибгари дӯстии халқҳои дунёст. 
Эмомалӣ РАҲМОН
 
Аз муҳимтарин авомили муассир дар осори устод Мирзо Турсунзода таҳкими равобити адабиву фарҳангии тоҷикон бо халқҳои ҷаҳон дар партави ташаббус ва корномаҳо ва ба таъбири Пешвои миллат, “фикру андешаҳои умумиинсонӣ” - и Мирзо Турсунзода ба шумор мераванд.
 
Истиқболи ғояҳои умумиинсонӣ, сулҳпарварӣ, зарурати таҳкими дӯстии халқҳо ва дигар масоили марбут ба ниёзҳои башарият дар шароити ташаннуҷи авзои сиёсиву иҷтимоӣ дар бархе аз кишварҳои олам , ки аз сӯи Мирзо Турсунзода ҳам дар ашъор ва ҳам дар суханрониҳояшон чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар минбарҳои баланди мамолики мухталиф садо додаанд, аз ҷониби чеҳраҳои барҷастаи сиёсат, хосатан адабиёт ва фарҳангии олам боис ба эҷоди марҳилаи нави равобити адабиву фарҳангии Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир гардид. Ба таъбири дигар, устод Мирзо Турсунзода ба танҳоӣ ҳамчун як шоири миллии мо на танҳо тавассути ин корномаҳо ва ҳамчун тарғибгару мубашшири адабиёт ва фарҳанги миллӣ эътироф шуд,  балки симои тоҷикону Тоҷикистонро дар ҷаҳон муаррифӣ кард. Боз  ҳам ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат аст, ки ба ин хидматҳои устоди бузурги адабиёти муосири мо баҳои баланд додаанд: “Хизмати бебаҳои як нафар  фарзанди миллати шоирпеша ва соҳибфарҳанги тоҷик Мирзо Турсунзода ба хазинаи тамаддуни башар низ дар ҳамин аст”. 
Як бахши муҳими сурудаҳои Мирзо Турсунзодаро мавзӯи дӯстии халқҳо ташкил медиҳад, ки онро ҳам самараи ҳамин талошу пайкорҳои инсонпарваронаи ин устоди бузург метавон унвон кард. Аз ҷумлаи чунин ашъор силсилаи “Қиссаи Ҳиндустон” мебошад, ки дар он баробари тасвири вазъи сиёсиву иҷтимоии Ҳиндустони замони шоир, ки онро бо чашмони хеш дидааст, мушкилоти рӯзгор, шарҳу тафсири нобаробариҳои иҷтимоӣ ва баёни ормонҳои шахсии муаллиф дар масъалаи озодии инсон, хоса занони Машриқзамин, ҷойгоҳи хоси шинохти суханварони ин сарзамин ва нақши осору образҳои шеърии онҳо дар ташаккули эҷодиёти худи шоир нақши муҳим доранд. Дар шеъри “Тара чандри”, ки аз ҷумлаи ашъори ин силсила буда, соли 1947 ба қалам омадааст, иродату муҳаббат, нигоҳи хосаи устод Турсунзода ба Абдулқодири Бедил, суханвари бузурги адабиёти тоҷикзабони Ҳинд, шахсият ва вижагиҳои муҳими анвои ашъори ӯ таҷассуми равшан пайдо намудааст. Тарҳи куллии шеър бозгӯи он мебошад, ки маҳз образҳои шеърии яке аз достонҳои маъруфи Бедил бо номи «Комде ва Мадан» сарчашмаи илҳоми шоир ба шумор мераванд. 
Руҷӯи Мирзо Турсунзода ба шеъру андешаи Бедил ба истиқбол аз ғояҳои ватандӯстиву ваҳдатгароӣ, талқини афкори марбут ба ягонагии маънавии таълимоти мазоҳибу адён пайванд мегирад, ки бо тарҳу андеша ва барномаи нав дар ашъори хеш онро такмил ва дар таркиби мафҳуми ифодакунандаву шореҳи ҳамон ғоя бо номҳои “дӯстии халқҳо”, “ҳамдиливу ҳамраъйии мардумони олам” таҷассум ва ҳам таблиғ намудааст. Дар ҳошияи ин силсила ба афкори Бедил роҳ кушодани Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, пайванде ба ғояҳои таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ҳинд ва талқини озодиву истиқлоли маънавии инсон низ дорад, чун Бедил дар баробари ҳама азамату шукӯҳи маънавии худ дар адабиёти тоҷик нафарест, ки дар муҳити ин сарзамин зиставу ҳамеша дар андаруни муборизаҳои қавмиву динӣ қарор дошт. Ҳамин амр шояд омил бар он гардид, ки дар сафи пеши тарғибгарони ғояи сулҳи кулл қарор гирифт, ки аз сӯи сарвари сиёсии замон Акбар тарҳ ниҳода шуда, ҳамеша оштии мазоҳиб ва адёнро бо такя ба ягонагии маънавии онҳо авлавият мебахшид. Устод Мирзо Турсунзода ҳам  замоне ба Ҳинд сафар кард, ки наҳваи дигари ҳамин гуна душманиву адоват дар ин қаламрав ҷой дошт, ки сарчашмаи он зулму асорате буд, ки аз сӯи аҷнабиён бар сари ин мардум таҳмил шуд. Аз ин лиҳоз, ҳамоҳангии андешаву ормонҳои тафсиргари наҷоти инсоният аз зулму асорат, шукӯҳу нусрати озодии маънавии шахс пайванди маънавии устод Турсунзодаро бо Бедил нусрате бахшид, то барои наҷоти мардуми сарзамини ӯ дар асри нав аз андешаву ормонҳои ин шоири миллии мо файз гирифта, тарҳи нави оини дӯстиву бародарӣ, ҳамдиливу ҳамраъйиро барои наҷоти халқи ҳинд пешкаш намояд. Баробари ин, дар симои Тара-чандри  худ Комдеи дигареро биофарад, ки новобаста ба ҳама наҷобату ҳунари олӣ ниёз ба озодии маънавӣ дорад. Ҳамоно ин ҷо ғояҳои муҷассам дар оинаи пиндор ва амалкарди Комдеи офаридаи Бедил  ба устод роҳи озодиву наҷотро барои мардумони Ҳиндустони замони худ муаррифӣ намуд, то дар эҷоди худ тарҳи дигари ин ҷодаи наҷотро пешбинӣ кунад. Бегумон, метавон эътироф намуд, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамон рисолати бузурги адабии Бедилро дар замони худ ҳамчун меросбари маънавии ин шоири ваҳдатшиор дар нисбати тамоми мардумони олам ба сомон расонда, муваффақ бар он шуд, ки ба ҳукми як шахсияти ваҳдатмеҳвар дар саросари олам эътироф шавад. Расидан ба ин мақоми маънавӣ буд, ки маҳз ба эҳтироми устод Мирзо Турсунзода шоири урдузабони покистонӣ Файз Аҳмади Файз шеъри тоҷикӣ сурудаву нависандаи номвари қирғиз Чингиз Айтматов пешвои маънавияш хонда: “Омадани коллективҳое, ки ин мулоқотҳоро бо рақсу сурудҳои худ оро медиҳанд, хеле хуш аст, лекин будани як лидер - пешвои маънавӣ низ, албатта, лозим аст. Дар он рӯзҳо Мирзо Турсунзода барои мо ҳамин хел як пешвои маънавӣ буд”. Ҳамин тавр, робитаҳои адабиву дӯстии самимонаи устод Турсунзода бо Расул Ҳамзатов,  Сулаймон Лоиқ, Николай Тихонов, Зулфия, Чингиз Айтматов ва садҳо нафари дигар на танҳо пайвандҳои маънавию шахсии худи устод, балки робитаҳои бузурги адабиёт ва халқиятҳои тоҷику доғистонӣ, афғон, русу ӯзбек, қирғизу қазоқ, ҳинду эронӣ ва тамоми оламро таҳким ва тақвият бахшиданд. Ин буд, ки шарофати ҳузури устод Мирзо Турсунзода дар фазои фарҳангии замони шӯравӣ  омил бар он шуд, ки ин шоири миллии мо тани танҳо як адабиёт, як миллат ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ намуд ва ҷаҳониён низ дар симои устоди сухан – Мирзо Турсунзода Тоҷикистону тоҷиконро шинохтанд. Ҳамин шинохтанҳо ва дарку маърифати лаззати дӯстиву рафоқат, хосатан пайвандҳои инсонӣ дар саросари олами устод боис шуд, ки Турсунзода беҳтарин суруди дӯстӣ, балки гимни дӯстии халқҳои оламро бисарояд, ки ғояву меҳвари аслии он дар ҳамин як байти он нуҳуфааст:
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
 
Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филология
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 637
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед