logo

иҷтимоиёт

«САЙЁҲИ ҲИНД». ШЕЪРЕ, КИ БА ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАЪВАТ МЕКУНАД

 
Кӯдаке мегашт бо қуттии худ
Дар биёбони лаби баҳри кабуд.
Метавонистӣ, ки аз чашмони ӯ
Пай барӣ аз мақсади пинҳони ӯ.
Ин мисраъҳоро ҳанӯз 28 сол муқаддам азбар намудам. Он замон дар  синфи 5 - ум мехондаму хуб дар хотир дорам, ки дили поку беғаши бачагиам ба ҷавони кобулӣ - қаҳрамони шеъри «Сайёҳи ҳинд» - и шоири маҳбуби мардум  Мирзо Турсунзода сахт сӯхта буд. Ҳам шеър, ҳам шоир ва ҳам қаҳрамони он - афғонбачаи содаву хушбовар барои ҳамеша дар хотирам нақш бастанд. Шеър чунон сода, равон ва мафҳум эҷод шуда, ки дарки он барои хонандаи синфи панҷ ҳеҷ мушкил надорад. Қаҳрамони шеър, ки ҳанӯз хурд ва ба таъбири устод Мирзо Турсунзода дар ҳукми гул аст, бори зиндагӣ бар дӯш азият мекашаду рӯзи шодмонӣ надорад. Ҳине, ки бояд аз фазлу камол, навозиши модар ва рӯзгори пурумед баҳра бигирад, дар ҷустуҷӯи қути лоямут муҳоҷири мулки дигар гашта. Шеър ва қаҳрамони он рӯҳи тифлонаи маро ба кишвари афсонавии Ҳиндустон мебурд ва бо қаҳрамони он ранҷ мекашидам. Барои аннае (пули майдаи Ҳиндустон)  лаби баҳри кабуд, зери Офтоби тафсон ба чор сӯй медавидам, пеши пойи бахтдуздони ҳинд - лордҳои англис хам мешудам, пояфзоли касифи онҳоро аз хок пок менамудаму ранг мемолидам.  Бо ҷисми лоғар, пойҳои обила ва чеҳраи сӯхта аз Офтоб. 
Дидани ин манзара барои устод Мирзо Турсунзода барин инсони башардӯст дарднок буд ва ӯ дар хитоб ба қаҳрамони шеъраш бо алами зиёд мегӯяд:
Бахти ту дар ин диёри бепаноҳ, 
Худ сияҳ буд боз бадтар шуд сиёҳ.
Дар хиёбон улфати ғам мешавӣ,
Пеши пойи нокасон хам мешавӣ.
Бо гузашти солҳо андешаи ман дар бораи шеъри «Сайёҳи ҳинд» ва ҳам устод Мирзо Турсунзода тағйир ёфт. Ба дарки шеър бештар сарфаҳм рафтам ва дар фаҳми ман ба каломи офаридаи устод Мирзо Турсунзода маъниҳои нав зам шудан гирифтанд. Дарёфтам, ки мавзӯи асосии шеъри мазкур дӯст доштани башарият, новобаста аз қавму нажод, маҳкум намудани зулму асорат ва даъвати халқи ранҷбар ба муборизаи озодӣ ва ба даст овардани истиқлоли комил мебошад. Дар шеър, аслан, се образ тасвир шудааст: афғонбача, Ҳиндустон ва лордҳои англис. Шоир кӯдаки кобулӣ ва Ҳиндустонро мазлумон ва англисҳои истисморгарро сабаби заъфу беҳуқуқии дуи дигар медонад. Аз судхӯрон, ки ҷоҳу ҷалоли Ватани дигарон ҷодуяшон кардаву ин кишвари зебои  афсонавиро бо ҳама ганҷҳояш аз они худ кардаанд, шадид интиқод карда, амали онҳоро фош ва гузашта аз ин, маҳкум менамояд. Онҳоро «бахтдузд», «хунхӯр» ва «золим» ном мебарад. Ба афғонбача муроҷиат мекунад:
Хуб медонам, ки сӯи ин диёр
Н - омадӣ монанди қавми судхор.
Н - омадӣ то, ки ҷаҳонгирӣ кунӣ 
Зулми нав бахшию ҷонгирӣ кунӣ!
Н - омадӣ то хуни ҳиндуро хурӣ,
Бахти бад ориву нафъи сад барӣ.
Шеър, ки ғояи баланди инсонпарварӣ дорад, дар дили хонанда нисбат ба қадру манзалати одам ва ҳастии ӯ меҳру шафқатро бедор мекунад. Кас дарк менамояд, ки тақдири мардуми ҳинд ба дасти бегонагон асту онҳо дар хонаи худ бехона, асири доми фиреби мустамликадоронанд. Дар ниҳоят, кас амали бешарафонаи англисҳоро ба мардуми ҳинд маҳкум месозад. Хусусияти дигари шеъри «Сайёҳи ҳинд» ин аст, ки шоир дар он санъати тазодро моҳирона истифода намуда, ба ҳангоми тасвири ҳаёти торику тираи мардуми Ҳиндустон дар бораи сулҳ, хуррамиву озодии мардумони диёри худ сухан меронад: 
Дар диёри аъзами пуршони ман,
Эҳ, чӣ хушбахтанд фарзандони ман.
Мешавад ояндаи онҳо аён,
Пеши чашми ман чу дунёи калон. 
Дар ин маврид шоир аз ояндаи қаҳрамонаш - афғонбача нигарон аст. Ӯ аз он изтироб дорад, ки қаҳрамонаш аз илм, ки ҳароина равшангари роҳи оянда ва наҷотбахши инсон мебошад, канор монда. Ба таъбири устод Турсунзода, то замоне, ки тақдири бошандагони як кишварро бегонагон ҳаллу фасл мекунанду ганҷинаи миллат ба дасти дигарон аст, ҳеҷ кишваре  рушд нахоҳад кард. Ба ин минвол, шоир боз ба қаҳрамони офаридааш рӯ оварда шеърашро бо даъвате, ки инсонро рӯҳбаланд мекунад, чунин ба поён мерасонад:
Хоки пояшро набояд пок кард,
Пок аз он бояд, ки акнун хок кард.
 
Фарзона ФАЙЗАЛӢ, 
«Ҷумҳурият»
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 1000
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед