logo

иҷтимоиёт

МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАМУНАИ ОЛИИ АЗАМАТИ ХИРАД

 
Шоире, ки нидои сулҳофаринаш мардумони қитъаҳои Осиёву Африқоро тасхир мекарду дӯстдори ҳар қатра обу ҳар зарра хоки диёр ва ҳамнафаси халқ буд. Ашъоре бо перояи ифтихори ватандорӣ, рози ошиқи сазовор ба санами вафодор. Ин суханҳо дар васфи шермарди хомафарсо дар қаламрави шеъри Аҷам устод Мирзо Турсунзода аст. 
Аз ашъори шабеҳи гулҳои муаттари ӯ ҳувайдост, ки шоир ба рӯйдодҳои зиндагӣ мӯшикофона менигарад. Нигоҳи ширполои ӯ дар барг-барги  ниҳолони боғи эҷодаш ба дид омадаву дар мағз - мағзи мо ҳамсони савти гӯшнавози “алла”-и модар ошён гузоштааст. Сабки хос, ҳусни баёни мардумӣ бо тасвирҳои шинам қабои махмалини шеърашро парниёнӣ кардааст. Ин  каломи дилнишин ба инсон мадору тавон бахшида, рӯҳу равонаш тавсеаи хушӣ мепазирад. 
Бо камоли эътимод устод Мирзо Турсунзодаро метавон дар шумули ахтарони тобноки назми башарӣ ҳадс зад. Нуктаи фавқро достонҳои “Писари Ватан”, “Қиссаи Ҳиндустон”, “Ҷони ширин” ва монанди ин собит месозанд. Агар дар достони аввал дӯстии халқҳои тоҷик ва украин дар симои Қодир-паҳлавон, Саодат, Марина ва Микола тасвир ёфта бошад, достони дувум сафарномаи шоирро дар бар мегирад. Ин достон аз “ҳаёти мардумони зиндадаргӯр”-и сарзамини Ҳинд қисса мекунад, ки амали ҳаррӯзаашон занбаркашиву сангкӯбист. Ҳамчунин, бо нохунҳои хуншор оҳану фӯлод гудохта, дар конҳои хатарзо ҷон медоданд, аммо бар ивази заҳмати ҷонкоҳона таҳқир мешуниданд. “Магар ин каста авлоди башар нест?”- ҷӯё мешавад шоир. 
Мунодии сулҳу озодӣ Мирзо Турсунзода кулли қавму миллатҳои дунёро хушиқболу босаодат дидан мехост. Навҳаи кӯдаки аз озодӣ бенасиби ҳинду барояш андуҳбор буд. Ба мардуми бебизоати паси кӯҳи Ҳимолойи сарсабзу хуррам фарёдрас меҷӯяду лордҳои англисро нафрин мехонад. Тасвири муассир дар шеъри “Меҳмони мағрибӣ” рӯшан ба зуҳур омада, қалби ҳассоси дардошнои ӯро менамоёнад. Мағрибии худкома зебоиҳои афсонавии кӯҳи Ҳиндукуш, манзараҳои нотакрори Ҳиндустон, рӯди пуршӯри Гангро нодида меангорад. Вусъати андешаи шоир ба ҳаде боло мегирад, ки баробари халқи он солҳо мазлуми ҳинду алам мекашад. Рӯҳияи афкори шоирро салосату нафосат ва балоғати каломаш зинат бахшида, рангорангиҳои мулки муъҷизаосо бо хурдтарин ҷузъиёташ ба ҷилва меоянд:
Аз чӣ ҷавонон ҳама қоматхаманд?
Аз чӣ надоранд сари худ баланд?
Аз чӣ бувад шаҳр пур аз кӯру ланг?
Аз чӣ сари мардуми мискин гаранг?                                                               
 
Шоир аз тақдири халқи гирифтори азоб дар худ мепечад, ки чаро мағрибии дилсиёҳ сӯи Машриқ ҳарисона нигоҳ медӯзад? Агарчи хабиси гузаро ганҷу зарро зери нигини хеш дароварда, болои миллате ба дарозо дағдаға меорояд, вале ҳамоно дар ин хона, ба ин оила бегона мемонад. Бубинед ки тафаккури шоири хирадманд то куҷо доман мезанад? Миллати қадими ҳинду дусад сол зери ҳукмравоёни англис хориву залилӣ кашида бошад ҳам, пояи зулмро бебақо дониста, ба ояндаи осудаҳол умедвор мезист. 
Дар адабиёти ҷаҳон кам шоироне ёфт мешаванд, ки чун устод Турсунзода осорашон бо ин серпаҳлуи ҷанбаи башардӯстӣ касб карда  бошанд. Ашъори ӯ чашмасореро мемонад, ки ҷовидона ҷорист ва мухлисонаш ташнагӣ шикаста, аз дидори инсонҳои далеру мубориз дилу дидаҳошон об мехӯрад. 
Тақдири “ҳиндуи номуроди ҷаҳон” дар шеъри “Сайёҳи Ҳинд” ҷаззобу хотирмон тасвир шудааст. Назари шоир сӯи  афғонбачаест, ки дар хиёбони лаби баҳри нилфом бо қуттӣ мегардад. Муколамаи шоир бо сайёҳи хурди кобулӣ таърихи Ҳиндустони куҳанро пеши назар меорад. Нигоранда ба муроди саодати халқҳо пешорӯи хонанда ҷаҳони наверо боз менамояд. Ба содагиҳои кӯдаки аз одаму олам бехабар ғусса хӯрда, андеша мепарварад, ки бо орзуи забти ин кишвари афсонавӣ Сикандару Бобуру Темурҳо хоку туроб шуда, баҳрнавард Васка Да Гама рӯ-рӯи уқёнусҳо шино кардааст. Дили шоир ба писараки дар ҷустуҷӯи қути лоямут овора месӯзад. Навраси маҳрум аз оғӯши гарми модар, дар синне, ки мебояд пайи илму дониш ва фазлу камол биравад, ба оворагардӣ машғул аст. 
Шоир дар пасманзари қиёс аз ҷавонони саодатманди диёри хеш меболад. Ғояи мазкур дар шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон”, “Ман аз Шарқи озод”, достонҳои “Садои Осиё”, “Ҷони ширин” ва “Аз Ганг то Кремл” ба мушоҳида мерасад. 
Ба таъбири олимон ва пажӯҳандагон Мирзо Турсунзода намунаи олии азамати хирад ва фарҳанги волои халқи тоҷик ба шумор меравад. Ӯ  пайрави арзандаи устод Садриддин Айнӣ буд ва дар маърӯзаву суханрониҳои худ ҳамраъйӣ ва ҳамбастагии халқҳову адабиётҳоро нишон медод. Дар ин росто, пеш аз ҳама, ба адабиёти классикии форсу тоҷик арҷ мегузошт.
Осори пурмуҳтавои шоир ба равнақи адабиёти ҷаҳон бетаъсир набудааст. Мавзӯи сулҳ дар перояи эҷодиёти устод мисли риштаи сурх мегузарад. Ширкат дар конфронси мамолики Осиё дар Деҳлӣ (1947), дарки авзои халқиятҳои дунё, вазъи иқтисодиву сиёсӣ ва машварату боздидҳояш бо намояндагони заҳматкаш ба мазмуну мундариҷаи ғоявии таълифоташ рангу бӯи тоза бахшид.   
Силсилаи шеърҳои “Қиссаи Ҳиндустон” аз ду қисм иборат буда, дастоварди беназири адабӣ дар назми шӯравӣ маҳсуб меёфт. Шоир барои ин асар соли 1948 ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гардид. Ашъори инсонпарваронаи шоири оташинсухан ба мазаммати аҷнабиёни султонмаоби мамолики Ғарб ва ҳимояти ранҷбарони Шарқ, инчунин, даъвати мардуми озодихоҳ равона шудааст. Шоҳкорҳои халқи ҳиндуро табиӣ ва ҷаззоб сутуда, аз гунбазҳои мадрасаҳои қадиму шаъшааи обидаҳои азим, боғоти зебову рӯди пуршӯри Ганг ва дару дарвозаҳои нақшини он ба ваҷд меояд.  
Шоир ба муборизаи ҳақталошон бовар дошта, дар он солҳо фақириву ҳақирии оммаи Ҳиндустонро муваққатӣ шуморида, паёми ҳамраъйӣ мефиристад. Ин паёми одӣ набуда, балки даъвати умедворкунанда сӯи зиндагии фардосоз аст: ҳаёти инсонҳо мунтазам дар тағйирёбист ва рӯзе фаро мерасад, ки мардуми азияткашидаи ҳинду аз тангдастиву бенавоӣ ва асорати ғуломӣ раҳида, золимон хору забун хоҳанд шуд:
Ман аминам мерасад ҳар як садои мо ба ӯ, 
Ҳар як овози пур аз меҳру вафои мо ба ӯ.
Кӯҳсорон ҳеҷ натвонанд садди роҳ шаванд, 
Мебарад бӯи муаттарро ҳавои мо ба ӯ.
 
Ҷанбаи башардӯстонаи ашъори Турсунзода на ин ки мансуби мазлумони Осиёву Африқо, инчунин, ба ҳаёти халқҳои дигари Шарқи хориҷӣ низ пайванд мезанад. Доираи ҷаҳонбинии фарох, донистани таърих ва таҷрибаи вофири рӯзгор ба шоир даст додааст, ки нисбат ба сарнавишти қавму миллатҳои ҷаҳон бетафовут набошад. Саранҷом, дар замири одамон худогоҳиву ҳувияти миллӣ, талоши озодихоҳон алайҳи ситамгарон ва иттиҳоду ҳамраъйиро дар пойдории сулҳу ваҳдати ҷомеаи ҷаҳонӣ бедор кард. 
Оре, фарзанди барӯманди миллати тоҷик Мирзо Турсунзода шоири башарият маҳсуб меёбад. Ӯро ҷаҳониён шинохтаву эътироф кардаанд. Адабиётшиносон ба истеъдоди нодираш баҳои баланд додаанд. Чуноне адиби барҷастаи рус Константин Симонов изҳор дошта: “Мирзо Турсунзода асарҳое таълиф намудааст, ки таъсирашон дар тамоми назми муосири шӯравӣ эҳсос мешавад. Ин ҳама шуҳрати ҷаҳонии шоирро бамаротиб афзудааст”.
Осори омӯзандаи ин шахсияти адабиву фарҳангӣ барои ҳар як фарди соҳибдил мактаби ибрат аст. Сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳамрадифи фарзандони ҷоннисори Ватан ба Мирзо Турсунзода унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. 
 
Сипеҳр Абуабдуллоҳи ҲАСАНЗОД, адиб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2021    №: 116    Мутолиа карданд: 618
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед