logo

иҷтимоиёт

ШЕЪР ҲАМ БОЯД ЗАНАД ФАВВОРАЕ...

Дар адабиёти тоҷик, хосса назми он, хидмати устоди шеър Мирзо Турсунзода бағоят бузург буда, аз қавли адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода, «Аз ҷиҳати санъати сухан ва маҳорати баён ба шеъри саромадони адабиёти олам наздик шудани шеъри муосири тоҷик ҳам аз ҷумлаи хизматҳои арзандатарини Мирзо Турсунзода мебошад, зеро кайҳост, ки шеъри Мирзо Турсунзода як ҷузъи муҳими маданияти халқи тоҷик гашта, тавассути машҳуртарин забонҳои дунё як ҷузъи маданияти умумиинсонӣ низ шудааст». 
Дар баробари эҷоди шеъру достонҳои зиёде, ки бо муҳтаво ва ғояи баланди гуманистии худ шеъри тоҷикро ба сатҳи мазмунану сифатан олӣ расонданд, силсилашеърҳои «Модарнома»-и шоири шаҳир ҷойгоҳи шоиста дорад. Бояд зикр намуд, ки дар сурудаҳои устод Мирзо Турсунзода ҷанбаи нақлӣ ва воқеанигорӣ (агар корбурди ҳамин вожа саҳеҳ бошад), инчунин, тасвиру тавсифи манзараҳои табиат мавқеи муҳим ишғол кардаанд. Ҷузъиёту аносири табиат дар шеърҳои шоири маъруфи тоҷик танҳо ба хотири тасвири зебоиву нодиракориҳои он набуда, балки тавъам бо ҳаёти ҳамарӯзаи мардум ва ҷомеа қарор гирифтааст. Як хусусияти барҷастаи ҳадафу ғояи ашъори шоир дар он зоҳир мегардад, ки дар ин қабил шеърҳо фардияти қаҳрамон равшану возеҳ инъикоси бадеии худро ёфтааст. Дигар ин, ки дар ашъори шоир оҳангу рӯҳияи баланд ва эҳсоси фараҳафзои меҳанпарварона ба мушоҳида мерасад. Гоҳо дар ин шеърҳо афкору андешаҳои ҳакимонаи шоир, ки пероста ба ҷанбаи фалсафӣ мебошанд, мақом пайдо мекунанд ва мартабаю сатҳи шеъриятро олию нодир ҷилвагар месозанд. Шоир аз васоити гуногуни бадеӣ, саноеи лафзӣ ва шеваю сабки рангини эҷод истифода мекунад ва тасвиру ташбеҳоти ӯ дар офаридани ҷузъиёти манзараҳои дилангезу ҷаззоби табиат ҳунари вижаи комили шоирии ӯро бармало месозанд. Зоҳиран ин шеърҳо дар шакл ва баёни ифода ва мазмунофарӣ содаю муқаррарӣ ба назар мерасанд, аммо дар шеваи маъниофарӣ ва сохтмони таркибҳо ва ибораҳои шеърӣ тозаву ноб ва нодиранд. Дар шеърҳои ба васфи табиат бахшидаи шоир, ҳамзамон, рӯҳияи барозанда ва метавон гуфт, даъват ба сару сомон бахшидан ба корҳои азими созанда мавқеъ пайдо мекунанд.
Дар шеъри «Рӯди кӯҳӣ», шоир рӯдро мухотаби худ қарор дода, бо забони содаю самимӣ бо ӯ суҳбат мекунад. Ин шеърро метавон ба ду қисмат ҷудо кард: дар бандҳои аввали он Мирзо Турсунзода аз тавсифу ташбеҳ ҳунармандона истифода намуда, ҳаракати мавҷҳои дарёи кӯҳӣ ва зебоию ҷилваҳои онро басо шоирона ба риштаи тасвир мекашад:
Сараш бар санг мезад рӯди кӯҳӣ,
... Ба доман чанг мезад рӯди кӯҳӣ,
Ба мисли шири навҷӯшидае буд,
Палангу бабри хуннӯшидае буд.
Дара аз ғурриши обаш садо дод,
Насимаш рӯҳро, ҷонро ғизо дод…
Дар бандҳои поёнии шеър шоир дар хусуси он сухан меронад, ки маҳз тавассути оби ин рӯд боғу чаманзорони кишвар сабзу боровар ва чароғи хонаҳо фурӯзонанд, мардуми заҳматкаш маҷрои оби рӯдро ба биёбонҳо равона карда, заминҳоро обёрӣ ва ҳосилхез мегардонанд. Яъне, дар шеър тасвири табиат танҳо ба хотири зебоиву манзараҳои дилфиреби он набуда, ҳаёти пурҷӯшу хурӯш ва меҳнати инсонҳо баҳри рушду пешравии диёр мақсуди аслии шоир ба шумор меравад. 
Дар шеъри «Рӯди кӯҳӣ» ибораю ташбеҳот ва таркиботи шоирона, аз қабили «сар ба санг задану ба доман чанг задани рӯд, мисли шири навҷӯшида ва бабри хуннӯшида намоён гардидани он, лаби чоки биёбонро дӯхтани рӯд» ва амсоли ин ҳирфаию ҳунармандона ба чашм мерасанд. Ҳамин шеваю оҳанги тасвирнигорӣ дар шеъри «Оби Душанбе» истифода шудааст. Шоир бузургии рӯди Душанберо сифатчинӣ карда, аз он мавқеъ сухан дар миён меандозад, ки ин рӯд аз кӯҳи баланд равон гардида, лаби ташналабонро тар месозад, ҳарчанд таърихи пайдоиши онро касе намедонад, он ҳамчун Душанбе ҷавон асту ҷавон мемонад. Дар тасвири шоир ин рӯд ҳеҷ гоҳ намехушкад, зеро аз синаи кӯҳҳои баланд сарчашма мегирад. Маҳз ба василаи оби Душанбе домани талу теппаҳои диёр сабз аст, дашту заминҳои бекарон шодобу самарабахш ва мардум бахтёру саодатманд мебошанд.
То дашти калон сар-сари санг аст равона,
Аз мағзи дара «маҳмил»-и танг аст равона.
Ҳар қатраи худ то ба ҳама халқ расонад,
Бо монеаҳо толиби ҷанг аст равона.
Шеъри «Рӯди ман» яке аз беҳтарин шеърҳои Мирзо Турсунзода ба ҳисоб рафта, он аз 7 банди чормисраӣ таркиб ёфтааст. Дар ҳар як банди шеър аз саховату қудрати оби файзбахши рӯд сухан меравад. Оҳанги фалсафӣ шаҳомати шеърияти онро таъмин карда, ҳамчунин, тасвирҳои ноби шоирона (амсоли тезтару бурротар будани оби рӯд аз дами шамшер, софтар аз оби чашми тифлон ва пурҷилотар аз рухи хуршеду тундтар аз боду аз нахчири бодпо будани он) дар созмон ёфтани таркибу аҷзои шеър нақши муассир бозидаанд. Тасвиру диду мушоҳидаи шоиронаи шоир дар сатҳи олист:
Осмон дар синаи ту аксандозӣ кунад,
Бо ҷамоли ту ситора шӯхию бозӣ кунад.
Оламеро ҳусни ту аз хештан розӣ кунад,
Моҳи гардун дар дили шаб гарданафрозӣ кунад.
Медавӣ дар кӯҳсору сар ба сангон мезанӣ?
Уштури масти магар, ҳар сӯй ҷавлон мезанӣ?
Даст бар сар мӯхарошон, рӯхарошон мезанӣ,
Қатраҳои сардро бар кӯҳсорон мезанӣ.
Бо вуҷуди ин ҳама саховату сафобахшӣ ва таровату зебоӣ, ба андешаи шоир, рӯд тағйир наёфтаву асрҳои аср дигар нашудааст. Ва бузургию қудрати рӯд ҳам дар ҳамин аст. Бо фарқ аз шеърҳои фавқ дар ду шеър – «Чӯпон» ва «Кӯҳ» инсон дар меҳвар қарор гирифта, ба муҷарради васфи табиати зебо ва дилнишин, симои заҳматкаши кӯшову ватандӯст пеши назар ҷилвагар мешавад. Аз ҷумла, дар шеъри «Чӯпон» меҳнати чӯпоне ситоиш карда мешавад, ки умри вай дар чаҳор фасли сол дар талу пушта ва доманакӯҳҳо ба нигоҳубини рама мегузарад. Ба як сухан, чӯпон фарзанди табиати босахо буда, баҳри рушду шукуфоии ҷомеа талош меварзад. Шоир мегӯяд:
Чӯпон ба сари кӯҳу чаридан рама дорад,
Аз санг ба харсанг ҷаҳидан рама дорад.
Бӯйи гули кӯҳию алафзори чарогоҳ
Дар панҷаи бод асту давидан рама дорад.
Чун абри сафеде, ки гирифтаст фазоро,
Чодар ба сари сабза кашидан рама дорад.
Сарчашма занад ҷӯш, аз он барра кунад нӯш,
Аз ҷӯйи сафобахш паридан рама дорад.
Ҳамин пайванди ногусастанӣ дар шеъри «Кӯҳ» дар мисоли ягонагию иртиботи қаҳрамонони лирикии шеър бо кӯҳ бозтоби бадеӣ ёфтааст. Инсон, ба андешаи шоир, бояд чун кӯҳ сарбаланду бовиқор, батамкину сабур ва бошараф бошад. Ғояи ягонагии инсону табиат, ки бақои зиндагӣ ба он вобастагии зич доранд, дар байти охирини шеър ҷамъбасти фалсафӣ меёбад:
Дар ҷавонӣ порае аз кӯҳ будам, баъд аз ин,
Сад қасам, ки ман ҷудо аз ӯ намегардам дигар.
Дар баъзе аз ашъори устод Мирзо Турсунзода ҷанбаи ҳакимонаю тарбиявӣ ва насиҳату андарз ба мадди аввал мебарояд. Бо ба тасвир гирифтани аносири табиат шоир инсонҳоро ба кору амалҳои неку судманд илқо мекунад. Ҳамин шеваи нигорандагӣ дар шеъри «Ошёни баланд» вусъати тоза пайдо кардааст.  Чун шоир таъкид мекунад, ки инсони сарбаланду шоиста мебояд ошёни худро дар баландиҳои кӯҳ гузорад, манзур аз вожаи ошён ҳамон дили пурмеҳру поки инсон мебошад, ки дар он тамоми хушиҳои зиндагӣ ва саодати бани башар меғунҷад.
Ошён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор,
Дар баландиҳои кӯҳи сарбаланди мо гузор.
Осмон дар гунбади сабзаш агар ҷоят диҳад,
Ошёни фикри дурандеш дар он ҷо гузор.
Ва поёнтар меорад:
Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,
Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.
Нест чунки ҳеҷ чизе аз дили инсон баланд,
Ошёни меҳри худ дар мағз-мағзи ҷон гузор.
Дар маҷмӯъ, метавон таъкид кард, ки шеъри устод Мирзо Турсунзода, воқеан ҳам, шеъри  оламгир буда,  маснади шоирии ин  фарзонафарзанди миллат хеле болову дастнорас аст.
 
Шодӣ РАҶАБЗОД,  нависанда
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2021    №: 115    Мутолиа карданд: 646
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед