logo

сиёсат

ТАЪМИНИ ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ

 
АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТО МУЛОҚОТ БО ҶАВОНОН
Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таълиму тарбияи дурусти насли наврас ва таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Дар шароити имрӯза, ки вазъи ҷаҳон зуд - зуд тағйирпазир аст, ин вазифаи аввалиндараҷаи мо маҳсуб меёбад.  
 
Маҳз бо ҳамин сабаб яке аз масъалаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоташон бо ҷавонони кишвар  ба он аҳамияти хоса зоҳир намуданд, маърифатнокии ҷавонон ва пешгирии онҳо аз пайвастан ба ҳар гуна равияҳои бегона буд. Воқеан, Ҳукумати кишвар ба ин хотир, то имрӯз чораҳои зиёде андешидаву роҳандозӣ намуд ва ҳадаф аз тамоми тадбирҳои амалигардида,  пеш аз ҳама, ин аст, ки  насли оянда, яъне фарзандони мо бесавод намонанд, роҳи дуруст интихоб кунанд, ояндаи худ ва Ватанро ободу зебо созанд. Зимнан, яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани одамон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист. Дарвоқеъ, бо хурофот касе ба ҷое намерасад, бинобар ин, мо бояд ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа диҳем. 
Пешвои миллат ба ин масъала дар Паёми навбатиашон низ таваҷҷуҳ зоҳир карда, вазъи ҷаҳони муосирро вобаста  ба зуҳуроти номатлуб мураккаб арзёбӣ намуда буданд:
 «Тавре борҳо таъкид карда будам, фаъолияти равияҳои экстремистӣ, радикалӣ ва хурофотпарастӣ яке аз омилҳои асосии хатарзо барои имрӯзу фардои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа ба шумор меравад ва аз мо андешидани чораҳои муштаракро талаб менамояд. Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар, инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд. Пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо, аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».
Дар ин сурат ягона омиле, ки ҷавонони моро аз ҳама гуна хатарҳо эмин нигоҳ медорад, ин тарбияи дуруст, дониши фарох ва зиракии сиёсӣ мебошад, ки дар ин кор, пеш аз ҳама, волидон бояд саҳм бигзоранд.  
Масъалаи дигаре, ки Пешвои миллат зимни вохӯрӣ бо ҷавонон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ин пошхӯрии оилаҳои ҷавон буд.
Зикр гардид, ки волидон дар баробари давлат барои таълиму тарбияи фарзандони худ бояд масъулияти баланд дошта бошанд. Волидон, ҳамчунин, вазифадоранд ба масъалаи ба зиндагии мустақилона омода кардани фарзандони худ бисёр ҷиддӣ муносибат намоянд. 
Мавриди таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтани мавзӯи мазкур бесабаб нест. Тибқи маълумоти оморӣ дар се солу чор моҳи охир дар кишвар 252 ҳазор ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, вале дар ҳамин давра  оилаҳои зиёди ҷавон пош хӯрдаанд, ки ниҳоят ташвишовар мебошад. Дар ноҳияи дурдасти Тоҷикобод низ. Омӯзишу баррасии парвандаҳои судӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки маърифатнокии шаҳрвандон вобаста ба масъалаи никоҳу оила дар сатҳи паст қарор дорад ва маҳз ҳамин омил ба вайрон шудани оилаҳои ҷавон оварда мерасонад. Ин дар ҳолест, ки бунёди оилаи солиму устувор ва дар баробари ин, таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон  дар рӯҳияи ватандӯстӣ асоси миллату давлати устувор шинохта мешавад.
Дар шароити мураккаби имрӯзаи ҷаҳони муосир моро зарур аст,  дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон, ба роҳи дуруст раҳнамун сохтани онҳо ва ҳам пойдор нигоҳ доштани оила, ки асоси устувории миллат, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба онҳо бастагии зиёд доранд, бештар аз пештар саъй намоем. 
 
Сафарзода Ғозибек Солеҳ,
раиси суди ноҳияи Тоҷикобод 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2021    №: 116    Мутолиа карданд: 633
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед