logo

фарҳанг

МИРЗО ТУРСУНЗОДАИ ЖУРНАЛИСТ ВА «ҲАҚИҚАТИ СУҒД»

 
Зимни омӯзиши публитсистикаи Мирзо Турсунзода аз хидматҳои шоистааш дар соҳаи рӯзноманигорӣ низ сухан рафта, дар тарҷумаи ҳоли шоир зикр мешавад, ки ба сифати роҳбари шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» кор карда, баъдтар бахши адабии Театри мусиқӣ - драмавии ба номи А. С. Пушкини (айни ҳол ба номи Камоли Хуҷандӣ) вилояти Ленинободро роҳбарӣ намудааст. 
 
Нуктаи бисёр ҷолибе, ки зимни омӯзиши таърихи нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Ҳақиқати Суғд» равшан гашт, он аст, ки Мирзо Турсунзода наздики ду сол дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», ки аввалин маротиба 25 марти соли 1930 нашр шудааст, фаъолият дошт. Дар ин бора аз мақолаи Усмон Тоҷибоев «Ҷашни нимасраи газета» маълумот гирифтан мумкин аст. Дар матлаб чунин омада: «Ҳангоме ки мо аз хусуси  роҳи тайкардаи  газетаи  «Ҳақиқати Ленинобод» сухан меронем, ба маврид аст, хизматҳои онҳоеро, ки  солҳои пеш дар редаксия  кор карда, барои пурмазмуну хушсифат баромадани газета, тарбияи  як зумра нависандагону журналистони ҷавон  заҳмати зиёд кашидаанд, қайд кунем. Инҳо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Раҳим Ҷалил, Ҳаким Карим мебошанд».  
Қомуси «Фурӯғи зиндагӣ» низ, ки ба ифтихори 80-солагии рӯзнома таҳия ва нашр шуда буд, дар ин хусус иттилоъ медиҳад. Чунончи дар пешгуфтори ин китоб омадааст: «Дар ин даргоҳи муқаддас бисёр ашхоси бузургу номӣ сабақи зиндагӣ омӯхта, ба шарофати ҳидояти кормандони идора ба фатҳи қуллаҳои шуҳрат муяссар гардидаанд. Замоне дар ин даргоҳ бузургтарин шоири замони шӯравии тоҷик устод Мирзо Турсунзода гомзаниро дар шоҳроҳи эҷод аз мураббиёни хуҷандӣ омӯхтаанд». 
Дар тарҷумаи ҳоли Мирзо Турсунзода аз фаъолияташ дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» сухан меравад, аммо марҳалаи кору пайкори рӯзноманигории шоир дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» зикр нашудааст. Дар китоби «Фурӯғи зиндагӣ» ишора мешавад, ки «Мирзо Турсунзода солҳои сиюм дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» адои хизмат намудааст». 
Ошноӣ бо бастаҳои дастрасшудаи ҷарида дар солҳои сиюм собит месозад, ки воқеан ҳам Мирзо Тусунзода соли 1935 дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», ки он замон «Пролетари Хуҷанд» ном дошт ва сипас номашро ба «Болшевики Хуҷанд» иваз кард, фаъолият намуда, навиштаҳояш дар саҳифаҳои ин ҷарида нашр шудааст.
Ба гумони ғолиб Мирзо Турсунзода тақрибан ду сол - соли 1934 ва аввали соли 1935 ба ҳайси котиби масъул дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» фаъолият намудааст. Дар вазифаи котиби масъул кор кардани Мирзо Турсунзодаро Мирзоқосим Рустамов ёддошт намуда мегӯяд: «Ман бо ифтихор дар ин ҷо қайд мекунам, ки аз аввали таъсиси рӯзнома шоири номии мо Мирзо Турсунзода дар он ҳамчун котиби масъул фаъолият кардааст».
Навиштаҳои Мирзо Турсунзодаро, асосан дар саҳифаҳои моҳи январи ин сол метавон мушоҳида намуд. Гуфтанист, ки зери навиштаҳое, ки мо ба Мирзо Турсунзода нисбат додаем, имзои муаллиф ба назар намерасад. Шояд омили муҳими аз мадди назари муҳаққиқон дур мондани ин нигоштаҳо ҳам набудани имзои Мирзо Турсунзода дар зери матлаб бошад. 
Суоле пеш меояд, ки мо бо кадом далел бештари сармақолаҳои рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд»-ро, ки моҳи январи соли 1935 нашр шудааст, ба қалами Мирзо Турсунзода нисбат медиҳем? Дар бойгонии вилояти Суғд ҳуҷҷатҳои муҳосиботии рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд, маҳфуз аст, ки  дар саҳифаҳои он маблағи ҳаққи қалам ва ному насаби муаллиф навишта шудааст. Чунончи дар шумораи № 8 аз 17-уми январи соли 1935 сармақола таҳти унвони «Роли «Пролетари Хуҷанд» дар давраи ҳозира» ба эҳтимоли зиёд ба қалами устод Мирзо Турсунзода тааллуқ дорад. Бо вуҷуди он ки дар зери сармақола имзо гузошта нашудааст, аммо  болои мавод  номи муаллиф ва маблағи ҳаққи қалам гузошта шудааст. Болои ин сармақола бо худкори сабз навишта шуда: «М. Турсунзода 10 рубл». Бо ҳамин далел, бовар меравад, ки муаллифи маводи мазкур Мирзо Турсунзода аст. 
Боз дар мақолаи «Ба идораи газетаи «Пролетари Хуҷанд»» дар мавриди омода намудани тракторчиён ба курсҳои омӯзишӣ ва муташаккилона  сафарбар намудани онҳо ба ин кор маълумот дода, зери он шарҳи «Аз идора» низ ба назар мерасад. Чун ба болои ин мавод низ бо худкори сурх «Мирзо Турсунзода 10 рубл» навишта шудааст, метавон гуфт ин мавод ва натиҷагириҳои «Аз идора» ба қалами Мирзо Турсунзода тааллуқ дорад. Дар матлаб, аз ҷумла чунин омадааст: 
«Аз идора: …Агар мо дар вақти  худ курсҳоро ташкил карда ва онҳоро босифат ба охир нарасонем, наметавонем маъракаи киштукори баҳори соли 1935 ва кадрҳои ихтисосноки  тракторчиён ва механиконро соҳиб шавем. Бинобар ин аз ҳозир суръати фиристодани  тракторчиёнро ба курсҳо таъмин карда ва курсҳоро бо муаллимони пурқувват ва асбобҳои илмӣ бояд таъмин кунем». 
Сармақолаи «Роли «Пролетари Хуҷанд» дар давраи ҳозира» низ ба қалами устод Мирзо Турсунзода тааллуқ дорад. Сармақола дар хусуси баланд шудани масъулияти рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» баъд аз барҳам хӯрдани рӯзномаи «Бо роҳи Ленинӣ» сухан мекунад.
Дар ин навиштаҳо мо диди журналистӣ ва натиҷагириҳои хуби касбии муаллифро мушоҳида мекунем. Дар сармақола мақсад равшан, сухан бурро ва далелҳо қотеона омадаанд, ки аз принсипҳои нахустини нигориши журналистӣ мебошанд.
Нуктаи дигаре, ки зимни ин пажӯҳиш равшан шуд он аст, ки Мирзо Турсунзода дар рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» дар баробари навиштани хабару мақолаву гузоришҳо бо тарҷумаи мавод низ машғул будааст. Мусаллам аст, ки он замон тамоми қарорҳои партия аз Москва бо забони русӣ мерасиданд.  Гуфтанист, ки мо танҳо маводи моҳи январи соли 1935-уми рӯзномаи «Пролетари Хуҷанд» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд»)-ро пайдо намудем. Баъд аз моҳи январи соли 1935 навиштаҳои Мирзо Турсунзода дар саҳифаи рӯзнома ба назар нарасиданд. Ва чунонки қайд шуд, аз соли 1935 Мирзо Турсунзода фаъолияти худро дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи А. С. Пушкин (ҳоло ба номи Камоли Хучандӣ) оғоз кардааст. Пас навиштаҳои Мирзо Турсунзодаро дар саҳифаҳои соли 1934 ҷустуҷӯ кардан ба мақсад мувофиқ аст. Мутаассифона, айни ҳол бастаҳои рӯзномаи соли 1934, ки ҳамингуна ҳаққи қаламгузорӣ шуда бошад ва ба равшан кардани муаллифони маводи бидуни имзо ёрӣ кунад, пайдо нашуданд. Умед мекунем чунин бозёфтҳои  муҳим дар оянда низ ба муҳаққиқон даст медиҳад ва имкони бештари шинохти фаъолияти рӯзноманигорӣ ва қалами журналистии Мирзо Турсунзода ба миён меояд. Аз ин ҳама метавон натиҷагирӣ кард, ки Мирзо Турсунзода дар «Пролетари Хуҷанд» пурмаҳсул фаъолият намуда, бо қалами сабзи журналистӣ дар нашри рӯзномаи мазкур нақши муассир гузоштааст.
 
Сурайё ҲАКИМОВА,
номзади илмҳои филология


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.06.2021    №: 115    Мутолиа карданд: 1582
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед