logo

иҷтимоиёт

ФАЙЗ АҲМАД ВА МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Донишмандоне, ки ҷаҳони маърифат, хирад  ва  андешаро  дар пешгоҳи фаъолияти азалии худ бо ихлоси тамом пеш гузоштаанду бо амалҳои бедареғашон, бо дарк ва шинохти дарди ҷомеа, розу ниёз ва сӯзу сози мардум дар кошонаи дилҳо ҷой додаанд, ниҳоят кам мебошанд. Файз Аҳмади Файз (1911-1984) ва Мирзо Турсунзода (1911 - 1977) аз табори ҳамин  гуна донишмандон, аз шумори бузургмардони шеъру адаб, аз мубаллиғони фаъоли ғояҳои истиқлол, иттиҳод, дӯстӣ ва рафоқат, ҳомиёни роҳи мубориза бар зидди истеъмор, муҳофизони асили Ватан, шаъну шарафи инсон ва ҷонибдори инсонвор зистани одам мебошанд.   
 
Ҳарчанд дар боби тадқиқи ҳаёт ва осори Файз Аҳмади Файз  ва Мирзо Турсунзода чи дар Шибҳқораи Ҳиндустону Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар дигар мамолики хориҷӣ силсилаи рисолаву маҷмӯаи мақолаҳо интишор ёфта бошанд ҳам, эҷодиёти ин ду нобиға аз назари муқоисаи умумияти андешаашон ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Мавзӯи баҳси мо низ ҳаддулимкон равшан намудани ин нукта мебошад. Ҳар дуи ин нобиғаҳои адаб дар соли 1911 таваллуд шудаанд. Ин замоне буд, ки кишвари Ҳинд зери итоати мустамликадорони англис қарор дошт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи феодалиро паси сар мекард.
Тавре ки гуфта шуд Файз Аҳмади Файз дар замони итоати кишвари Ҳинд ба мустамликадорони англис фаъолияти эҷодии худро оғоз намуда, дар даврони болоравии ҳаракатҳои миллӣ - озодихоҳии мардуми ҷабрдидаи Ҳиндустон идома додааст ва бо ин васила худ низ  баҳри озодӣ мубориза бурдааст. Мирзо Турсунзода бошад, дар кишвари тозабунёди сотсиалистӣ ба камол расида, чун инсони комил, фарзанди нангбардор, дӯстдори миллату адабиёти тоҷик, ҳомии сулҳ ва сарояндаи дӯстии халқҳо эҷод кардааст. Ба ибораи дигар, Файз Аҳмади Файз дар шароити мустамликадорӣ ва Мирзо Турсунзода дар замони сотсиалистӣ зиста бошанд  ҳам, дар эҷодиёти онҳо умумияти дарк намудани ҳодисаву воқеаҳои зиндагии мардумони ҳар ду кишвар ва тамоми олам баръало дида мешаванд. Файз Аҳмади Файз ва Мирзо Турсунзода чун абармардони мутафаккир ва андешаманд бо назар ва ақидаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангиашон кӯшиш намудаанд, ки дар мавриди татбиқи ормонҳои инсонӣ кореро ба анҷом расонда тавонанд ва ин кор бо гуфтор, пиндор ва пешниҳодҳояшон ҷомаи амал пӯшидааст. 
Файз Аҳмади Файз ва Мирзо Турсунзода аз ватанпарастони асили даврони худ буданд. Аз ин рӯ, оҳангҳои ватанпарвариро дар эҷодиёти ин ду нобиға саросар мушоҳида кардан мумкин аст. Мирзо Турсунзода тавассути саёҳатҳои зиёд ба кишварҳои  гуногуни дунё, ватанаш Иттиҳоди Шӯравӣ алалхусус зодгоҳаш Тоҷикистон, ки аз ин ҳама диданҳо завқи саршор гирифта буд, дар шеърҳояш ба қалам додааст: 
Ёд намудем насими Ҳисор,
Алмаато – мамлакати себзор.
Ёд намудем канори Хазар,
Водии Фарғонаи шаккарсамар.
Қуллаи Помир, яхи Элбрус,
Волга – ҳамон модари дарёи рус.
 
 Дар ашъори Файз Аҳмади Файз низ масъалаи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ хеле муҳим ва пурарзиш садо додааст:
Ошиқи рӯйи Ватанам, кори ман,
Ишқу умеди ҳама афкори ман.
Бо Ватанам зӯру тавоно бувад, 
Бо Ватанам – шуҳраи дунё бувад.
Рӯи Ватан боғу баҳорам бувад,
Шавқи Ватан зӯру мадорам бувад.
 
Аз осори ин устодони шеър бӯи муаттари гулу гиёҳҳои равонбахши Тоҷикистону Ҳиндустон, нашъаи махмуркунандаи бешазорони нопайдоканор, нафаси атромези боғу ҷангалҳои афсонавӣ ва амсоли онҳо амиқ эҳсос мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки тамоми зебоиҳои мафтункунандаи Машриқзамин дар оинаи поку беғубори осори Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмади Файз акс андохтаанд, тамоми Осиёву Ҳиндустон қаҳрамонони шеъру достонҳои ин шоирон, тамоми дунёи тамаддун мабдаи парвози фикру андеша ва хаёлоти мунаққаши онҳо мебошанд. Бо вуҷуди ин ҳама, васфи Тоҷикистону Ҳиндустон дар ҷои аввал қарор дорад. Ватани азиз бо мардуми заҳматкашу бунёдкораш, бо водиҳои зархез ва кӯҳҳои осмонбӯсаш, бо рӯдҳои хушсадо ва чашмасорони пурҷилояш, бо хиёбонҳо ва гулгаштҳояш, бо майдону боғистонҳои шаҳдрезаш дар осори Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмади Файз мақоми хеле шоиста ишғол кардаанд. Баҳри васфи онҳо суханҳои мувофиқу муносиб пайдо намудаанд. Ин аст, ки Мирзо Турсунзода шоири ҷаҳондида бошад ҳам, ҳамеша бо Ватан буд ва худро ҳамеша дар оғӯши Ватан шоду масрур ба шумор меовард:
Агарчи борҳо афтодаам аз ёру диёрам дур,
Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур.
Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,
Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.
Сафарҳои аҳли илму адаби тоҷик ба Ҳинду Покистон, диду боздидҳои онҳо бо ҳамкасбони худ, ошноии бештар бо ҳаёти гузаштаю имрӯзаи мардум ба онҳо илҳом бахшида, сабаби эҷоди асарҳои тоза гардиданд. Ин буд, ки Мирзо Турсунзода дар ашъори худ нигоҳи дилсӯзона ба Ҳиндустон дошта, ҳамеша чун ҳамдарди мардуми азияткашидаи ин кишвар баромад кардааст:
Баҳри чӣ ин мағрибии дилсиёҳ,
Карда ҳарисона ба Машриқ нигоҳ?
Бурд дилашро магар ин сарзамин,
Бӯйи хуши ин чамани нозанин?
Ё ҳаваси дидани бӯзинаҳо,
Ё ба каф овардани ганҷинаҳо?  
Фарзандони бузурги халқҳои тоҷику Ҳинд оини дӯстию бародариро ба мерос мондаанд. Мо ин дӯстии самимиро байни шоири тоҷик   Мирзо Турсунзода ва шоири Ҳинду Покистон Файз Аҳмади Файз ба хубӣ мебинем. Онҳо бори аввал моҳи ноябри соли 1949 дар шаҳри Лоҳури Покистон бо ҳам мулоқот доштанд ва аз ҳамон сол то охири умр дӯстони самимӣ боқӣ монданд. 
Хонандаи тоҷик бори аввал бо Файз Аҳмади Файз тавассути эҷодиёти Мирзо Турсунзода шинос гардидааст. Мавзӯи Шарқи хориҷӣ, алалхусус Ҳинду Покистон, дар эҷодиёти Турсунзода мавқеи махсус дорад. Бинобар ин, диққату эътибори махсуси шоири интернатсионалист ба ҳаёти халқҳои Ҳинду Покистон ва муборизаи он бар зидди истилогарони хориҷӣ боиси ба вуҷуд омадани чунин асарҳои тоза гардиданд, ки дар онҳо марҳилаҳои гуногуни ҳаракати миллию озодихоҳӣ ва муборизаи ин халқҳо дар роҳи сулҳу амният бо санъати баланди шоирона тасвир шудааст.
Дар достони «Ҷони ширин» Турсунзода бо образҳои рамзии равшан дунёи ботинии Файзро кушода, ватанпарвари ҳақиқӣ будани шоирро ба назар гирифта, чунин гуфтааст:
Ёд дорӣ аз мубориз шоирон,
Файз буд дар хонаи мо меҳмон.
Аз Ватан гап сар кунӣ дар мегирифт,
Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.
 
Баъдтар дар рӯзномаҳои даврии тоҷикӣ шеърҳои Файз Аҳмади Файз чоп мегардиданд.
Пас аз фавти Мирзо Турсунзода, соли 1977  Файз Аҳмади Файз дар хотираҳои худ дар бораи шоир менависад: “Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарону дукондорон бо забони форсӣ суҳбат мекард ва онҳо ӯро ба осонӣ мефаҳмиданд, чунки ӯ метавонист бо одамон бо чашму дил суҳбат кунад. Устод Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи ин халқ буд. Дар ҳама ҷо ӯро самимона эҳтиром мекунанд. Шоир Ватан ва халқи худро дӯст медошт. Ӯ бо забони классикии форсӣ, яъне тоҷикӣ сухан мегуфт ва менавишт, ки он лаҳҷаи ғазал буд. Гарчанде Мирзо Турсунзода ҳамроҳи мо нест, лекин ӯ дар дили мост. Ман ба хотири Турсунзода  ба забони тоҷикӣ як ғазал навишта будам, вале он аз ёдам рафтааст. Кӯшиш мекунам байтеро ба ёд орам. Ин ғазал дар мақтаи ғазали Бедил аст:
Биё ёрам, ки чашмам музтариб баҳри тамошоят,
Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар талоши омаданҳоят.
Зи мо рафтӣ, валекин пеши олам дар миён ҳастӣ,
Ва бо мардум, ки мерақсанд дар тарзи суханҳоят.
 
Дар бораи устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири барҷаста, инсони комил, суханҳои зиёд гуфтан мумкин аст, лекин интиқоли бемаҳали вай боиси маъюсии ҳама  дӯстон  гаштааст. Бинобар ин, мо бояд васиятҳои устодро оид ба дӯстии халқҳо ҳамеша азиз дорем». 
Соли 1977 бо кӯшиши ходимони илмии Институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ва Абдуллоҷон Ғаффоров намунаи ашъори Файз, ки аз «Нақши фарёдӣ», «Дасти сабо», «Зиндоннома», «Дасти таҳи санг» ном маҷмӯаҳои шоир интихоб шудаанд, аз тарафи шоирон Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Гулрухсор ба риштаи назм кашида шуданд ва  бо номи «Рӯҳи озод» дар шакли китоби алоҳида ба табъ расида буд. То ҳол ба забони  тоҷикӣ ин ягона маҷмӯаест, ки дар он ашъори Файз Аҳмади Файз гирд оварда шудаанд. 
Дар ҳақиқат, номи ин шоиру мутафаккири бузурги Ҳинду Покистон барои халқи тоҷик ва тамоми мардуми тараққипарвари ҷаҳон, пеш аз ҳама, барои он азизу муътабар аст, ки ӯ дар замони тақдирсози кишвараш чароғи илму маърифатро барафрӯхта, дар осори безаволи худ ғояҳои дӯстии халқҳо, иттиҳоди пайравони дину оинҳои мухталиф, ватандӯстӣ, бузургии инсон ва тараққихоҳиро тараннум кардааст. Файз Аҳмади  Файз  дар  асарҳои  худ  ба  бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ – ахлоқии  замони худ дахл намуда, дар як қатор масъалаҳо бо шоири барҷастаи замони худ аллома Муҳаммад Иқбол, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва урду ҳамчун сухандони беҳамто машҳур мебошад, ҳамовоз гардидааст.     
Файз Аҳмади Файз ва Мирзо Турсунзода танҳо фарзанду шоири як миллат набуданд. Онҳо шоирони кулли одамӣ, шаҳрвандони тамоми сайёраи мо ба шумор мераванд. Овози ботамкину гуворои ин нобиғаҳо, садои шеъри пурэҳсос ва нишонрас занҷирҳоро гусаста, деворҳои зиндонҳоро шикаста, дар дили миллионҳо одамон абадан ҷой гирифтааст. 
 
Ҳайдар ҚУРБОНОВ, 
номзади илми филология 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2021    №: 116    Мутолиа карданд: 657
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед