logo

иҷтимоиёт

МИРЗО ТУРСУНЗОДА. ВАҲДАТОИНЕ, КИ САФИРИ СУЛҲ ШУД

Мирзо Турсунзода аз шоирони маҳбуб ва маъруф, адиби рангинхаёлу ширинбаёни адабиёти муосир ба шумор меравад, ки бо шеърҳои шевою дилнишин, сабки равону дилпазир, баррасии мавзӯоти рангину пурмуҳтаво дар адабиёти асри ХХ соҳиби мавқеи ба худ хос шудааст. Дар эҷодиёти шоир мавзӯъю мазмунҳои гуногун ва тасвирҳои зебо бисёр ба чашм мерасанд. Муҳаббат ба Ватан, зебоиҳои табиат, ишқу муҳаббат, ситоиши зан-модар, тараннуми дӯстии халқҳо, айёми ҷавонӣ ва ғайра аз мавзӯъҳои асосии ашъори шоир - вассофи сулҳу ваҳдати оламиён ба шумор мераванд. 
Шоир дар шеърҳои худ ба масъалаи омӯзиши илм, аҳамият ва нақши дониш дар ҳаёти инсон, вобастагии рушди ҷомеа бо хиради мардум эътибори хоса зоҳир мекунад. М. Турсунзода дар достони “Чароғи абадӣ” омӯхтани илму донишро чун яке аз омилҳои умри ҷовид ёфтани одам тасвир мекунад ва таъкид менамояд, ки тавассути донишандӯзӣ одам “аз макри адӯ” хабардор мешавад ва “ба ҳар ҷо илм бурда ҷаҳл”-ро меронад. Одаме, ки дониш дорад, ҷило дода, ба афтодагон ёрӣ мерасонад ва маҳфилоро мешавад. Шоир барҳақ мегӯяд, ки фардои одамон аз насли ҷавон вобаста мебошад: 
Агар хоҳӣ ту ҳам ҷовид монӣ,
Ба хоки мулк бояд реша ронӣ.
Писарро тарбият бинмо падарвор,
Ки гардад он мубориз халқро ёр.
...Ба фарзандат сабақ омӯз, з-инҳор,
Ки аз макри адӯ бошад хабардор.
Ба ҳар ҷо илм бурда ҷаҳл ронад,
Қасос аз ҷаҳлу нодонӣ ситонад.
Ин байтҳои “Чароғи абадӣ” дар шеър чун васияти устод Айнӣ баён мегардад, ки писанди дили худи шоир аст ва хулосаи достон мебошад. Дар шеър муроҷиати ин пирамарди заковатманд ба падари писар ва панду ҳикматҳои ӯ чун ҷамъбасти роҳи эҷодии тайкардаи ӯ, монанди васияти марди ботаҷриба ба насли ҷавон садо додааст.
Шоири соҳибравия ва соҳибсалиқа Мирзо Турсунзода дар шеъри “Айнак” низ донишомӯзӣ ва китобхониро тарғиб менамояд. Шеъри “Айнак” худ дар васфи “зани оламшиноси сулҳнавоз” - и чинтабор гуфта шудааст, ки аз Чин ба Ҳинд меояд ва “ба рафиқон ҳикоягӯӣ” мекунад. Дар бораи таърихи куҳан, дастовардҳои шаҳр мегӯяд ва таъкид мекунад, ки дар ҳамин шаҳри бузурги сарватманд ба пиронсолон айнак намерасад. Сабаби ин дар он аст, ки кулли мардуми кишвар аз пайи омӯхтани илм ҳастанду чун лабташнагони маънавият рӯ ба китоб овардаанд.
Дар силсилаи шеърҳои ҳиндустонии шоир аз ҷумла, “Меҳмони мағрибӣ”, “Боғи муаллақ”, “Тоҷмаҳал”, “Қиссаи Ҳиндустон”, “Сайёҳи Ҳинд”, “Духтари муқаддас”, “Тара-Чандри” ва ғайра чун яке аз сабабҳои асосии қафомондагии ин кишвари куҳанро, ки сарвати зиёд дорад, аз бесаводии мардуми он медонад ва мардумро барои мубориза баҳри ҳаёти озодона даъват  мекунад. 
Дар шеъри “Сайёҳи Ҳинд” М. Турсунзода бо як факти хурди ҳаётӣ муаммои бузурги ҷамъиятиро ба миён гузошта, ба ҳалли он диққати хонандаро ҷалб менамояд. Дар шеър тақдири афғонбачае тасвир мешавад, ки дар Ҳиндустон чун пардозчии пойафзол меҳнат мекунад. Шоир дар симои ин бача ва тақдири фоҷиавии вай ҳаёти миллионҳо нафар кӯдакон ва наврасонеро, ки меҳнати сиёҳ мекарданд ва аз мактабравию донишандӯзӣ бенасиб буданд, тасвир мекунад. Ҳаёти ин кӯдакони бадбахт ва сарсахтро бо ҳаёти хушбахтонаи фарзандони кишвари худ муқоиса мекунад, ки ин хонандаро ба андеша водор месозад.  Таъкид медорад, ки бачагон бояд дар ин синну сол зери навозиши волидон умр гузаронда, илму дониш омӯзанд, то дар оянда ба хизмати Ватан ба кор оянд ва меҳанро аз балоҳои гуногун ҳифз намоянд.
Дар ашъори гуногунмавзӯи шоир масъалаи дониш андӯхтани зан ва духтарон низ чун масъалаи муҳим зикр мегардад. Шоири тавоно ва ҷаҳондида таъкид мекунад, ки зан ва духтарон бояд таълим гиранд ва дар кори ҷамъиятӣ фаъол бошанд. Чунин  мазмун  дар шеърҳои “Дасти модар”, “Зан агар оташ намешуд”, “Таронаи ишқ”, “Се нозанини Шарқ”, “Ҳасани аробакаш”, “Ба духтари тоҷик” ва ғайра ҷой доранд. 
Дар достони “Ҳасани аробакаш” аз тақдиру сарнавишти табақаи меҳнатии аҳолӣ нақл гардида, ба ҳаёти нав гузаштани мардум тасвир мешавад. Яке аз қаҳрамонҳои асосии асар Садаф дар достон ҳамчун яке аз аввалин духтарони тоҷик, ки дар омӯзишгоҳи муаллимтайёркунӣ таҳсил намудааст, тасвир  мешавад. Садаф дар асар чун духтари поктинат, вафодор, боадаб ва муҳимтар аз ҳама, бедордилу худогоҳ тасвир  гардидааст,  ки ба омӯхтани илму дониш таваҷҷуҳи зиёд дорад ва мехоҳад аз “асирии ҷаҳлу нодонӣ” озод бошад.
Эҷодиёти шоири маҳбуб дар сартосари ҷаҳон болу пар кушода, ба забонҳои гуногун тарҷума шудаву  мешаванд. То имрӯз дар радифи ғояҳои ватандӯстона, сулҳпарварона ва инсонгаронаи ин марди хирад, шеърҳои ӯ дар васфи тарғиби илму дониш миёни дӯстдорони каломи бадеъ маҳбубият доранд. Ашъораш  хонандагонро ба илм омӯхтан, соҳибхирад гардидан ва барои саҳм гузоштан дар рушду равнақи Ватан даъват менамоянд. Ин аст, ки беш аз як аср Мирзо Турсунзода чун шоири халқ соҳибэҳтиром аст ва мардуми ҷаҳон ӯро чун “мунодии сулҳу сафо” ба хотир меоранд.
 
Фаридуни ФАРҲОДЗОД, 
рӯзноманигор, шаҳри Самарқанд
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 781
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед