logo

иҷтимоиёт

СҶС: "ВАЗЪИ ДУШВОРИ САЙЁҲӢ ТО НИМАИ ДУЮМИ СОЛИ РАВОН ИДОМА МЕЁБАД"

 
Тибқи таҳлилҳои коршиносони Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO), вазъи душвори саноати ҷаҳонии сайёҳӣ то нимаи соли 2021 идома ёфта, баъдан, рӯ ба беҳбудӣ хоҳад овард.
Боиси тазаккур аст, ки мушкилоти ҳолати эпидемиологии бисёр кишварҳои ҷаҳон дар аввали соли 2021 ба соҳаи сайёҳӣ таъсири манфӣ расонд. Вуруди сайёҳони байналмилалӣ моҳи январи соли 2021 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 - ум 87 дарсад камтар буд,- гуфта мешавад дар гузориши СҶС. 
 
Озмоиши ҳатмӣ, карантин ва дар баъзе ҳолатҳо бастани марз барқарорсозии сафарҳои байналмилалиро дар аввали соли 2021 халалдор кард. Ғайр аз ин, суръати истеҳсол ва паҳнкунии ваксинаҳо нисбат ба интизорӣ сусттар буданд, ки ин ҳолат бозсозии туризмро ба таъхир андохт.
Намояндагони созмони байнал-милалӣ ду назарияи асосии рушди рӯйдодҳоро пешниҳод карданд. Тибқи фарзияи якум, шумораи сафарҳои сайёҳӣ моҳи июли соли равон 66 дарсад зиёд мешавад (дар муқоиса бо соли 2020). Тибқи назарияи дуюм, соли 2021 шумораи сайёҳон меафзояд, аммо суръат 22 дарсадро ташкил медиҳад.  
 
ТРЕНДИ НАВ: САЙЁҲИИ «КОРОНАВИРУСӢ»
Тибқи иттилои сомонаи «URA.RU», ба ақидаи директори генералии Агентии сайёҳии "Pink Elephant" Александр Мкртчян ва роҳбари Ассотсиатсияи туристии «Урал» Михаил Малсев, соли равон дар назар аст намуди нав – «саёҳати коронавирусӣ» пайдо шавад. Яъне, касони гирифтори бемории сироятии COVID – 19 гардида, ба минтақаҳое сафар хоҳанд кард, ки дар он ҷойҳо имконияти  барқарор кардани масуният бошад.
Сайёҳон ба истироҳатгоҳҳое мароқ зоҳир  мекунанд, ки ба ҷои зисташон наздик бошанд. Бисёре аз истироҳатгоҳҳо барномаҳои барқа-роркунии баъдикоронавирусиро ҷорӣ мекунанд. Сайёҳоне, ки коронавирусро паси сар карданд, баҳри баланд бардоштани масуният ва табобати дилу рагҳо курсҳои барқарорсозиро хоҳанд гузашт. Ба гуфтаи коршиносон, талабот ба чунин саёҳат муддати тӯлонӣ идома меёбад. 
Роҳбари Ассотсиатсияи сайёҳии «Урал» Михаил Малсев илова кардааст, ки тамоюли чунин саёҳатҳо, аллакай, дар Аврупо пайдо шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар бисёр кишварҳо ин намуди сайёҳӣ  маъмул мебошад. Бо барқарории парвозҳои тайёраҳо, чунин сафарҳо характери оммавӣ касб менамоянд. Ин ҳанӯз самти нави соҳа аст, аммо барномаҳои дахлдор дар Булғористон, Словакия ва Олмон омода мешаванд. Турҳои «ковидӣ» на танҳо барои бартарафсозии оқибатҳои беморӣ, балки пешгирӣ аз сироятёбӣ низ муфид мебошанд.  
 
КАРАНТИН ДАР ТУРКИЯ БА САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ ДАХЛ НАДОРАД
Соҳаи сайёҳии Туркия бо сабаби пандемия миллиардҳо евроро аз даст дод. Ҳукумат кӯшиш мекунад, ки мавсими туристии соли 2021-ро бо ба карантин гирифтани аҳолӣ ва озод кардани сайёҳон аз маҳдудиятҳо наҷот диҳад.
Аз 29 апрел то 17 май мақомоти Туркия дар кишвар маҳдудиятҳои шадидро ҷорӣ карданд. Дар ин давра ҳамаи тарабхонаҳо ва қаҳвахонаҳо, бисёр корхонаҳо баста шуданд, шабона ва рӯзҳои истироҳат соати комендантӣ ҷорӣ гардида, ба шаҳрвандон иҷозат дода шуд, ки хонаҳои худро танҳо бо сабабҳои узрнок тарк кунанд. 
- Бо вуҷуди ин, аксари маҳдудиятҳо ба сайёҳони хориҷӣ дахл надорад, - гуфтааст вазири фарҳанг ва сайёҳии Туркия Меҳмет Эрсой. 
Ба гуфтаи ӯ, осорхонаҳо кушода шудаанд ва дидани онҳо ҳоло беш аз пеш гуворотар аст. 
Меҳмет Эрсой рӯзи 3 май хабар дод, ки аз 1 июн мақомоти Туркия ният доранд мавсими асосии сайёҳиро дар кишвар расман боз кунанд. Мақомот интизор доранд, ки сатҳи сироятҳои коронавирусро то оғози мавсими асосии сайёҳӣ ба ҳадди ақал коҳиш диҳанд, то нокомии соли гузашта такрор нашавад.
 
ПАНДЕМИЯ.  ҚАБЛ ВА БАЪД АЗ ОН 
Пандемияи COVID – 19 ба иқтисод ва сайёҳии ҷаҳонӣ зарбаи сахт зад. Ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, истеҳсолкунандагони хӯрокворӣ ва як қатор соҳаҳои ба сайёҳӣ алоқамандро ба буҳрони шадид гирифтор кард. 
Пеш аз пандемия туризми байналмилалӣ босуръат рушд дошт. Махсусан, солҳои 2017 – 2018.  Соли 2019 бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии туризм, дар ҷаҳон 1,5 миллиард сафари туристии байналмилалӣ ба қайд гирифта шудааст. 
Дар бисёр кишварҳо, соҳаи меҳмоннавозӣ манбаи асосии даромад буд. Пеш аз пандемияи коронавирус туризми байналмилалӣ дар Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Лотинӣ, ҳавзаи баҳри Кариб, Африқо ва Осиё ривоҷ ёфт. Рушди иқтисоди баъзе кишварҳо, асосан, аз туризм вобастагӣ дошт. Ҳоло кӯшиши коршиносон бар он равона гардидааст, ки роҳҳои ҳалли масъала пайдо гарданд, зеро соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии байналмилалӣ, барои боло бардоштани иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои корӣ муҳим аст.
 
Комрон САФАР, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2021    №: 115    Мутолиа карданд: 558
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед