logo

фарҳанг

«ҚАЛАМРАВИ ЁДҲО»

Бо ин ном китоби нави рӯзноманигори шинохта Ҷумъахон Темурзода аз тариқи нашриёти «Шарқи озод» ба табъ расид. Муаллиф онро китоби аввал медонад ва мақсад гузоштааст, ки ду китоби дигар: китоби дувуму савумро низ дар рӯзҳои наздик ба табъ расонад. 
Ҳамин тавр, ин китоб ё худ китоби аввал дар бораи Истиқлолияти миллӣ, Ваҳдати миллӣ, хидматҳову ташаббусҳои неку беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори сохти навин, барқарорсозии сулҳу пешрафту шукуфоии кишвар ва дигар чеҳраҳои шинохтаи арсаи сиёсату фарҳанг мебошад. 
Ҳар қисми китоб бо пораҳои зебову пурмуҳтавои шеърӣ оғоз меёбад, ки аз он метавон моҳияти навиштаҳоро дарёфт намуд. Аз ҷумла, қисми аввал, ки дар бораи хидматҳои мондагори Сарвари давлат мебошад, чунин пораи шеъриро меорад:
Бо Пешво ба ваҳдати комил расидаем, 
Бо Пешво ба пеш равонем сарбаланд.
Аз ҳукми сарнавишт дари бахтро кушод,
Бар рӯзгори мо нарасад ҳеҷ гаҳ газанд.
Мавриди зикр аст, ки ин гуна пораҳои шеърӣ бори аввал ба хонанда пешниҳод мегарданд. Барҳақ, моҳияту мақсади як қисми навиштаро дар чанд мисраъ ҷой додан осон нест. Ба китоб Хайриниссо Юсуфӣ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, пешгуфтор навиштаанд. Муаллифи пешгуфтор барҳақ иброз медоранд: «Дар назари аввал маҷмӯа аз мақолаҳои алоҳидае иборат аст, ки ба таърифу тавсифи шахсиятҳои барӯманди арсаи сиёсату давлатдорӣ, илму адаб, фарҳангу ҳунар ва корнамоии ибратбахши онҳо бахшида шудаанд. Аммо бо таваҷҷуҳ ба мазмуну мундариҷаи ин мақолаҳо метавон дарёфт, ки онҳо – ҳамагӣ дар меҳвари як ғояи олӣ -  ҷонкоҳию ҷонисорӣ дар роҳи хушбахтии ҳаммиллатону ҳамзамонон муттаҳид гардидаанд».
Ҳамин тавр, дар қисми аввал матлабҳои «Пешвои мо», «Ҳамосаи ориёӣ», «Истиқлолият ва андешаҳои миллӣ», «Ливои дӯстӣ», «Парчами иттиҳод», «Асрори ваҳдат» ҷой дода шудаанд. 
Тавре Хайриниссо Юсуфӣ нигоштаанд: «Муаллиф дар ин бахш кӯшиш намуда, ки ба ҳайси як коршиноси масоили сиёсӣ, рӯзноманигор ва як нафар шахсияти фарҳангӣ хизматҳои шоистаи ин фарзанди ҷоннисори миллатро (муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  - А.Р.) дар се самти ниҳоят муҳим – амнияти минтақа, фарҳанги миллӣ ва рушди илму маориф мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳад.» 
Қисми дувум бо ин пораи шеърӣ оғоз мешавад:
Илм чун тоҷи маориф шудааст, 
Шукри олим ҳама бар ҷо орем.
Бо камоли хирад аз ӯ бирасем,
Фахр бар ҷумла ҷаҳон з – он дорем.
Дар ин қисм хонанда имкони мутолиаи матлабҳои «Овои ёдҳо», «Шиҳоби эътибор», «Хуршедмақом», «Оинаи илм», «Қадамҷои илм», «Оинаи хаёл», «Маърифатпаноҳ» - ро дорад. Онҳо дар бораи рӯзгору корҳои ибратомӯзи академик Муҳаммад Сайфиддин Осимӣ, устоди зиндаёд академик Абдулғанӣ Мирзоев, академик Рашид Каримович Раҳимов, академик Ҳабибулло Сайидмуродов, академик Талбак Назаров, доктори илмҳои сотсиологӣ Абдуқодир Одинаев, доктори илмҳои физика ва математика, вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар Табарӣ Абдулло Ҳабибулло ва китоби тозанашри таҳқиқотии  доктори илмҳои фалсафа Саъдулло Раҳимов мебошанд. 
Дар қисмати савум очеркҳои «Фарёди ёдҳо», «Дардошно», «Наворҳои ҷовидонӣ», «Фарёди розҳо», «Хирмани ёдҳо» ва «Фарёди солҳо» оварда шудаанд. Хонанда дар ин қисмат ба рӯзгору кори ибратомӯз ва ҷонфидоиҳои шахсиятҳое чун Абдулаҳад Қаҳҳоров, Маҳмадулло Холов, Комил Ёрматов, Худоназар Маҳмадназаров, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Асомиддин Насриддинов, дар арсаи сиёсат, илму маърифат, фарҳанги асили милливу ҷаҳонӣ ошно мегардад. 
Қисматҳои чоруму панҷуми китоб матлабҳои муаллифро бо номҳои «Қадамҷои шеър», «Сиришти ёдҳо», «Қаламроҳи ёдҳо», «Сабзқалам», «Марҳами дил», «Хирмани розҳо», «Як мушт орзу», «Ёдҳои сабз», «Шакаршикан»  ва «Овои розҳо» - ро дар бар гирифтааст. Дар он муаллиф андешаҳояшро оид ба шеъру шоирӣ, ашъори шоирони шинохтаи кишвар ва ситораҳои дурахшони синамои тоҷик ба хотири маърифати бештари соҳаҳо ва пешрафти онҳо иброз доштааст. 
Ҷумъахон Темурзода на танҳо факту санадҳои ҷолибу аз хотирҳо фаромӯшшударо меораду мавзӯъҳои муҳимро ба риштаи таҳқиқ мекашад, балки ҳамчун рӯзноманигор вобаста ба давру замон, сохти навин масъалагузорӣ мекунад. Ҳалли дурусти он ҳама, бешак, ба манфиат ва пешрафти соҳаҳои гуногун дар кишвар мебошад. Барои китоб, инчунин, суратҳои нодиру пурмуҳтаворо пайдо намуда, дар он ҷой додааст. 
Хулоса, «Қаламрави ёдҳо» (китоби аввал) барои хонандагон, муҳаққиқон, мутахассисон туҳфаи хубу арзишмандест бахшида ба Ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон. 
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.06.2021    №: 113 - 114    Мутолиа карданд: 1524
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед