logo

иҷтимоиёт

ЧӢ БОЯД КАРД? ТО ХУД ВА КӮДАКОНРО АЗ ҒАРҚШАВӢ ЭМИН ДОРЕМ!

Баробари фарорасии фасли гармо хурду бузург ҷиҳати болидарӯҳӣ ва фароғат майл ба соҳилҳои дарёву кӯлу ҳавзҳо мекунанд. Аслан, мавсими оббозӣ дар қаламрави кишвар аз моҳи июн то октябр идома меёбад. Албатта, об бадани инсонро такмил дода, ҳаловат мебахшад, ба гармии бадан таъсир расонда, таскинбахш мегардад. Бинобар ин, одамон дар ин фасли сол мекӯшанд ба миқдори муқарраршуда аз нури офтоб ва обҳои рӯду ҳавзу кӯлҳо баҳра баранд. Дар баробари ин, онҳоро мебояд, ки қоидаҳои бехатариро дуруст донанду риоя ҳам намоянд.
 
Мутаассифона, гоҳҳо аз беэътиноӣ дар чунин ҷойҳо ҳодисаҳои нохуш сар мезананд. Табиист, ки на ҳар кас шиновар аст ва қудрати ҳимояи худро ҳангоми ғарқ шудан дорад. Бештар вақт ба ин гуна ҳодисаҳо кӯдакону наврасон дучор мешаванд, ки сабаби асосиаш беназоратии волидон мебошад. Чунин ҳодисаҳои нохуш ҳамасола рух медиҳанд, вале аз чи бошад, ки барои падару модарон онҳо дарси ибрат намешаванд.        
- Тоҷикистон кишвари офтобрӯя аст. Бинобар ин, дар фасли тобистон эҳтиёҷоти аҳолӣ ба оббозӣ  зиёд мегардад.  Вале, бо таассуф гуфта мешавад, ки имсол нисбат ба соли гузашта ҳолатҳои ғарқшавии байни кӯдакону наврасон хеле барвақт оғоз шуд. Масалан,  соли гузашта дар обанбор ва дарёҳо 700 нафар ғарқ шуд, ки аз инҳо 104 нафараш ба коми об рафт. Давоми 5 моҳи соли ҷорӣ, ки мавсими оббозӣ ҳанӯз оғоз наёфтааст, аллакай, 34 нафар ғарқ гардид, ки аз инҳо 20 нафараш кӯдакони аз 4 то 16 - сола мебошанд. Масалан, моҳи апрел ҳангоми убур кардани обанборҳо ва ё дар ҷойҳое, ки шиноварӣ манъ аст 4   кӯдаки то синни 12 - сола ғарқ шуд, ки ин вазъ нигаронкунанда мебошад. Асосан, ин ҳолат дар вилоятҳои Суғду Хатлон зиёд рух медиҳад, зеро теъдоди зиёди обанборҳо дар ҳудуди ин ду вилоят ҷойгиранд. 
- Ҳамасола ҷиҳати пешгирии ин гуна ҳолатҳо аз ҷониби кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзеъҳое, ки он ҷо бештари шаҳрвандон ба оббозӣ машғул мешаванд, постгоҳҳо ташкил шудаанд, вале ин роҳи ҳалли масъала нест. Ман ҳамчун корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пешниҳод менамоям, ки назди биноҳои замонавӣ, ки майдончаҳои варзиш сохта мешаванд, хуб мешуд ҳавзҳои шиноварӣ ҷиҳати оббозии кӯдакон ба инобат гирифта шавад. Ба ин васила, бошандагони биноҳои баландошёна тарзи шиновариро ба кӯдакони худ меомӯзонанд, - гуфт Умеда Юсуф, сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.   
Дарвоқеъ, сабаби асосии ғарқшавиии кӯдакон беназоратӣ аз ҷониби волидон мебошад.  Ботаассуф зикр бояд намуд, ки дар ҷойҳои мамнӯъ оббозӣ кардани бачагон бештари вақт калонсолон айбдоранд,  зеро онҳо монеъ намешаванд ва, баръакс, аз худашон рафторҳои ношоямро нишон медиҳанд. Ҳатто, овезаҳоеро, ки аз ҷониби кумита баҳри бехатарии онҳо бо навиштаҷоти «Дар ин ҷо оббозӣ кардан манъ аст» канда мепартоянд. 
- Инак соли хониш дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба анҷом мерасад ва бояд волидон ба фарзандон диққати ҷиддӣ диҳанд. Сабаби асосии ҳолатҳои нохуш, аз қабили ғарқшавию зери мошин мондан ва барои як турӯшак рафтану аз кӯҳ сарозер шудани наврасон, албатта,  аз беэътиноии падару модарон сар мезанад. Гарчанде, бештар вақт ба корҳои ношоям даст задани наврасонро айби омӯзгорон медонанд, вале фаромӯш набояд кард, ки кӯдакон ҳамагӣ як чанд соат дар мактабанд. Бояд ҳар падару модар аз рафти хониши фарзандон огоҳ бошад. Онҳо бояд донанд, ки фарзандонашон соати чанд ба мактаб мераванду кай аз дарс озод мешаванд. Вале, мутаассифона, бархе аз волидон ба хотири халалдор накардани оромии хона кӯдаконро аз дар берун мекунанду оқибати корро андеша наменамоянд. Мо – омӯзгорон, дар соатҳои тарбиявӣ пайваста ба хонандагон боэҳтиёт буданро мефаҳмонем. Ҳамеша таъкид менамоем, ки ба назди обанборҳо бе падару модар нараванд. Дар ҷойҳое, ки оббозӣ манъ  аст, назик нашаванд. Вале, фаромӯш набояд кард, ки танҳо дар якҷоягӣ метавон амнияти кӯдакону наврасонро таъмин намуд, - иброз дошт Латофат Мирзоалиева, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 15, ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе.
Албатта, рух додани чунин ҳодисаҳо ҳузнангез аст. Вақте ба оби дарёҳо назар мекунем, маҷрои об хеле ором ба чашм мерасад, вале фаромӯш набояд кард, ки онҳо гирдоб доранду касро ба коми худ фурӯ мебаранд. Бахусус, дар дарёҳои Панҷу  Вахш, Кофарниҳону Сурхоб оббозӣ қатъиян манъ аст. Мувофиқи маълумот оби дарёҳо аз 17 дараҷа зиёд гарм намешавад. Худ қазоват кунед, ки бадани инсони солим 36 дараҷа ҳарорати гармӣ дорад. Дохили обе шудан, ки ду баробар дараҷааш паст аст, ба  рагкашии мушакҳо оварда мерасонад, ки он ҳам боиси ғарқшавӣ  мегардад.  Дар ҳама ҳолат худ ва кӯдаконро аз ғарқшавӣ ва ҳолатҳои нохуш эҳтиёт  намоед!
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2021    №: 116    Мутолиа карданд: 602
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед